1 гость на сайте
Хӯш омадед дӯстон ба "Дастархони раҳмонӣ рӯзи-3"
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
(аз ин дастархон ва ин неъматҳои гуногуне, ки барои шумо омода кардаем, ҳарчӣ метавонед истифода намоед, мисли ин ки аз як дастархони ифторӣ дар вақти ифтор кардан, истифода менамоед. Гуворо бод барои шумо!)
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Дуои рӯзадор дар вақти рӯзадорияш ва дар вақти ифтор карданаш иҷобатшаванда аст. Аз ин ҷиҳат Абдуллоҳ ибни Умар (р) вақте ифтор мекард, мегуфт: Аллоҳумма ё восиъал мағфирати иғфир лӣ. Эй бори Худоё! Эй зоте, ки мағфирати ӯ фарогир аст, маро мағфират намо.
Ин моҳи муборак аз се бахши муҳим иборат аст. Даҳи аввалаш махсуси раҳмат аст, ва бахши дуввуми он даҳ рӯзи мағфират аст ва бахши охиронаш даҳ рӯзи озодӣ аз оташи дӯзах аст. Яъне ин сифатҳо дар ин ҳар даҳ рӯзе, ки барояш муқаррар гардида, бештар хоҳад анҷом гирифт. Мо ҳамеша ба раҳмати илоҳӣ ниёз дорем. Мағфират барои бандагон дар баробари гуноҳон ва маъсияту нофармониҳояшон сурат мегирад. Агар Худованд бандаашро мағфират намуд, иншоаллоҳ аз он хатои кардааш барояш ҷазое нахоҳад буд. Пас аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ибрат бигирем, ки он бузургвор, ки камтарин кори мустаҳабро тарк намекард, ба мағфирати илоҳӣ ниёз доштааст ва фурсати муносиберо пайдо карда ғанимат мешуморид ва талаби мағфират менамуд. Биёед мо ҳам аз он пайравӣ намуда барои камбудиҳо ва маъсиятҳое, ки аз мо дар баробари Худованди мутаъол сар задааст, талаби мағфират намоем.
Эй бори Худоё насиби моро аз рӯза доштан, танҳо гуруснагӣ ва ташнагӣ магардон ва насиби моро аз шабзиндадорӣ кардан, машаққат кашидан ва бедорхобӣ кардан, магардон. Барои мо аз аҷру подош фаровонтарин насибро ато фармо. Нашавад, ки ин рӯза доштани мо бе рӯҳ бошад. яъне дарк накунем, ки барои чӣ рӯза мегирем? Нашавад, ки намозҳои шаби мо танҳо барои он бошад, ки мардум мераванд, ман ҳам бояд дар миёни онҳо бошам ва аз онҳо қафо намонам. На, балки рӯза доштани мо танҳо барои фармони Худоро иҷро кардан бошад. Балки бо ин гуруснагӣ ва ташнагие, ки мекашем, касеро хабар накунем ва аз машаққатҳоямон касеро огоҳ насозем, ки савоби аҷри фаровонро аз даст бидиҳем. Намози шаби мо ҳам чунин бошад, ки Аллоҳ таъоло дӯст дорад, ки моро дар он мақом бубинад ва барои он аст, ки мо инҷо ҳозир шудаем. Мо хоҳони муноҷот бо Худовандем. Мехоҳем ба танҳоӣ бо Худованд роз бигуем. Мехоҳем Худовандро аз худ розӣ гардонем.
Эй бори Худоё касоне, ки ба фаро расидани моҳи шарифи рамазон шавқ доштанд ва муштоқи омаданаш буданд, Парвардигоро раҳмашон намо. Ва махсусан он муштоқоне, ки пеш аз омадани рамазон аз ин дунёи фонӣ ба дунёи боқӣ ва ҳамешагӣ рахти сафар бастаанд ва натавонистанд, ки аҷру савобҳои ин рамазонро бадаст оваранд. Чун шавқ доштанд, Парвардигоро раҳматашон намо. Парвардигоро қабрҳои онҳоро сарду салқин бигардон ва муниси танҳоии онҳо бош. Шукрона, ки имрӯз мо дар ин моҳи муборакем ва аз файзҳо ва фазилатҳо ва аҷру савобҳои он баҳрабардорӣ мекунем. Ҳамду шукр мар туро эй Парвардигори оламиён!
