2 гостей на сайте
Хӯш омадед дӯстон ба "Дастархони раҳмонӣ рӯзи-27"
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
(аз ин дастархон ва ин неъматҳои гуногуне, ки барои шумо омода кардаем, ҳарчӣ метавонед истифода намоед, мисли ин ки аз як дастархони ифторӣ дар вақти ифтор кардан, истифода менамоед. Гуворо бод барои шумо!)
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Ҳоло ҳам дар мавзӯи Шаби Қадр: Саодат дар шинохти Аллоҳ аст
Худоё садоати ду дунёро ва шинохти худатро насиби мо бигардон. Эй бори Илоҳо! Моро бандаи созовору фармонбардонат бигардон. Эй бори Худоё! Моро, падару модари моро, ҳама муъминону мусалмонҳоро раҳмату мағфират намои, ва аз оташи дӯзах озодамон бигардони, омин.
"Инно анзалноҳу фи лайлати-л-қадр". "Ҳамоно мо онро (Қуръонро) дар шаби қадр нозил кардем". Қадр:1.
Аллоҳ таъоло дар сураи Қадр фармуда: "Ҳамоно мо онро (Қуръонро) дар шаби қадр нозил кардем". Қадр:1. Калимаи "қадр" дар дигар оят шарҳ шудааст: "Ва онҳо Худоро онгуна, ки бояд шинохта шавад, нашинохтанд". Анъом: 91. Яъне Худоро ба сурате, ки лозим буд бишиносанд, нашинохтанд.
Аз манфиати инсон ин аст, ки Аллоҳ азза ва ҷалларо бишиносад. Ҳар саъю кӯшише, ҳар қуввату вақте ва ҳар амале, ки дар махазни маърифати Худовандӣ намерезад, он саъю кӯшиш, он қуввату вақт ва он амал нокому барзиён аст. Худованди мутаъол ингуна гуфтааст: "Ва онҳо Худоро онгуна, ки бояд шинохта шавад, нашинохтанд". Анъом: 91.
Инсон дар ин шаби Қадр саодат меҷӯяд. Чигуна? Бо адо кардани ибодатҳо аз намозу тиловат ва зикру дуо ва мисли одати баъзеҳо, бо нишастани дӯстон даври ҳам, дар ин шаб, то саҳаргоҳ. Ба ин умед, ки саодатро хоҳад дарёфт. Вале муҳимтарин чизе, ки дар ин шаб аст, чизи дигар аст. Чизе аст, ки ояти фавқ ишора намуда, Шинохти Аллоҳ таъоло аст. Агар инсон ба дараҷае аз маърифату шинохти Аллоҳ таъоло расид, аз ҷониби Худованд сазовори як чизи ниҳоят қимматбаҳо мегардад, мисли ҳолате, ки ба Расули Худо (с) рух дод. "Ҳамоно мо онро (Қуръонро) дар шаби қадр нозил кардем".
Вақте Парвардигорашро дар ғори Ҳиро ибодат мекард, ҳамнгоме, ки чандин шабҳоро дар онҷо мегузаронид, ҳангоме, ки ҳамсараш хонаи бароҳатро раҳо карда, дар он кӯҳ дар шабҳои тор, омада дар наздикиаш, аз ҷиҳати вафодорӣ, меистод, ҳангоме, ки аз лаззатҳо ва баҳрабардориҳои дунё гушанишинӣ кард, ҳангоме, ки кӯдакони ҳамсолашро ӯро ба бозӣ ва корҳои беҳӯда даъват мекарданд мегуфт: "Ман барои ин офарида нашудаам", вақте ба андеша кардан дар офариниши осмонҳо ва замин машғул шуд, вақте нафсаш аз ин дунёи олӯдаи мардум болоӣ гирифт, аз ҳамоқати қавмаш, аз каҷравиҳои онҳо, аз шаҳватҳои онҳо, вақте дар уфуқи дигар ҳаёт басар бурд, вақте Парвардигорашро ҳақи маърифату шинохташ, ошно гашт, сазовори ин шуд, ки бар ӯ Қуръон нозил шавад. Вақте туро Худованд мебинад, ки ба ӯ дӯстдорӣ дори, барои ҳидояти махлуқоташ саъй менамоӣ, вақте туро дар назди ҳалолу ҳаромаш дид, вақте мебинад, ки барои хидмати мардум ҳама саъю кӯшишатро дареғ намедорӣ, вақте дид, ки ҳама вақтатро барои Худованди азза ва ҷалла савдо кардаӣ, вақте туро дид, ки мардумро дӯст медорӣ, вақте дид, ки барои ҳидояти мардум сахт хоҳишмандӣ, вақте ҳамаи халқи Худоро аҳли Худованд донистӣ ва бар онҳо некӣ кардӣ, вақте ҳама фикру андешаат дори охират бошад, вақте саҳар бархостӣ ва бузургтарин чизе фикри туро машғул намуда, охират бошад, ин ҳангом сазовор мегарди, ки як чизи ниҳоят гаронбаҳоеро барои ту бидиҳад. Он чизи ниҳоят гаронбаҳо чист? "Ҳамоно мо онро (Қуръонро) дар шаби қадр нозил кардем".
