44 гостей на сайте
Ислам СУРГУТ
Таълими китоби "Қоидаи Бағдодӣ"
Ҳадис, хабар, асар, марфуъ, мавқуф ва мақтуъ
Ҳадис - Мусталахи Хадис |
Боби аввал
Дар баёни: ҳадис, хабар, асар, марфуъ, мавқуф ва мақтуъ
Барои ворид шудан дар ин илм, лозим аст то ба мафҳуми баъзе аз истилоҳот ошно шавем.
- Аввал бояд бидонем, ки ҳадис чист?
- Ҳадис дар луғат ба маънои калом, сухан ва ҳар чизи ҷадид меояд.
- Дар истилоҳи муҳаддисин бошад: он чи, ки мансуб шавад ба Расулуллоҳ -саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам- аз қавл (гуфтор), феъл (рафтор), тақрир ва сифати Расулуллоҳ (с).
- Баъзе уламо мафҳуми ҳадисро
Таҷдиди охирон (27.03.11 15:39)
Дуоҳо
84 - ما يقال في المجلس 195 - عن ابن عمر قال : كان يعد لرسول الله صلى الله عليه و سلم في المجلس الواحد مائة مرة من قبل أن يقوم [ رب اغفرلي وتب علي إنك أنت التواب الغفور ]
Дар маҷлис (вақти нишаст) чӣ гуфта мешавад? Аз ибни Умар ривоят аст, ки гуфт: Барои Расулуллоҳ (с) дар як маҷлис, пеш аз ин ки аз ҷояш бархезад , сад маротиба шуморида мешуд: "Раббиғфир лӣ ва туб ъалайя иннака антат-тавваабул ғафур".
85 - كفارة المجلس 196 - [ سبحانك اللهم وبحمدك أشهد أن لا إله إلا أنت أستغفرك وأتوب إليك ]
Каффорати маҷлис. Таҷдиди охирон (19.03.11 07:07) Таълими Ислом
Таълими Ислом Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Алҳамду лиллоҳи раббил оламин. Вассалоту вассалому ъало Расулиллоҳ ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи ва ман табиъаҳуи бииҳсонин ило явмиддин. Аммо баъд… Дар ин бахш мо ба изни Худованд ва тавфиқи Ӯ таъоло шуруъ мекунем ба арзи таълими Ислом аз китоби "Таълими Ислом"-и форсӣ. Ин китоб ба тариқи суолу ҷавоб пешкаш карда мешавад ва дар шакли содда ва оддӣ шуруъ шуда маълумотҳоро барои фаҳмидани ин дини мубин тақдим медорад. Ин аслан барои кудакон истифода мешавад, вале метавон аз он касоне, ки то ин дам маълумоте аз дини Ислом надошта бошанд истифода баранд. Худованд дар фаҳмиши дини мубинаш ҳамаи мо ва шуморо муваффақ гардонад, омин. Ҳиссаи аввал: · Ту кистӣ? · Ман мусалмонам. · Номи мазҳаби (дину равиши) мусалмонҳо чист? · Ислом аст. · Ислом чӣ меомузад? · Ислом инро меомузад, ки Худо ягона аст (ҳеч шарике надорад) ва сазовори бандагӣ танҳо Ӯст, Муҳаммад -саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам- бандаи Худо ва фиристодаи Ӯст. Ва Қуръони маҷид китоби Худо аст. Ислом дини барҳақ ва рост аст. Ислом тамоми хубиҳои дин ва дунёро меомузад ва таълим медиҳад. Яъне касе мехоҳад, ки дар ин дунё дуруст ҳаёт ба сар барад ва дунёро дониста зиндагӣ намояд маълумотҳои дуруст ва комилро танҳо метавон аз ин дин пайдо намуд ва инсони неку комил танҳо аз ин тариқ шудан мумкин аст, ки ба худ ва ба дигарон манфиатат мерасад. · Калимаи Ислом кадом аст? · Ин аст: Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур-расулуллоҳ. (тарҷумааш) Ба ҷуз Аллоҳ сазовори ибодат касе нест, Муҳаммад -саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам- фиристодаи Ӯст. Ин калимаро калимаи тавҳид мегуянд. · Калимаи шаҳодат кадом аст? · Калимаи шаҳодат ин аст: Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ. (тарҷума) Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Аллоҳ лоиқи ибодат касе нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад -саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам- бандаи Аллоҳ ва расули вай аст. · Имони муҷмал (мухтасаран) кадом аст? · Имони муҷмал ин аст: Оманту биллоҳи камо ҳува биасмоиҳи ва сифотиҳӣ ва қабилту ҷамиъа аҳкомиҳ.