4 гостей на сайте
Рашк кардан аз комёбӣ
Мақолаҳо - Фиқҳӣ |
Рашк кардан аз комёбӣ
Рузе аз рузҳо дар маҳкама (Суд) нишаста ба қазияҳои (масъала ва проблемаҳои) байниоилавӣ назар мекардам. Яке нав оиладор шудааст ва он дигаре ҳамсарашро чанд руз пеш талоқ додааст. Ҳангоме ман ин варақҳоро сафҳа мезадам як ҷавоне, ки дар ибтидои ҳаёташ буд ба наздам даромад, ки дар чеҳрааш аломатҳои андуҳ ва ғам намудор буд. Ман ба ӯ гуфтам: марҳамат гузаред. Гуфт: ташаккур, сипас гуфт: омадам то ҳамсарамро талоқ бидиҳам.
Рашк кардан аз комёбӣ
Ман оромона ба ӯ гуфтам: сабаб чист?
Гуфт: намедонам. Лекин чунин эътиқод дорам, ки дигар миёни мо ҳаёт бурдан кори номумкин аст.
Гуфтам: оё ҳамсарат нисбат ба ту кутоҳие кардааст?
Аз гуфтораш, вақте ҳамсарашро таъриф мекард, пай бурдам ки ӯ нисбат ба ҳамсараш ҳасрат мехурад.
Ман ӯро пурсидам: оё ту ҳамсаратро дуст медорӣ? Андаке хомуш монд, сипас гуфт: оре, лекин дигар ман намехоҳам бо ӯ ҳаёт ба сар барам.
Ба ӯ гуфтам: оё ман метавонам бо ҳамсарат суҳбат кунам?
Гуфт: оре, метавонед .
Сипас рафт то ҳамсарашро ба маҳкама ҳозир кунад.
Ҳамсараш ба назди ман ворид шуд ва ман бо ӯ суҳбат кардам, аз ҷумла бо таърихи оиладории онҳо шинос шудам. Аз алоқаи ӯ бо шавҳараш пурсидам, гуфт: намедонам, чаро ҳамеша фикр мекунад, ки маро раҳо кунад, бо вуҷуди ин ки ман нисбат ба вай ва дар баробари ҳуқуқҳояш кутоҳие накардаам. Ӯ шуруъ кард сухан гуфтанро дар бораи хубиҳояш ва ин ки ӯ зани заковатманду фаъол аст ва тарбиятгари фарзандонаш мебошад , ба шавҳараш ҳам диққати хуб медиҳад. Фаъолияти хайриявӣ дорад, ки онро дар вақтҳои бегоҳӣ анҷом медиҳад. Ва ин ки ӯ дар ҳама проектҳое, ки дар пеш гирифтааст комёб мебошад.
Аз шавҳараш ва проектҳои тиҷоратии шавҳараш пурсидам.
Гуфт: дар се проекти тиҷоратӣ ворид шуд, валекин дар ҳамаи онҳо ноком шуд, натавонист корашро пеш барад.
Ман бештар аз алоқаҳояш бо шавҳараш пурсидам, махсусан аз мавқифгирии ӯ ҳангоме шавҳараш ноком мешавад? Ва ин ки мавқифаш, вақте худаш дар проектҳояш комёб мешавад, чигуна аст?
Аз посухҳояш донистам, ки ӯ ҳангоме шавҳараш дар корҳояш ноком мешавад мавқифи манфиро ишғол мекардааст. Вале вақте худаш комёб мешудааст аз комёбиҳои самарабахшаш ӯро ҳамеша бохабар менамудааст.
Ба ӯ гуфтам: оё ин рафтори ту дуруст аст?
Гуфт: мехоҳед чи кор кунам?
Гуфтам: бигузор ман андаке аз табиъати мардон ба ту бигуям.
Гуфт: бифармоед.
Гуфтам: мард худашро дар кору истеҳсолот пайдо мекунад. Овозаи мард дар ҷомеъааш бо фаъолият ва истеҳсолоташ бештар мегардад. Ҳар вақте мард бо кораш фарқкунанда бошад, корашро хубтар анҷом диҳад ва нишонаҳои комёбиро дар он бубинад, ба ҳамон андоза худашро ва ризомандии аз худашро эҳсос мекунад , ки дар натиҷа саодатмандӣ ва хушнудии ӯ бештар мегардад.
Гуфт: гуноҳи ман инҷо чист, ки агар ман дар корҳоям комёб бошам ва шавҳарам бошад шахси ноком дар корҳояш бошад?
