57 гостей на сайте
Ҳадиси чаҳорум
Ҳадис - Чилҳадис |
Ҳадиси чаҳорум
Аз Абу Абдурраҳмон Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят шуда, ки гуфт: Расулуллоҳ (с) ба мо гуфт, ҳол он ки ӯ содиқу масдуқ мебошад: "Ҳамоно яке аз шумо офиринишаш дар батни модараш чиҳил руз нутфа ҷамъ карда мешавад, сипас хуни баста мебошад мисли ин (яъне чиҳил рузи дигар), сипас гуштпора мебошад мисли ин (яъне чиҳил рузи дигар), сипас ба назди у фариштае фиристода мешавад, пас руҳро дар он медамад ва ба чаҳор калима амр карда мешавад: ба навиштани ризқаш, ва аҷалаш (муҳлаташ), ва амалаш, ва бадбахт аст ё хушбахт. Пас қасам ба Аллоҳе, ки илоҳе ҷуз Ӯ нест, ҳамоно яке аз шумо албатта амал мекунад ба амали аҳли ҷаннат, ҳатто ки миёни ӯ ва миёни он (ҷаннат) ҷуз як зироъе намемонад, пас бар ӯ китоб пеш мегузарад, пас ба амали аҳли дузах амал мекунад, пас ба он дохил мешавад. Ва ҳамоно яке аз шумо амал мекунад ба амали аҳли дузах, ҳатто ки миёни ӯ ва миёни он (дузах) ҷуз зироъе намемонад, пас бар ӯ китоб сабқат мекунад, пас амал мекунад ба амали аҳли ҷаннат, пас ба он дохил мешавад". Ровии ҳадис Бухорӣ (р) 3208, Муслим (р) 2643.
Фоидаи тарбиявӣ:
1. Мақом ва манзилати Паёмбар (с) дар дилҳои асҳобаш (р) дар ҷое, ки ба иборатҳои мадҳу саное, ки ба муҳаббат далолат мекунад Расулуллоҳ (с)-ро мадҳаш мекунанд. "Содиқи масдуқ" (Ростгӯи тасдқкардашуда).
2. Фиқҳи ибни Масъуд (р), зеро ӯ ҷумлаеро оварда, ки муносиби ҳадис мебошад, пас гуфта, ки "содиқу масдуқ". Аз он ҷиҳат, ки он мазмуни ҳадиси ғайбӣ аст, он дида намешавад ва дониста намешавад магар аз роҳи ваҳй. (Яъне вақте аз марҳилаҳои инкишофи ҷанин дар ин ҳадис меояд ин дар замоне аст, ки аз ин марҳилаҳо касе аз башар хабар надошт. Ва инҳо маълумотҳоро фақат дар асри ҳадис таҳқиқ ва тадқиқ намуданд. Ин аст, ки рост гуфта буд ва чун илми дақиқ ва текнулужии ҷадид ҳам ба ин натиҷаҳои илмӣ баъди зиёда аз ҳазор сол мерасад, ин тасдиқкунандаи ҳамон гуфтаи Расулуллоҳ мебошад, ба ин сурат ҳам содиқ буд, ки рост гуфта ва ҳам масдуқ, ки дигарон тасдиқаш карданд, ки рост гуфтааст.
Аз ҷониби дигар чигуна, ки қайд кардем ин фиқҳи имом Масъуд (р)-ро далолат мекунад, ки ба он хабари Расулуллоҳ (с) ин ибораро овард, ки барои онро дарк кардани умуми мардум ин қадар асрҳои ва вақтҳои тулонӣ лозим буд).
3. Бузургии Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ва қудрати Ӯ. Намоёнгари ин бузургӣ ва қудрат дар он аст, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло аз нутфа хуни баста меофарад ва аз он гуштпора меофаранд ва аз он башареро дурусту баробар мекунанд.
4. Раҳмати Ӯ субҳонаҳу ва таъоло ва ҳифзаш, ки он нутфаро ҳифозат мекунад, яъне нигоҳ медорад то ки лаъли бастае шивад, сипас онро нигоҳ медорад аз ҳар он ки онро вайрон мекунад то ки гуштпора шавад, сипас онро нигоҳ медорад ва зери риъояаш қарор медиҳад, то замоне ки халқ ва офариниши дигар шавад.