Дар шабе, ки Худовандро ҳақи маърифаташ шинохтӣ, Худованд бар қалби ту таҷаллӣ мекунад, яъне зоҳир мешавад. Ин таҷаллӣ ва ин зоҳир шудани Худованд чист? Ман ҳам инро намедонам, вале осори онро метавон дарк кард, аммо табиати он барои мо маълум нест, зеро аз асрори Худовандӣ аст. Аммо натиҷаҳояш бошад ин аст, ки чунон роҳатро эҳсос мекуни, ки онро васф карда намешавад, гарчанде дар танҳоӣ ҳам бошӣ, гарчанде дар хонаат ҳам набошӣ, гарчанде дар як ғоре дар як кӯҳе ҳам қарор гири, дар миёнаи кӯҳҳо бошӣ, на дар миёнаи мардумон, танҳо ҳамсарат дар наздикият ҷой гирифта бошад. Ҳис мекуни, ки ту саодатмандтарин инсонҳо мебоши, агарчӣ вазъияти молияти ҳам аз мушкилтарин ҳолатҳо бошад, агарчӣ ҳаётат аз вазнинтарин ҳаёти мардум башумор равад ҳам, агарчӣ даромади молият аз даромади ҳама мардум камтарин қарор гирифта бошад ҳам, ту саодат ва хушбахтиро эҳсос мекуни, чунки ту ба маърифат ва шинохти Аллоҳ таъоло мушарраф шуди. Як ҳолатеро ҳис мекуни, ки номи он бениёзист, ба касе муҳтоҷ набудан аст. Гоҳо инсонеро ба таъоме даъват мекуни, гумонаш мекуни, ки гурусна аст, мегуяд, на, ташаккур. Эҳсос мекуни, ки ӯ бениёз аст, сер аст, шояд дар асл гурусна ҳам бошад, шояд дар хонааш чизе тановул накарда бошад, шояд шароити чизе бадаст овардан ҳам надошта бошад, лекин нафсаш барои ӯ аз ин қимматбаҳотар ва гаронбаҳотар аст, ки бигуяд: Ман гуруснаам. Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Паёмбар (с) гуфт: "Сарватмандӣ аз моли бисёр доштан нест, валекин сарватмандӣ ин бениёзии нафс аст". Бухорӣ.
