5 гостей на сайте
ҒОЯ бузургтарин масъала дар ҳаёт
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
ҒОЯИ Мо бузургтарин масъала дар ҳаёти мост
Ғояи мусалмон дар ҳаёт, чист?
Барои ба ин суол посух пайдо намудан лозим меояд, ки аввалан ба маънои калимаи ғоя ошноӣ пайдо намоем. Оё маънои калимаи ғоя барои ҳамаи мо маълум аст? Лизо маъно ва мақсади ғояро бояд бо ҳам бикушоем ва ба он ошноии комил дошта бошем.
Ғоя аз калимаи арабӣ гирифта шудааст ва он дар луғат ба маънои: ниҳояти чизеро ифода мекунад. Он ниҳоят ва охир аст. Ба ғояаш расид, яъне ба мақсаду ҳадафи ниҳоӣ ва охираш расид. Пас вақте мо аз ғояи инсон пурсон мешавем, кадом инсоне набошад, мақсуди мо ин аст, ки мунтаҳои аҳдофаш дар ҳаёт чист? Бузургтарин ҳадафаш, ки барои амалӣ намудани он саъю талош дорад кадом аст? Оне, ки дар баробараш ҳама дигар ҳадафҳо хурд ва ҳама орзӯ ва умедҳо кучаку ночиз намудор мегарданд.
Пас бузургтарин масъала дар ҳаёти инсон кадом аст?
Бузургтарин чизе, ки фикру андеша ва виҷдону шуъурашро бадаст гирифтааст ва бар эҳсосоташ иҳота намудааст, кадом мебошад?
Ин ҳамон чизе аст, ки муроду мақсуди мо инҷо аз баён намудани мафҳуми ғоя мебошад.
Акнун, ки мавриди назари мо дар мадди аввал инсони мусалмон мебошад, аз ин ҷиҳат барои мо донистани ғояи на ҳама инсонҳо, балки инсони мусалмон зарур аст (гарчанде, ки дар асл ғояи ҳама инсонҳо яке аст, вале мардум ба сабаби гаравидан ба ақоиди мухталиф ба ҷуз ақидаи ҳақ, ғояҳои дигареро дар пеш доранд). Пас мавриди назар ва баррасии мо донистани ғояи инсони мусалмон қарор гирифтааст.
ҒОЯИ ИНСОНИ МУСАЛМОН
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки инсони мусалмони ҳақиқӣ аз дигар мардум дар назару имонаш ба ғайб, тасаввуроташ дар мавриди ҳаёти дунё ва ҳақиқати он ва аслу ҳадафи офариниши инсон фарқ мекунад. Мусалмони ҳақиқӣ чунин яқин дорад, ки масиру ниҳоят ва ҳаёташ ба интиҳо ёфтани ҳаёти дунявӣ интиҳо намеёбад, чуноне ки моддиҳои сатҳӣ чунин андеша доранд. Балки яқин дорад, ки ҳаёти ҳақиқӣ, ҳаёти ҳамешагӣ ба интиҳо ёфтани ин дунё ва заволу азбайн рафтани он, шуруъ мешавад. “Ҳамоно дори охират ин аст ҳаёт (-и ҳақиқӣ ва доимӣ), агар медонистанд”. Сураи ал-Ъанкабут: 64. Инсон дар ин дунё ҳаётеро ба сар мебарад, ки он дар асоси имконот ва қудрату тавонмандии инсон аст, яъне агар тавонист сарватманд шавад ва ҳаёти хуберо бо доштани талаботҳои зиндагӣ фароҳам оварад ин вобаста ба ҳамон қудрату тавонмандие аст, ки худи инсон кушидааст ва инсони дигаре аст, ки ин қудрату тавонмандӣ дар сатҳи поин қарор дорад. Дар умум вақте чун қудрату тавонмандии инсон тағйирёбанда аст ҳаёте, ки дорад вобаста ба он тағйир мепазирад. Аммо ҳаёте, ки дар охират аст он ҳаёте аст, ки дар асоси қудратҳо ва тавонмандиҳои холиқ ва розиқи он дунё аст, ки он Аллоҳ аст. Пас чун мо ба тавонмандии ночизу интиҳопазири инсон ва тавонмандиву қудрати комилу азалӣ ва абадии илоҳӣ имон дорем, аз ин ҷиҳат барои мо равшан мегардад, ки ин ду дунё ва ду ҳаёт аз ҳам чӣ фарқе доранд. Ҳаёти дунё, ки дар асоси тавонмандиҳои инсон қарор доштааст ва ҳаёти охират, ки дар асоси тавонмандиҳои Худованд барпо мебошад. Яке ҳаёти дунёи гузаро ва ноқис мисли инсон ва дигаре ҳаёти дунёи ҷовидонаву комил ба ҷовидонагӣ ва камоли илоҳӣ.