5. Ин ҳадис муолиҷа барои кибр аст. Инсоне, ки бар фармоишоти Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бузургманишӣ ва кибр мекунад, аввали он нутфа буд. Агар Худованд ӯро чунин намекард, хуни лаълбаста намешуд ва на гуштпорае ва на гуште. Пас баъди ин ҳама чи кибру бузургманиши меварзад?
6. Водор кардан ба ин ки банда Парвардигорашро, бар неъматҳое, ки ба шумор намераванд ва онҳоро ҳисоб карда намешавад, шукрона ба ҷо овардан. Касе дар ин неъматҳо андеша ва тааммул намояд, инҳо ба шукронаи маволояш далолат мекунанд.
7. Инсонро ба андеша кардани дар нафсаш дар бораи худаш тарбия мекунад. Аллоҳ таъоло фармуданд: "Ва фи анфусикум афало тубсирун" (Сураи Зориёт:21) Ва дар бораи нафсҳоятон, пас оё шумо намебинед?.
8. Ба амрҳои ғайбӣ таслим шудан, ки дар мавриди исботи онҳо нас (матн аз Қуръон ё ҳадис) омадааст. Пас мо ба ин имон меоварем, ки малоика дар руҳ медимад, ва он калимаҳоро менивасад.
9. Азмати илми Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло, ки малоикаро ба навиштани чаҳор калима фармоиш медиҳад, бо вуҷуди он ки ин махлуқ, яъне ҷанин, аз батни модораш набаромадааст. Пас пок аст, Зоте ки дононид ки кай хориҷ мешавад? Ва чӣ кор мекунад? Чӣ қадар зиндагӣ мекунад? Ба чӣ кор ба ӯ хатм карда мешавад (яъне кори охироне, ки анҷом медиҳад хайр аст ё шар, дар тоъати Аллоҳ таъоло аст ё дар маъсияти Ӯ)? Ва Худованд ба ҳама чиз доно аст.
10. Роҳат ва оромишро дар масъалаи ризқ ба бор меоварад, зеро ки он навишта шудааст ва онро тамом кардааст. Муъмин ба аз даст рафтани ризқ андуҳгин намешавад,зеро ки он ба сабаби он Худованд онро барояш нанавиштааст аз даст рафтааст.
11. Дар мусалмон шуҷоъатро тарбия менамояд. Зеро ки аҷал ва ваҷт маҳдуд аст, андозабандӣ шудааст, як соате пеш намегузарад ва як соате ҳам таъхиру дер намекунад, чуноне ки Алӣ (р) гуфтанд: аз кадомин ин ду рузам бигурезам? Рузе, ки тақдир нашудааст ё рузе, ки тақдир шудааст? Рузе ки тақдир нашудааст, ман аз он наметарсам ва аз он чизе ки тақдир шудааст, ҳазар кардан наҷот намебахшад.
12. Бар некӣ кардан ба падару модар водор мекунад, махсусан модар, зеро ҳама масъалаҳои ҳадиси ин боб аз вақти нутфа будан сипас хуни лаълбаста, сипас гуштпора, сипас фиристодани малоика ва навиштани он, ин ҳама дар батни модар сурат мегирад. "Юҷмаъу фи батни уммиҳи" (Дар шиками модараш ҷамъ карда мешавад).
13. Итоъат кардани малоика аз Парвардигорашон. "Фа юрсалу-л-малаку" (Пас малоика фиристода мешавад).
14. Ҳадис бар ин далолат карда ки ибрат ба амалҳои хотимавии инсон аст, пас ба зоҳири амалҳо мағрур нашавад, то ки назар кунад, ки ба кадом амал барои ӯ хотима наҳода мешавад. Аз ин ҷиҳат лозим аст, ки ҳамеша барои амалҳои анҷомдодааш мувозиб бошад, ва ҳамеша корҳои хубро анҷом диҳад, зеро намедонад, ки охирон амалаш кадом аст, шояд ки ҳар лаҳза фаро расад.
15. Имон ба қазо ва қадар.