Эҳсоси сарватмандӣ кардан ин як шуъур ва эҳсосе аст, ки онро васф карда намешавад. Шояд фақиру нодор аст, шояд марди кироя кормекардагӣ аст, шояд як корманди оддӣ аст, лекин дар нафсаш эҳсоси сарватмандӣ ва бениёзӣ аст, ки агар ин бениёзӣ ба аҳли як шаҳр тақсим карда шавад ҳамаи онҳоро фаро мегирад. Аммо сарватмандоне ҳастанд, чунон фақру нодорие доранд, ки агар дар шаҳре он тақсим шавад, ҳамаи шаҳрро фаро мегирад. Мебини, ки барои ба даст овардани мол чунон ҳарис аст, бо вуҷуди ин ки моли зиёде дорад, барои моли бештар шуда ҳаёташро сарфи он месозад, барои он қасами дурӯғ мехӯрад, барои он шуда нофармонӣ мекунад, ин аст дар ҳақиқат фақиру нодору бечора. Ин инсон дар сатҳи ниҳоят поин қарор дорад. Натиҷаҳои таҷаллии Худованд бар бандааш ин биниши дуруст аст, яъне вақте ки мардум барои моли ҳаром худро пасту ночиз мекунанд, ин инсон худро аз ин сатҳ калону боло мегирад. Мебинад, ки дар ин мол чӣ қадар харобӣ ва вайронӣ аст, чи дар хонаҳо ва чӣ дар алоқаҳо, ҳам дар миёни мардум ва ҳам дар алоқаи бо Худованд, ки инсонро аз Худованд дур месозад. Дар бораи таҷаллии Худованд ҳамаи кунҳи онро наметавонам баён намоям, валекин натиҷаҳои онро мешавад донист. Як нафар мегуяд: Бо як инсоне вохӯрдам, ки мувофиқи миқёси мардумӣ, чун мардум ҳам барои худ миқёс доранд, ки ба он чен мекунанд, моли зиёд дорад, дипломӣ фалон дараҷа дорад, коргар аст, ҷои кори баланд дорад, чунин буд. Вале вақте дар баробари як ояте омад: сухане гуфт, ки ба асосҳои принсипҳои роҳи Худо он дуруст наомад, каломе гуфт ва коре кард, ки худро ба хоку лой баробар кард.
Пас таҷаллии Худованд ва зоҳир шудани Худованд бар бандааш ин аст, ки Аллоҳ азза ва ҷалларо мешиносад, дар асоси қоида ва чорчубае зиндагӣ мекунад, инсоне аст, ки принсип дорад, ҳама моли дунё дар як паллаи тарозӯ аст ва мабдау принсипаш дар як паллаи дигар. Агар дунё бо ҳама молу матоаш бар мабдау принсипаш бархурд намуд, молу маноли дунёро қурбонӣ мекунад, ва дар ин ҳол нафсаш роҳат дорад. Инсоне, ки принсипу мабда надорад, инсоне аст, ки бар ӯ таҷаллии Худованд нашудааст, чунин аст, ки барои чанд пули ночиз, Падару модар, Ватан, ҳама муқаддасотро мефурӯшад. Вале инсоне аст, ки нафсаш барои ин таҷаллии илоҳӣ омода шудааст. Таҷаллии илоҳӣ дар дигар оятҳо низ васф шуда, ки он: раҳмат, нур, руҳ, ҷамил, ва оромиш омадааст. "Сипас Худованд оромишашро бар Расулаш ва бар муъминон нозил кард". Тавба: 26.
Ин аст роҳати нафсӣ ва ин аст итминону оромиш. Масъала аз ду ракаъат намоз гузоридан ва аз сӣ рӯз рӯза доштан печидатар ва мураккабтар аст. Як марди донишманди машҳуре буд, ки дар миқёси оламӣ шӯҳрат дошт, вақте ба донишгоҳ омад ва масъули дарбони донишгоҳ ӯро дид, гуфт: Хӯш омадед, доктор. Ҳар вақте аз пешаш мегузашт, вақти омадан ва рафтан, он нафар аз ҷояш бархост ва чунин хушомадедаш мегуфт. Як сол гузашт, ду сол гузашт, панҷ, сол гузашт, даҳ сол гузашт, маърифати он масъули дарбон