4 гостей на сайте
Баъзе масоили садақаи фитр
Мақолаҳо - Фиқҳӣ |
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Суол: Оё касе рӯза қасдан надошта бошад, бар вай садақаи фитр воҷиб мегардад?
Посух: Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин вассалоту вассалому ъало расулилоҳ ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин. Аммо дар мавриди рӯзаро амдан хурдан ин аз кадоир аст, ки баъзе донишмандон гуноҳашро аз зино сахттар гуфтаанд.
Аммо дар мавриди садақаи фитрро додан, шарти вуҷубияти садақаи фитр раъс аст, яъне вуҷуди инсон аст, на рӯзадории ӯ. “Вуҷуд доштани рӯзадорӣ дар моҳи рамазон шарти воҷибияти садақаи фитр додан нест.
Ҳатто касе аз ҷиҳати калонсолӣ ё беморӣ ё сафар ифтор карда бошад, садақаи фитрро додан бар гарданаш лозим мебошад. Чунки амре, ки дар мавриди садақаи фитрро адо кардан омадааст, мутлақ омадааст аз ин шарт. Ва аз он ҷиҳат, ки бар касе, ки бар гардани вай рӯза доштан воҷиб ҳам нест, мисли кудак, садақаи фитр воҷиб мебошад. Бадоеъ саноеъ... 2/205. Ҳошияи Раддул муҳтор 2/396.
Ҳукми закоти фитр:
Ҷумҳури уламо бар ин назар мебошанд, ки закоти фитр бар ҳар мусалмоне воҷиб аст. Ба далели ҳадисе, ки ибни Умар (р) ривоят кардааст, ки: Расулуллоҳ (с) закоти фитрро аз рамазон бар мардум фарз гардонид, як соъе аз хурмо ё як соъе аз ҷав, бар ҳар фарди озод ё ғулом, мард ё зани аз мусалмонҳо. Ва ба далели гуфтаи Расулуллоҳ (с): Адо намоед аз ҳарр фарди озод, ва ғулом, кучак ё бузург, нисфи соъ аз гандум ё як соъ аз хурмо ё ҷав. Дар ин аҳодис ба шакли амр ва фаромоиш омадааст, ки ин тақозои вуҷубиятро мекунад. Ибни Обидин 2/110, Фатҳулқадир 2/30.
Бар кӣ воҷиб мегардад. Ҷумҳури уламо шарти садақаи фитрро доданро ба доштани мол ба андозаи нисоб шарт нагузоштаанд. Вале дар мазҳаби мо Ҳанафиҳо ин шарти молики нисобе будан, ки ба он закот воҷиб мегардад, вуҷуд дорад, ки инсон аз кадом нафъи моле набошад, қудрат дошта бошад, баробар аст, ки аз тилло аст ё нуқра ё ҳайвонҳои дар чарогоҳ аз уштур ва гов ва рамма ё моли тиҷоратӣ. Ва нисобе, ки ба он закот аз нуқра воҷиб мегардад, дусад дирҳам аст. Касе ба ин адоза мол дошта бошад, зиёдатӣ аз ҳоҷатҳои аслияш, аз хурока ва сару либос ва хона ва савора.. бар ӯ закоти фитр воҷиб мегарад. Дар як ваҷҳи дигар дар мазҳаб омадааст, ки агар дорои нисоб ҳам набошад, бар вай садақа додан раво аст.
Садақаи фитрро аз кӣ адо мекунад?
Бар касе, ки молики нисоб аст воҷиб аст аз худаш адо намояд ва аз ҳар касе, ки нафақаи онҳо бар гарданаш мебошад ва валии онҳост, мисли пасари хурдсолаш ва духтарчаи хурдсолаш ва писари калонеаш, ки девона бошад.
Сабаби воҷиб шудани закот бошад, дамидани бомдоди рӯзи ид мебошад. Ба далели ҳадисе, ки Нофеъ аз ибни Умар (р) ривоят кардааст, ки Расулуллоҳ (с): Ба додани закоти фитр, пеш аз баромадани мардум ба намозгоҳ, амр намуд.
Вақти воҷиб шудани закот бошад, ҷумҳури улами мазҳаби ҳанафӣ бар ин назаранд, ки вақти адои садақаи фитр фарох аст. Зеро амре, ки ба адо кардани он омадааст ба вақте муқайяд карда нашудааст ба монанди закот, пас дар мутлақи вақт воҷиб мегардад. Дар кадом вақте онро адо кард, адокунанда ба ҳисоб меравад на қазокунанда. Магар ин ки мустаҳаб аст, ки пеш аз ба намозгоҳ баромадан бароварда шавад. Ба далели ҳадиси Расулуллоҳ (с): Онҳоро дар ин рӯз бениёз гардонед.
Валлоҳу аъламу биссавоб.
Таҷдиди охирон (20.07.15 02:14)