16. Аз хотимаи бад тарсидан, яъне аз он амале, ки охирон анҷом мегирад аз он тарсидан, ки амали бад набошад. Ибни Раҷаб (р) мефармояд: Чизе чашмҳоро нагирёндааст он қадаре, ки китоби собиқ, яъне он китобе, ки пештар навишта шудааст ва натиҷаи кор дар он маълум аст, гирёндааст. Суфён (р) ба баъзе солеҳин гуфтааст: Оё туро ягон бор илми Аллоҳ (таъоло) дар мавриди ту ба гиря овардааст? Он мард гуфт: Маро чунон вогузошта, ки ҳаргиз шодмонӣ намекунам. Суфён (р)-ро нооромишаш сахт мешуд аз савобиқ ва хавотим, яъне аз амалҳои дар илми Худованд пеш аз ин гузашта ва амалҳои ниҳоӣ. Гиря мекарду мегуфт: Метарсам, ки Умму-л-китоб бадбахт бошам. Гиря мекарду мегуфт: Метарсам, ки дар вақти ҷон додан имон аз ман кашида гирифта шавад. Молик ибни Динор (р) гуфтанд: дар тули шаб барпо истода ришашро дошта истода мегуфт: Эй Парвардигори ман, ҳамоно ту сокинони ҷаннат ва сокинони дузахро донистаи, пас Молик дар кадомин аз ин ду дор мебошад?
17. Ин ҳадис дар нафси инсонӣ тарси аз нифоқи асғар ва нифоқи акбар ва аз куфрро тарбия мекунад.
18. Дар инсон муҳосиба кардан ва ба корҳои ботинии нафс аҳамияту диққат доданро мекорад, аз тарси он ки ба маъсияту нофармонии ниҳоне мубтало гардад, ки он ӯро ба хотимаи бад равона кунад. Ибни Раҷаб (р) гуфтанд: Омехтагиҳои бади ниҳонӣ муҷиби хотимаи бад мешаванд.
19. Бар он далолат карда, ки шахс ирода дорад, ва хоҳиш дорад ва ихтиёр дорад, зеро ки он амалро ба ӯ изофа намуд. Пас гуфт: "Инна аҳадакум лаяъмалу"(Ҳамоно яктои шумо амал мекунад). Ин хоҳиш ва ин ихтиёр аз машияту хоҳиши Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло берун намеравад, ки машиати Аллоҳ таъоло ҳамаро фаро гирифтааст.
20. Аз Худованди мутаъро саботу устувориро талаб кардан воҷиб аст. Ва ин ки қалбро аз роҳи рост ба каҷӣ набарад, ҳамчуноне ки ҳоли Расулуллоҳ (с) буд, дар дуъояш бисрё вақт мегуфт: "Аллоҳумма мусаррифал қулуби сарриф қулубано ъало тоъатик" (Эй бори илоҳо! Тасаррукунандаи дар қалбҳо, қалбҳои моро ба тоъати худат бигардон).
21. Бар анҷом додани амалҳои аҳли саъодат ҳарис будан ва бар устувор будани бар онҳо ва сабр намудан ва муҷоҳада ва кушиш намудан, то ки ба ин амалҳо вафот намояд. Зеро инсон барои он чизе ки офарида шуда бошад барои ӯ ҳамон роҳ ва ҳамон корҳо осон намудор мегардад.
22. Ҳукмҳои дунё ба амалҳои зоҳирӣ алоқамандӣ дорад, бе ин ки ба ниятҳо дохил шаванд. Касе, ки зоҳираш Ислом бошад, ба ӯ ба ҳамон Ислом ҳукм карда мешавад. Расулуллоҳ (с) фармудааст: "Фаинни аҳалакум лаяъмалу ба ъамали аҳли-л-ҷаннаҳ." (Ҳамоно яке аз шумо албатта ба амале аз амалҳои аҳли ҷаннат амал мекунад), "Ва ҳамоно яке аз шумо ба амалҳои аҳли дузах амал мекунад".
23. Ҳикмати Аллоҳ таъоло ва гузаштани фармоиши Ӯ субҳонаҳу ва таъоло, ба далели гуфтаи Расулуллоҳ (с) "Ҳатто мо якуну байнаҳу ва байнаҳо илло зироъун, фаясбиқу ъалайҳил китоб, фаядхулуҳо", пас китоб (он чи китоба шудааст дар Лавҳул маҳфуз)..
Таҷдиди охирон (30.09.11 00:38)