танҳо ҳамин қадар буд ва аз ин баштар ӯро намешинохт. Ҳамин қадар медонист, ки муаллим аст, доктор аст, донишҷӯён ӯро дӯст медоранду бас. Аммо касоне, ки бо ӯ дар лексияҳо нишастаанд, ҳар боре як лексияе мегуфт, дар нафси он донишҷӯён мақомаш болотару болотар мерафат, дар назари онҳо бузургтар мешуд. Пас ту набояд мисли ин масъули дарбор боши, мисли он донишҷӯйҳо бош, донишҷӯе, ки илмаш зиёда мешавад. Ва лиллолҳил масалул аъло, калимаи медонам осон аст, вале ба ҳақиқати он расидан ва онро ҳақақатан дарк кардан бояд мисли он донишҷӯҳо "медонам" дошта боши, на мисли "медонам"-и он масъули дарвозаи донишгоҳ, ки дар чандин сол барои ӯ он донишманд, дар як дараҷа буд, вале донишҷӯён дар ҳар лексияаш бештару бештар ба ӯ шинос мешуданд. Ин маърифатҳо ва ин шинохтҳо аз ҳам ниҳоят сахт фарқ мекунанд, инҳо аз ҳам ниҳоят дар масофаҳо ва мақомҳо дур аз ҳам ҷойгир мебошанд. Инсоне агар пурсида шавад, ки оё Худоро мешиносӣ? Мегуяд: мешиносам, Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу ин ҳастиро офаридааст ва тамом таваққуф мекунад. Инсони дигаре аст, ки дар бораи Худованд, фарз кунем, даҳ соат, бист соат сухан мекунад ва таваққуф намекунад. Мартаба ва дараҷа инҷост. Ба чӣ андозае маърифату шинохтат бо Худованд бештар шуд, дараҷа ва мақоми ту дар назди Худованд болотар меравад.
"Ҳамоно мо онро (Қуръонро) дар шаби қадр нозил кардем".
Дар ин шаб ту Худовандро мешиноси. Ҳақиқати шинохти Аллоҳ таъоло ду хат ва ду паҳлӯ дорад. Ду роҳе аст, ки ба маърифат ва нишохти Худованд мерасонад. Роҳи аввал, роҳи кавну ҳастӣ аст. Зеро ин дунё ва ҳастӣ аз офаридаҳои Худованд аст, агар дар бораи он андеша намоӣ, созандаи онро мешиноси, низоми ин дунё ва фалакҳоро вақте андеша менамоӣ, батанзимдарорандаи онро мешиноси, ҳастӣ ва кавнро вақте андеша менамоӣ, бавуҷудоварандаи онро хоҳи шинохт. Дар Ҷопон мегуянд, қаторае (поезд) аст, ки агар дар хати сайраш се дақиқат ё бештар таъхир кард, барои савораҳо ҷубронпулӣ медиҳад, аз Токиё то Озака, шашсад километр аст. Агар се дақиқа таъхир кард, ҷуброн дода мешавад. Ситораҳо ва нуҷуме, ки дар афлок мебошнад, ба ҳазорон ва миллионҳо мерасад ва онҳо ҳамеша дар ҳаракат мебошанд ва бо тезтарин суръат ҳаракат мекунанд, вале ба кунҷи муайяншуда дар вақти муҳаддад бе таъхир мерасад. Беҳтарин ва дақиқтарин соати олам ҳар сол се сония таъхир мекунад, вале ситораҳо ва нуҷум як сонияе таъхир намекунанд. Пас ба ин сурат ту Худовандро мешиноси, ки он батанзимдарорандаи ин ҳастӣ аст, офаридгору бавуҷуд оварандаи ин дунё аст, ин ҳама сохти дақиқ аз санъат ва созиши Ӯст, ин аст як роҳи шинохти Аллоҳ таъоло, вале ин роҳ ба танҳоӣ кифоя намекунад. Роҳи дигар роҳи амру фармоиши Худованд аст, ки он дар ин шаб нозил шудааст. Ҳамчуноне, ки бузургии Худованд дар офаридаҳояш таҷаллӣ меёбад, дар амру фармоишиш низ азамату бузургияш таҷаллӣ меёбад. Ин ду роҳи бо ҳам мутавозӣ ва баробар (паралел) мебошанд.