Ҳақиқатан ҳам дар пеши мардум ду ниҳояти ҳатмӣ барои ин ҳаёт пешкаш мегардад. Ду масире, ки дигар саввум надоранд. Вале барои инсон лозим меояд, ки яке аз онҳоро интихоб ва ихтиёр намояд. Ин масъаларо Расулуллоҳ (с) бо ин ҳадисаш муқаррар намудааст, ки: “... Аммо инчунин аст, ки на баъди марг хушнудихоҳие аст ва на баъди дори дунё доре, ҷуз ҷаннат ва дузах”.
Аз ин ҷиҳат муҳимтарин чизе, ки бояд ва лозим аст, ки фикри ӯро ва виҷдонашро фаро бигирад, масиру бозгашти ӯ баъди ин ҳаёти дунё аст. Ва ин ки кори ӯ дар ин дунё ба чӣ меанҷомад?
Бузургтарин ғояи мусалмон ва бузурагтарин масъалаи муҳим барои он ин аст, ки дар ҳаёти ухравияш комёб шавад ва аз хасорат дидан дар он наҷот ёбад ва чигуна не... дар ҳоле ки донистааст, ки он ҳаёти абадӣ ва ҳамешагие аст, ки на фано меёбад ва на интиҳо дорад. Ва чигуна не, дар ҳоле ки яқин карда, ки комёб шудан дар охират ин комёбии бузург аст. Ва хусрону зиён дар он хасорате аст, ки ҷои ниҳонаш нест. Комёбӣ дар охират комёбӣ дар дори абадият ва неъмат аст. Ҷаннатҳое аст, ки Худованд онҳоро барои он бандагонаш, ки аз онҳо розӣ шудааст омода сохтааст. Ризогии Худовандро ба даст овардан ва ба ҷаннат комёб гаштан басанда аст, ки пирӯзу комёб дониста шавад.
Хасорату зиён дар охират дидан, ин абадият дар дори хорию пастӣ мондан аст. Оташе, ки Худованд барои бандагонеаш, ки бар онҳо ғазаб фармудааст ваъда додааст ва ба ғазаби Худованд гирифтор шудан ва сазовори азобаш гаштан аз рӯи зиёну хасорати ошкоро дидан басанда аст.
Дар тасвири ин амри бузург Расули карим (с) фармудаанд: “Шахси бонеъматтарини аҳли дунёро аз аҳли дузахро оварда мешавад, пас дар оташи дузах як бор ғутта зада мешавад. Сипас ба ӯ гуфта мешавад, Эй фарзанди Одам: Оё ягон хайре ҳаргиз дидаӣ? Оё бар ту ягон неъмате гузаштааст? Мегуяд: Не, қасам ба Худо, эй Парвардигорам... Мусибатзадатарин инсони дунёро оварда мешавад, ки аз аҳли ҷаннат аст, пас боре дар ҷаннат ғутта занонда мешавад, ба ӯ гуфта мешавад, Эй фарзанди Одам: Оё ҳаргиз мусибату сахтие дидаӣ? Оё бар ту сахтие гузаштааст? Мегуяд: Не, қасам ба Худо бар ман ягон мусибате ва ягон сахтие нагузаштааст.”