Гуфтам: агар ту бар ободӣ, побарҷоӣ ва бардавомии муассисаи хонаводагиат ҳарис боши, бар ту зарур аст вақте, шавҳарат дар корҳояш ноком мешавад даври худ ва масъулиятатро дошта боши, зеро бештарин чизҳое, ки мардонро пора-пора мекунад ин ноком мондани онҳо дар корҳо ва проектҳои кашидаашон мебошад. Чуноне, ки ту агар дар тарбияи фарзандат ноком монди, дигар қароратро намеёби ва ҳамеша кушиш мекуни, ки аз ҳамон мушкили гурезон боши ва бар он рӯ ба рӯ нашави.
Сипас ба ӯ гуфтам: аз ин гуфторам бо ту маълум мешавад, ки ту зани қавӣ ва шавҳарат бошад марди отифӣ мебошад. Ту боши аз ӯ дида шахсиятат қавитар аст. Ва маълум мешавад, ки дар пеши ӯ дар мавриди комёбиҳоят фахр мекуни, бе ин ки ба нафсият ва ҳолати ӯ ягон эътиборе бидиҳи.
Гуфт: валлоҳ, (қасам ба номи Аллоҳ), ки ин гуфта дуруст аст, валекин намедонам, ки чи кор кунам? Эҳсос мекунам, ҳамсарам ҳаёташро аз он ҷиҳат бад дидааст, ки ӯ шахсияти худашро пайдо накардааст.
Гуфтам: оё аз ман се насиҳатро қабул менамои, ки ба воситаи онҳо ҳаёти боистиқрорро кафолатдор шави ва шавҳаратро аз нокомӣ наҷот бидиҳи?
Гуфт: оре. Ҳатто ман инро орзу мекунам.
Гуфтам:
Аввалан: бо шавҳарат ҳеч вақт бо калимаи "ман" суҳбат макун, балки бо калимаи "мо" гап зан. Ӯро дар гуфтугуҳоят ва проектҳоят шарик гардон. Ба ин сурат ба ӯ хитоб манамо, ки гуё ту аз ӯ дар андешаҳо, отифаҳо ва эсосотат ҷудо боши, балки дар ин ҳама бо ҳам бошед.
Дуввум: оё санҷидаи, ки аз ӯ дар корҳоят машварат бигири? Зеро мард дӯст медорад, ки аз ӯ машварат пурсанд. Ӯ, вақте ба раъйаш гирифта мешавад, эҳсоси мардонагияшро мекунад. Ӯ эҳсос мекунад, ки аз тарафи муқобил эҳтиром ва қадрдонӣ мешавад. Пеш аз ин ки ба кору проектат шуруъ намои, раъйи ӯро ҳам бигир ва бифаҳм, ки чи назар дорад, сипас баъди чанд рӯз хабараш бидеҳ, ки ту шукронаи Худовандро мекуни, ки шуморо ба ин қарор омаданатон муваффақ гардонидааст. Хабараш деҳ, ки раъю назари ӯ сабаби комёбии ин кор гаштааст.
Саввум: дар корҳояш бо ӯ бош ва ӯро маънавӣ дастгирӣ намо. Агар ноком монд ба ӯ бигу: "ибтидои ҳама комёбиҳо нокомист". Ба ӯ масалҳо бизан аз дигар мардоне, ки пеш аз ӯ буданд, чигуна ноком шуданд, сипас комёб гаштанд.
Гуфтам: ҳозир ҳамсарат дар куҷост?
Гуфт: дар берун.
Гуфтам: ӯро талаб намо, то дохил шавад ва ту дар берун каме истироҳат намо.
Шавҳар даромад ва ман шуруъ кардам бо ӯ суҳабат карданро аз баъзе ҳамсароне, ки нокомӣ онҳоро мерасад, магар ин ки умед ба Худованд бузург аст. Касе ба Худованд таваккул намояд Ӯ басандааш мебошад. Сипас ҳамсарашро мадҳу ситоиш намудам. Аз ӯ дархост намудам, ки ба ҳамсараш фурсати ахиронро диҳад. Ӯ ба ин талаби ман мувофиқат намуд. Сипас бо ҳарду ҳамсарон суҳбат намудам ва аз онҳо сабр кардан ва талаби ёрӣ аз Худован ҷустанро талаб намудам.
Баъди ду ҳафта аз ин қисса гузаштан, он шавҳар ба назди ман бори дигар даромад, дар ҳоле ки хурсанд ва дилкушод буд. Нишасту гуфт: вақте пеши ту омада будам нияти раҳо кардани ҳамсарам карда будам, валекин имруз пеши ту омадам, то ба ту бигуям, ки: "Ман ҳаргиз дар раҳо кардани ҳамсарам андеша намекунам".
Табассум намуда Худовандро ба ин гуна сурат гирифтани кор шукрона намудам.
Таҷдиди охирон (06.03.11 19:56)