2 гостей на сайте
Барои падарон ва модарон - 5
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
52 ишорат дар тарбияи фарзандон.
Барои падарон ва модарон.
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим.
Ва-с-салоту ва-с-салому ъало хотами-л-анбиёи ва-л-мурсалин, набийино Муҳаммадин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.
Аммо баъд:
31. Сустӣ макун. Дар мавриди ҷазо додан сустӣ макун ва сустгиру осонгир мабош, балки хонадорӣ миёни сахтгирифтан ва мулоиматӣ аст. Яъне на ҳамеша сахт гирифтан ва на ҳамеша мулоимӣ намудан.
32. Басират дошта боши. Басирату бинише дар ихтиёр намудани ҷазои муносиб дошта боши. Ҷазо дар ин боб бо сарзаниши қавлӣ мешавад ва сухан нагуфтан бо хатокор мешавад ва аз масруфи рузонаи кудак (он пуле ки рузона барои сарфи кудакон дар вақти мактаб ва ғайри он дода мешавад) ё аз сайругашти ҳафтаина, маҳрумаш намудан. (Ин фарҳанге, ки хонаводаро ҳар ҳафта ё дар ду ҳафта як маротиба ба сайру гаште бурдан ва бо ҳам истироҳат намудан аст, гарчанде дар миёни мардуми тоҷик дида намешавад). Инчунин адаб додани бо зарб кардан низ мебошад. Лекин ҷазои муносиб кадом аст? Ҷазои муносиб ҳамон аст, ки такрор шудани хаторо бори дигар манъ мекунад ва фарзандатро ба роҳи рост сафарбар мекунад. Яъне на ин ки мешиканад ва ноумедаш месозад, балки ҷазое бошда, ки созанда бошад.
33. Эҳтиром намо. Ақлияти фарзандатро эҳтиром намо, синни ӯро, андеша ва афкорашро, чигуна масъалаҳоро таҳлил карданашро, гарчанде нисбат ба фаҳмиш ва донишу таҷрибаи ту хато ҳам бошад..
34. Тамрин деҳ. Фарзандатро барои касб намудани маҳоратҳои нав тамрину машқ деҳ, монанди истифодабарии компютер, интернет, омузиши забонҳои хориҷӣ.
35. Гуш фаро деҳ. Ба фарзандат гуш фаро деҳ ва каломи ӯро мабур. Ин кори ту ӯро ба хуб гуш кардани дигарон ва каломашонро набуридан одат мекунонад.
36. Нишон мадеҳ. Хаста ва нороҳат шуданатро аз фарзандат, вақте бо суолҳо туро печонида мегирад, ки ба синну соли ӯ муносиб аст, нишон мадеҳ ва изҳор манамо, бо ҷустуҷу намудани қавли ҳақ дар гуфтаҳояш, вагарна бар ту лозим аст, ки бо маҳорат аз суолҳои туро батанг оваранда қафонишинӣ намои ва худатро берун он доира куни, то даме аз мутахасси соҳаи суолҳояшро дидан ва чигуна ба онҳо ҷавоб гуфтанро машварат пурсидан.
37. Машқаш кунон. Фарзандатро ба хариду фуруш, додану гирифтан ва муносибатҳои молию ҳисобӣ машқаш деҳ. Барои анҷом корҳоят аз ӯ ёриманд барои худат кун, вале вақте кутоҳӣ кардан бар сари ӯ маломат карданро зиёд макун, ва агар ноком ҳам шуд аз ӯ ноумед машав.
38. Шарикаш гардон. Фарзандатро дар фаъолиятҳои ҷамоъӣ, дар мадраса (мактаб) ва масҷиду деҳа, шарикаш гардон, монанди ҷамъияти таҳфизи Қуръони карим, ҷамъити некӣ, (ҷамъиятихатти араб)ӣ ва марказҳои тобистона ва ғайра аз онҳо аз фаъолиятҳои манфиатнок.
39. Одаташ кунон. Фарзандатро пеш аз даромадан иҷозат гирифтанро одаташ кунон. Барои ҳар фарзандат вақти хоб кардан рахти хоби алоҳида фарш намо, беҳтар аст, ки агар барои писарбаччаҳо ғурфаи алоҳида бошад ва барои духтарон ғурфаи алоҳида.
40. Истифода намо. Услуби такрорро истифода намо, ва натиҷаҳоро оҳиста ва дер машумор, лекин бигузор вақт гузарад, вале аз ислоҳ шудани фарзанд дер ҳам шавад ноумед машав.
Идома дорад.
Таҷдиди охирон (19.09.11 12:10)