4 гостей на сайте
Ислам СУРГУТ
МАРГ ВА МАСОИЛЕ, КИ НАБОЯД АЗ ОН ҒОФИЛ МОНД
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
МАРГ ВА МАСОИЛЕ, КИ НАБОЯД АЗ ОН ҒОФИЛ МОНД
(тазаккур аз тарафи донишманде)
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Алҳамду лиллоҳ вассалоту вассалому ъало Расулиллоҳ ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи ва ман волоҳ. Аммо баъд:
Бародарони гиромӣ як масъалае, ки алоқаманд ба тақдири инсон аст, масъалаи ҳалкунанда, масъалаи биҳиштӣ ҷовидонӣ ё дӯзахи ҷовидонӣ аст.
Ин ҳаёти дунё чист? Чӣ қадар, ки он тӯл ҳам бикашад, инсон дар он чӣ қадар ба дараҷаҳои боло бирасад, чӣ қадар аз молу манол ҷамъоварӣ намояд, чӣ қадар дар мансабҳо боло ҳам равад, ва чӣ қадар нисбат ба дигарон дастболо ҳам шавад, ҳамаи инҳо ба миқдори як мижжа таҳ кардан аст. Яъне ин ҳама муддате, ки барои умури мазкур сарф шудааст, ба сифр баробар аст. Зеро агар дунё дар назди Аллоҳ таъоло ба андозаи як пари пашша арзиш медошт, ягон кофирро як ҷуръа об наменӯшонид.
Таҷдиди охирон (22.06.20 02:47)
ОЁ МЕДОНИ, КИ РИФҚ (НАРМӢ ВА НАРМРАФТОРӢ) ЧИСТ?
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин. Вассалоту вассалому ъалалмабъуси раҳматан лилъоламин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.
Аммо баъд...
Чанд сухане дар бораи рифқ (нармӣ)
Оё дар бораи рифқ дар миёни мардум чизе медонӣ?
Оё дар бораи рифқ медони, ки чист?
Оё дар бораи нармрафторӣ намудан ба ҳайвонот хабар дорӣ?
Таҷдиди охирон (28.06.20 14:11)
Ҳикмат беҳтарин сармояе аст, ки онро Худованд ба инсон медиҳад
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин. Вассалоту вассалому ъалалмабъуси раҳматан лилъоламин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин. Аммо баъд... Наздиктарин нафар ё наздиктарин инсон ба ту кист? Ин суоле аст, ки бо ин суҳбати худро шуруъ менамоем. Таҷдиди охирон (07.06.20 21:06) СУОЛ ВА НАЗАРИ ШУМО
СУОЛ ВА НАЗАРИ ШУМО Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Мо аз зиёрати шумо ба ин сомона сипосгузорем ва шукронаи Аллоҳ таъолоро ба ҷой меорем, агар як инсонро тавонистем ёрие расонида бошем. Инҷо барои шумо, ба адозаи тавон, кӯшиш мешавад мазуҳое пешниҳод шаванд, ки аз дин ва фарҳанги мо ва шумо мебошанд. Таҷдиди охирон (30.05.20 14:14) Қисса аз ҳадиси Расулуллоҳ (с)
Боби қиссаи соҳибони сегонаи ғор ва тавассул ҷустани онҳо ба амалҳои солеҳ Дар саҳеҳи имом Муслим (раҳ) омадааст, аз Абдуллоҳ ибни Умар (р), аз Расулуллоҳ (с), ки ӯ гуфт: Ҳангоме, ки се нефар роҳ мерафтанд, нохост бар сари онҳо борон борид, пас ба ғоре, ки дар кӯҳ буд, паноҳ бурданд. Бар даҳони ин ғор харсанге аз он кӯҳ афтод ва даҳони он ғорро бар рӯи онҳо баст. Яке аз онҳо бар дигарон гуфт: Нигоҳ кунед, амалҳоеатонро пайдо кунед, ки онҳоро холис барои Аллоҳ анҷом дода бошед, пас ба василаи онҳо Аллоҳ таъолоро дуо кунед, бошад, ки Аллоҳ пеши шуморо кушода бигардонад. Таҷдиди охирон (27.05.20 21:23) |