(тарҷума) Имон овардам ба Аллоҳ чунонки мавсум ба номҳо ва мавсуф ба сифоти худ аст ва қабул кардам тамоми ҳукмҳои вайро. · Имони муфассал кадом аст? · Имони муфассал ин аст: Оманту биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи валявмил охири вал қадари хайриҳи ва шарриҳи миналлоҳи таъоло валбаъси баъдал мавт. (тарҷума) Имон овардам ба Аллоҳ ва малоикаҳои Ӯ ва китобҳои вай ва паёмбарони вай ва ба рузи қиёмат ва ба ин ки тақдири хубӣ ва бадӣ аз ҷониби Аллоҳ аст ва ба зинда гардонидани баъд аз миронидан. · Шуморо кӣ пайдо кардааст? · Моро ва падару модари моро ва замину осмону тамоми махлуқотро Худои таъоло пайдо кардааст. --------------------- · Худои таъоло дунёро аз чи чиз пайдо кардааст? · Ба қудрат ва ҳукми худ пайдо кардааст. · Касоне, ки Худовандро қабул надоранд онҳоро чӣ мегуянд? · Онҳоро кофир мегуянд. · Касоне, ки ба ҷуз Худо чизҳои дигарро мепарастанд, чунончи ҳиндуҳо, ки онҳо бутҳоро мепарастанд, онҳоро чӣ мегуянд? · Инчунин касонро кофир ва мушрик мегуянд. Яъне кофирон чанд қисм мебошанд, ки аз ҷумлаи онҳо мардумоне мебошанд ба Худои якто бовар доранд вале ба баъзе паёмбарон имон надоранд, инҳоро аҳли китоб мегуянд ва муносибати онҳо нисбат ба дигар кофирон фарқ мекунад. Аз ҷумла инсонҳое ҳастанд, ки ба Худованд дигареро шарик меоранд, ки онҳоро мушрик мегуяндю. Инчунин мардумоне ҳастанд, ки ба дин аслан бовар надоранд ва боварии онҳо танҳо ба табиат ва тасодуф аст, ки онҳо даҳрӣ мебошанд. · Касоне, ки ду се худоро қабул доранд, чунончи исоиҳо ва насоро, ки се худоро қабул доранд онҳоро чӣ мегуянд? · Онҳоро низ кофир ва мушрик мегуянд. · Мушрик бахшида мешавад ё не? · Мушриконро бахшида намешавад, онҳо ҳамеша дар таклиф ва азоб мебошанд. · Муҳаммад -саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам- кӣ буд? · Муҳаммад - саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам - бандаи Худо ва Расули вай буд. Моён аз уммати ваем. · Паёмбари мо Муҳаммад - саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам- дар куҷо пайдо шуда буд? · Дар Арабистон, Маккаи муъаззама шаҳре аст дар он пайдо шуда буд. · Падару модари Расулуллоҳ (с) чӣ ном доштанд? · Номи падараш Абдуллоҳ ва номи бобояш Абдулматталиб буд. · Паёмбари мо (с) дар рутба аз дигар паёмбарон баландтар аст ё не? · Паёмбари мо (с) дар рутба аз тамоми паёмбарон бартар ва аз тамоми махлуқот бузургтар аст. · Паёмбарамон Муҳаммад (с) тамоми умр дар куҷо буданд? · То панҷоҳу се солагӣ дар шаҳри Макка буданд, баъд аз он ба ҳукми Худовандӣ ба тарафи Мадинаи мунаввара рафтанд ва даҳ сол дар онҷо буданд ва ба умри шасту се солагӣ вафот ёфтанд. · Он кас, ки Расулуллоҳ Муҳаммад (с)-ро қабул надошта бошад чигуна аст? · Ҳар он кас, ки Расуллуоҳ (с)-ро Расули Худо надонад ва напазирад, он ҳам кофир аст. · Ғарази (мақсади) қабул доштани Расулуллоҳ (с) чист? · Ғарази таслим кардани он ин аст, ки яқин куни ки Расулуллоҳ (с) паёмбар ва фиристодани Худо аст ва ӯро баъд аз Худои таъоло бузург ва бартар аз тамоми махлуқот дони ва бо ӯ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам муҳаббат дори ва пайравӣ ва тобеият аз аҳкоми вай куни.
Таҷдиди охирон (19.07.11 03:09) Мусталаҳи ҳадис
Таҷдиди охирон (06.03.11 19:58) |
Сураи Иброҳим
Сураи Иброҳим 17/شوال/1431 01:58 م
Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин. Вассалоту вассалому ъало Расулиллоҳи ашрафил анбиёи вал мурсалин, ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин, аммо баъд... Худованди мутаъол дар Қуръони карим дар сураи Иброҳим барои мо бандагонаш чунин як маъонӣ ва мафҳумҳоеро арз доштааст, ки агар инсон ба ҳақиқати онҳо бирасад, матавонад аз авҳом ва хаёлот раҳоӣ ёбад ва дарк намояд, ки зиндагӣ аслан барои чист? Чигуна бояд ҳаёт ба сар бурд? Дар ҳаёт чи чиз муҳим аст? Таҷдиди охирон (11.07.16 09:52) Таърифи илми мусталаҳул ҳадис
Таҷдиди охирон (06.03.11 19:53) Ҳадиси 2 кисми 2 (Хутбаи чумъа) |