Расули Худо (с) фармудаанд: "Саҳархурӣ намоед, ки ҳамоно дар саҳархурӣ баракат аст". Бухорӣ. Бале, ҳар инсон дар паи ба даст овардани баракат аст. Вале баракатро бисёр инсонҳо дар доштани моли бисёр ва дар доштани фарзанди бисёр ва ё дар доштани савораҳову мансабҳо медонанд. На, ин метавонад ҳамчун баракат бошад ва метавонад баракат набошад, балки ҳалоки инсон дар он бошад. Баракат ин аст, ки ҳар лаҳзаи ҳаёти инсон, ҳаёти ҳамсараш, ҳаёти фарзандаш, ҳаёти падару модараш, ҳаёти хешону дӯстонаш, ки бо ӯ дар алоқа ва иртибот мебошанд, дар тоати Аллоҳ таъоло бошад. Агар инсон аз моли дунё танҳо ҳамин миқдор дошта бошад, ки барпояш биистад ва дар тоат ва фармонбардории Худо ва Расули Худо бошад, пас умри ин инсон бобаракат аст. Вале агар молҳои ниҳоят зиёд дошта бошад, хонаву дари зиёд, умуман аз моли дунё фаровон дошта бошад, вале дар тоат ва фармонбардории Аллоҳ таъоло камбуд дошта бошад, пас дар ин инсон баракат нест. Вақте гуноҳ мекунад, дуруғ мегуяд, фиреб мекунад, ришва мегирад, протсентро сарчашмаи рӯзияш қарор додааст, итоат аз падару модар намекунад, ҳамсари худро зулм мекунад, ҳамсари фарзандро хусур ё хушдоманаш зулм мекунад, ин ҳама баракат аз ҳаёташон рафтааст. Шояд тоамҳои болаззат ҳам мехурда бошанд ва пушокҳои хубе доштаву савораҳои беҳтарин дошта бошанд, вале баракат надоранд. Худовандо ҳамчуноне, ки дар саҳархурдан барои мо баракатро ваъда кардаи, дар тамоми лаҳазоти ҳаётамон, рафтору кирдор ва гуфторамонро бо баракат гардон.
Худованди мутаъол мефамояд: "Шаҳру рамазон аллазӣ унзила фиҳил Қуръону ҳудан линнос". Моҳи рамазон моҳе аст, ки дар он Қуръон нозил шудааст, ҳамчун ҳидоят барои мардум.
Роҳ мекобӣ, роҳи росту дуруст? Танҳо роҳнамоӣ роҳи дурусту роҳи рост Қуръон аст, ки дар ин моҳи муборак нозил шудааст. Бидон, ки он Қуръоне, ки ҳар шаб мешунавӣ, дар он барои ту Худованд роҳро баён кардааст. Он аввал барои хондан аст, вале инчунин бояд ба он амал карда шавад. Яъне Қуръон танҳо барои он нозил нашуда, ки тиловат карда шавад, ва баъдан ҳар кас ба роҳе ки мехоҳад рафтан гирад. Метавонад дуруғу фиреб гуяд, ришваю протсент дар муомилаҳояш бошад, зулму ситам ва амсоли инҳоро анҷом диҳад. На, Қуръон омадааст, то роҳе, ки ҳар лаҳза ҳаракат дорӣ, нишонат диҳад, ки роҳи дурусташ дар куҷост ва кадом роҳаш нодуруст аст. Кадом роҳ туро ба ҷаннатҳо ва боғҳои абадӣ мебарад ва кадом роҳе аст, ки инсонро ба дӯзахи абадӣ мебарад. Қуръон барои амал кардан омадааст, то аз рӯи он дида инсон амал намояд. Баъзе инсонҳоро дидем, ки Қуръонро бисёр мехонанд, тиловати хуб ҳам доранд, вале вақте мефаҳманд, ки Қуръон барои амал кардан омадааст ва ӯ дар зиндагияш бисёр вақт ба Қуръоне, ки мехонад амал накардааст ва ҳатто бештар вақт ба ӯ мухолиф амал кардааст, вақте инро мефаҳмад, аз он рӯзҳои гузаштааш, ки дар бероҳа аз Қуръон гузаштааст, сахт пушаймон мешавад, вале дигар он рӯзҳоро намешавад баргардонид. Модоме ҳоло фурсат ҳаст, аҳд намо, ки роҳнамоятро Қуръон қарор хоҳи дод.
Эй бори Худоё! Барои мо тиловати Қуръони каримро ва ба он амал карданашро насиб гардони, ки ҳеч вақт аз кардаи худ пушаймон нашвем, зеро кардаи мо танҳо аз рӯи Қуръони ту ва суннати ҳабибат ва ҳабиби қалбҳои мо Муҳаммад (с) бошад. Омин. Аҳд мекунем, ки Қуръонро раҳноми зиндагиамон мегардонем.
Таҷдиди охирон (22.06.16 03:55)