7 гостей на сайте
Бирри волидайн - Бирри волидайн (некӣ кардан ба волидайн)
Қадам ба қадам - Бирри волидайн |
Бирри волидайн (некӣ кардан ба волидайн) аз муҳимтарин муҳиммот, бузургтарин қурубот (амалҳои ба Худованд наздиккунанда), олитарин тоатҳо ва воҷибтарини воҷибот ба шумор меравад. Уқуқи онҳо бошад аз бузургтарин кабоир, зишттарин ҷиноятҳо ва бадтарин ҳалокаткунандаҳо мебошад. Ба далели ояҳои Қуръон, Суннатҳои саҳеҳ ва ошкор, ки бар сурати зайл оварда мешаванд:
1- Худованд ҳақи волидайн ва ба онҳо эҳсон намуданро бо ибодати худ наздик боҳам зикр кардааст, ҳамчуноне ки шукрона кардан ба волидайнро ба шукри худаш қарин намудааст. Аз он ҷиҳат, ки Аллоҳ таъоло холиқи (офаринандаи) яктост, ки инсонро офаридааст. Аммо волидайн бошанд, сабаби зоҳирӣ бавуҷуд омадани фарзанд дар ин дунё мебошанд. Ин аст сабаби таъкиди сахт барои адои ҳақи онҳо ва ба онҳо эҳсон намудан, чи қавлӣ бошад ё феълӣ. Чун онҳо нисбат ба фарзанд, дар ҳолати хурдӣ ва заъифу нотавон буданаш ва дар ҳама ҳолат, ки фарзанд ба онҳо эҳтиёҷ дошт ва онҳо қодир буданд муҳаббат ва эҳсону некии худро дареғ намедоштанд. Ин амр аз фарзанд тақозо умури зеринро мекунад, ки:
- 1.Ҳақи волидайнро адо намудан,
- 2.Воҷиб будани некӣ ва эҳсон ба онҳо,
- 3.Ҳаром будани ҳама намуди азият ба волидайн;
- a.чӣ дилтанг кардани онҳо бошад
- b.ё ба онҳо уф гуфтан дар адои хидмат...
- c.Сарзаниш кардани онҳо бо сухани баланд,
- d.Бар онҳо даст афшондан.
Ҳақи волидайн дар бисёр оятҳо ба ибодати Аллоҳ азза ва ҷалла қарину наздик зикр шудааст[10]. Аз ин ҷумла аст гуфтаи Худованди мутаъол: "Ва Худовандро ибодат кунед ва ба Ӯ чизеро шарик маёваред ва ба волидайн эҳсон (некӣ, хубӣ) намоед"[11]. Баъди зикри амр ба ибодат ва ба ӯ шарик наёвардан, эҳсон намудан ба волидайнро зикр кард. Ин далолат бар аҳамияти баланд дошани некии падару модар дар назди Худованд мебошад.
Ва Ӯ таъоло низ фармудааст: "Бигу: Биёед ман он чизеро Парвардигоратон бар шумо ҳаром гардонида тиловат менамоям, ки ба Ӯ чизеро шарик қарор мадиҳед ва ба волидайн эҳсон намоед"[12]. Дар ин ояти низ дар баробари масъалаи муҳими ҳаёти инсон, ки Худовандро ба ягонагӣ шинохтан ва аз ҳама намуд ширки ба Худованд дурӣ гирифтан аст, масъалаи падару модар баъд аз он мустақиман зикр мешавад.
Ва низ фармудааст: "Ва Парвардигори ту муқаррар намудааст, ки ҷуз Ӯ касеро ибодат нанамоед ва ба падару модар некӣ кунед"[13]. Ва дар ҷои дигар омадааст: "Ин ки ба ман шукр бигузор ва барои волидайнат, ба сӯи ман аст бозгашт"[14]. Дар ин оятҳо ҳам баъди фармоиш ба ибодаташ ва фармоиш ба шукри ӯро ба ҷой овардан, ба волидайн некӣ намудан ва шукронаи онҳоро анҷом доданро, зикр намудааст. Вақте Худованд некӣ ба волидайнро дар ин мақом мегузорад ва онро дар чандин оятҳо зикр менамояд, пас барои инсони боақлу хирад лозим аст сари ин масъала ба хубӣ андеша намояд. Зеро бештар вақт мешавад, ки инсон гумон мекунад, тақсир дар ин масъла он қадар айбу гуноҳи бузург надорад ва шояд бо анҷом додани дигар ибодат ва амалҳо ин камбудӣ ва нуқсон рӯйпуш гардад.
Таҷдиди охирон (05.12.14 18:32)