1 гость на сайте
Китоби Таҳорат - Аҳкоми оби пасхӯрда
Фиқҳ - Фиқҳи муяссар |
Аҳкоми оби пасхӯрда
Оби пархӯрда: Обе аст, ки дар зарф боқӣ мондааст, баъд аз он ки инсон ё ҳайвоне аз он ошимидааст.
Ва барои оби пасхӯрда аҳкоме аст, ки бо ихтилофи ҳайвоне, ки аз он ошомидааст мухталиф мешавад, яъне:
1. Оби пасхӯрдаи одамӣ пок аст ва таҳорат (кардан) ба он ҳосил мешавад. Ба шарти инки дар даҳони он асари наҷосат набуда бошад. Чи ин одамӣ мусалмон бошад ё кофир ва чи пок бошад ё ҷунуб.
Ҳамчунин пасхӯрдаи асб пок аст ва таҳорат ба он ҳосил мешавад, бидуни кароҳат.
Ба ҳамин гуна пасхӯрдаи ҳайвоне, ки гушти он хурда мешавад пок аст ва таҳорат ба он ҳосил мешавад, бидуни кароҳат, монанди пасхӯрдаи шутур ва гов ва гусфанд.
2. Пасхӯрдаи гурба пок аст, валекин вузӯ гирифтан ба он танзиҳан макруҳ мебошад. Агар чунончи оби мутлақ мавҷуд бувад ва пок будани об низ машрут ба он аст, ки дар даҳони гурба асари наҷосат набуда бошад.
Ҳамчунин пасхӯрдаи паррандагони ваҳшӣ, монанди лошахӯр ва заған[1] пок аст, валекин вузӯ гирифтан ба он макруҳ мебошад.
Ба ҳамин гуна пасхӯрдаи ҳайвоне, ки дар хонаҳо сокин мешавад, ҳамчун муш, пок аст, валекин вузӯ гирифтан ба он макруҳ мебошад.
3. Пасхӯрдаи қотир ва улоғ пок аст, бидуни шак, валекин оё вузӯ гирифтан ба он саҳеҳ мешавад ё хайр (не)? Дар ин масъала шак воқеъ шудааст. пас агар чунончи вузӯгиранда обе ғайр аз он наёфт ба он вузӯ гирад ва баъд аз вузӯ гирифтан таяммум ҳам бинамояд, сипас намоз бигузорад.
4. Пасхӯрдаи хук наҷис аст ва таҳорат ба он ҳосил намешавад.
Ҳамчунин пасхӯрдаи саг наҷис аст ва таҳорат ба он ҳосил намешавад. Ҳайвоне, ки пасхӯрдаи он пок аст, арақи он низ пок аст. Ва ҳайвоне, ки пасхӯрдаи он наҷис аст, арақи он низ наҷис аст.
[1] Ин дар сурате аст, ки дар даҳони он наҷосат набуда бошад, аммо агар чунончи дар даҳони он асари наҷосат бувад, пас он об наҷис мешавад.
Таҷдиди охирон (23.10.18 16:04)
Қуръон
Prev
Next
Сураи ан-НасрБисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим Тафсири Қуръони карим Сураи: ан-Наср мр-3 Administrator 06 Апр. 2018 Hits:1935 Тафсир Read moreСураи ал-КаафирунБисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим Тафсири Қуръони карим Сураи: ал-Каафирун мр-3 Administrator 05 Апр. 2018 Hits:1330 Тафсир Read moreСураи ал-КавсарБисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим Тафсири Қуръони карим Сураи: ал-Кавсар мр-3 Administrator 05 Апр. 2018 Hits:1489 Тафсир Read more
Prev
Next
Назарсанҷӣ
ПЕШНИҲОДҲО
|
Фиқҳ
Prev
Next
Силсилаи амалҳои қалб: "ТАҚВО" (ҚАСМАТИ…Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим Алҳамду лиллоҳи раббил оламин. Вассалоту вассалому ало Расулиллоҳ Муҳаммад ва ало олиҳи ва саҳбиҳӣ аҷмаъин. Аммо баъд... АМАЛҲОИ ҚАЛБӢ "ТАҚВО" (ҚАСМАТИ АВВАЛ) Administrator 05 Окт. 2023 Hits:247 АМАЛҲОИ ҚАЛБӢ Read moreСилсилаи амалҳои қалб: ИхлосБисмиллоҳир раҳмонир раҳим Алҳамду лиллоҳи раббил оламин. Вассалоту вассалому ало Расулиллоҳ Муҳаммад ва ало олиҳи ва саҳбиҳӣ аҷмаъин. Аммо баъд... АМАЛҲОИ ҚАЛБӢ "ИХЛОС" Мавзуе, ки ба изни Аллоҳ таъоло баррасӣ хоҳал гашт, ин амалҳои қалб аст.... Administrator 04 Окт. 2023 Hits:243 Таълими Ислом Read moreМУҲАББАТИ АЛЛОҲ ТАЪОЛОРО ЧИГУНА ҲОСИЛ Н…МУҲАББАТИ АЛЛОҲ ТАЪОЛОРО ЧИГУНА ҲОСИЛ НАМОЕМ? 1.Сӯҳбати якум: 2.Сӯҳбати дуюм: 3.Сӯҳбати сеюм: ... Administrator 02 Окт. 2023 Hits:310 Имониёт Read more
Prev
Next
|
Мақолаҳо
Prev
Next
Баъзе масоили рамазонӣБисмиллоҳир раҳмонир раҳим Оё Қуръони каримро дар як шаб хатм кардан дуруст аст? Закоти моли тиҷоратӣ чигуна дода мешавад? Administrator 17 Апр. 2023 Hits:322 Фиқҳӣ Read moreДАСТАРХОНИ РАҲМОНИИ РАМАЗОНИ 1444-2023ДАСТАРХОНИ РАҲМОНИИ РАМАЗОНИ 1444-2023 10 - РАМАЗОН Фазилати рӯза доштан ва фазилати моҳи рамазон Administrator 01 Апр. 2023 Hits:263 Тазкияи нафс Read moreАГАР ИБТИДО ВА ТАҲКУРСӢ ДУРУСТ БОШАД....АГАР ИБТИДО ВА ТАҲКУРСӢ ДУРУСТ БОШАД.... Касе ибтидояш дуруст ва рост шуруъ шуда бошад, ниҳоят ва оқибаташ дуруст ва рост хоҳад шуд. 1. Ҳар алоқаеро, ки дар дунё шуруъ намудаи, агар ба... Administrator 28 Март 2023 Hits:190 Тазкияи нафс Read more
Prev
Next
Зоирони сомона
1730416
|
Copyright © 2010 www.islamsrgt.net
All Rights Reserved.