Пас ин чӣ комёбие аст барои касе, ки дар дунё аз ҳама анвоъи неъмат баҳрабардорӣ кардааст, сипас ниҳоят ва охири кори ӯ оташи дузах шуда бошад. Чӣ зиёне аст барои касе, ки неъматҳои дунё ва лаззатҳои онро аз даст додааст ва сахтию тангии онро кашидааст. Сипас ин ҳамаро ба як ғутта занондан дар ҷаннатҳо фаромуш намудааст. Ин он чизе аст, ки Қуръони карим онро муқаррар намудааст дар ҷое, ки Худованди мутаъол мефармояд:
“Худованд муъминони мард ва муъминони занро ҷаннатҳое ваъда дода, ки аз зери онҳо наҳрҳо ҷорӣ мебошанд, ҳамеша дар он ва масканҳои пок дар ҷаннатҳои ҷовидона ва ризвони Худованд аз ин дида бузургтар аст. Ин аст комёбии бузург”. Сураи ат-Тавба:72.
“Асҳоби дузах ва асҳоби ҷаннат боҳам баробар нестанд. Асҳоби ҷаннат онҳо комёбшудагонанд”. Сураи ал-Ҳашр: 20.
“...Пас касе аз оташи дузах барканор карда шуд ва ба биҳишт дохил карда шуд, ҳамоно комёб шудааст...”. Сураи Оли Имрон: 185.
“Ҳамоно касоне, ки имон оварданд ва амали шоиста анҷом доданд, он ҷамоа беҳратин мардуманд. Подоши онҳо дар назди Парвардигорашон аст, ҷаннатҳои ҷовидона, ки аз зери онҳо наҳрҳо ҷорӣ мебошад, ҳамеша дар он ҷовидона аст, Худованд аз онҳо розӣ буда ва онҳо аз Худованд розӣ гардидаанд”. Сураи ал-Байина: 7-8.
“Ва касе, ки мизони онҳо сабук гашта бошад, пас он ҷамоа касонеанд, ки нафсҳояшонро зиён диданд... ” Сураи Аъроф: 9.
Расулуллоҳ (с) ин дуъоро зиёд мехонд:
“Эй бори Худоё! Ман аз ту ризоият ва ҷаннатро талаб дорам ва ба ту аз хашмат ва дузах паноҳ мебарам”.
Асҳоби киромашро васият карда мегуфт: “Ду чизи бузургро фаромуш накунед; ҷаннат ва дузах”.
Пас оё пайдо мешавад касе, ки дасту остин барзанад барои ҷаннат? Имон дошта бошед, ки ҷаннат хатар надорад. Он қасам ба Рабби Каъба нуре аст, ки медурахшад. Райҳонае аст, ки ҷавлон мезанад ва қасри сохташуда аст ва наҳри ҷорӣ ва меваҳои зиёди пухта расида ва ҳамсари зебои хушандом. Инҳо неъмат ҳастанд. Инҳо ҳамеша барпо ва тару тозаанд. Ин аст дори олӣмақому зебо ва дунёи солим.
Инчунин Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Қасам ба Зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, агар шумо он чизеро ман дида медидед, албатта кам механдидед ва бештар гиря мекардед. Гуфтанд: Эй Расули Худо чӣ дидӣ? Гуфт: Ҷаннат ва дузахро дидам”.
Аз ин оятҳо ва аҳодис, ки ҳамчун намуна инҷо зикр гардиданд ғояи мусалмон равшан мешавад: Он комёбӣ ба ризоии Худованд ва ҷаннаташ мебошад ва наҷот ёфтан аз ғазаби Худованд ва аз оташи дузах. Ин ғоя аст. Ин аст сармасъалаи масъалаҳо ва ниҳояти ҳадафҳо... ва бузургтарин орзӯҳо ва чашмдиёриҳо. Дигар чизе ба инҳо наздик шуда наметавонад. Ё ба ҳолату манзилати онҳо қариб ҳам намешавад.
Таҳияи О. Сафар
Таҷдиди охирон (30.06.13 13:15)