Вале маърифати амру фармоиши Аллоҳ таъоло фоидаи дугона дорад, яъне ду фоида дорад, яке аз ин ҷиҳат, ки аз тариқи он амру фармоишот азамату бузургии Худовандро мешиносӣ, ва аз ҷиҳати дигар амру фармоише, ки лозим аст онро анҷом диҳӣ, онро низ мешиноси ва дониста амал намеои. Пас инҷо ду роҳ ва ду тариқест, ки яке маърифату шинохти Худованд аз тариқи дунё ва ҳастӣ аст ва роҳи дигар маърифату шинохти Худованд аз тариқи амр ва наҳйи Ӯст. "Ҳамоно мо онро (Қуръонро) дар шаби қадр нозил кардем". Роҳи саодату хайрро дар ин шаб нозил кардем. Роҳи саодат дар ин Китоб аст. Чун ба Расули Худо (с) ин нозил гардид, дигар ҳама парешонӣ ва ноаёнии роҳ барояш равшан шуд. Дигар ҳаёти ӯ тағйир ёфт, роҳеро ки меҷуст пайдояш намуд, Худованд барои ӯ ин фазлро насиб гардонид. Ин буд, ки Расули Худо (с) дигар дар муддати бисту се сол аз роҳату машғуляти ба дунё, худро дур кард ва танҳо ба расонидани ин рисолат, ин роҳи саодат барои башарият, ҳаёташро сипарӣ намуд. Метавонист беҳтарин тоҷир бошад, зеро дар тиҷорат пешрафти ниҳоят хубе ҳосил карда буд. Вале ҳидояти мардум, раҳнамоии онҳо ба саодату хушбахтии абадӣ, раҳнамои онҳо ба сӯи Аллоҳ таъоло, шиносонидани онҳо ба Худояшон ин аз ҳама насиби дунёяш мақоми болотарро касб кард. Худоро, охиратро, ҳақиқатро, саодатро, дунёро шинохт ва дар асоси ин шинохт роҳи ҳаёти худро интихоб намуд, ки беҳтарин роҳ ин раҳнамоии мардум ба сӯи Аллоҳ таъоло аст, беҳтарин ҳаёт ҳаёте аст, ки дар хидмати роҳи Худо ва халқи Худо боши. Беҳтарин саодат ин аст, ки инсонҳоро ба саодатмандӣ расони. Саодати инсон бо дороӣ ва дунё нахоҳад буд, агар мебуд, бо инсон дар қабр ҷой дода мешуд. Саодати инсон дар фаҳмиши ҳақиқатҳо, имон овардан ба онҳо, зинадгиро мутобиқи фаҳмиши дуруст намудан, бо вуҷуде, ки аз дунё насибе ҳам надошта бошад, ё умри тӯлоние ҳам надошта бошад ё саломатии хубе ҳам надошта бошад. Беҳтарин мисолро инҷо метавон Зайдулхайр (р)-ро зикр намуд. Зайдулхайр ниҳоят шакли зебо дошт, ҷавонмард буд, соҳиби муруат буд, ҳам ҷамоли офаринишро дошт ва ҳам ҷамоли ахлоқро. Бори аввал вақте бо Расулуллоҳ (с) рӯ ба рӯ шуд, ки хутбаи ҷумуъаро мехонд. Баъди хутба Расулуллоҳ (с) ӯро ба хонааш даъват кард. Ба ӯ гуфт: Ба ман ҳар инсоне васф карда мешуд, аз он васфи шудааш ҳамеша кам буд, магар ту эй Зайд. Ту бештар ҳасти. Ба ман туро васф карданд, вале ту аз он болотари, ки ба ман гуфтанд. Натиҷа инҷо нест. Натиҷа инҷост, ки вақте Расулуллоҳ (с) ба ӯ болиштеро тақдим кард, Зайдулхайр ба ӯ (с) гуфт: Валлоҳи эй Расули Худо (с) ман дар ҳузури ту такя намекунам. Розӣ нашуд. Расули Худоро кай шинохт? Ин чӣ суръатест? Ин рақамаи қиёсӣ дар шинохти инсон аст. Кай фурсат пайдо карда, ки Расули Худоро бишиносад? Дар як соате боҳам нишастан? Гуфт: Валлоҳи дар ҳузурат такя намекунам. Вақте ба тарафи қавмаш бармегашт, дар роҳ Худованд ӯро вафот кунанд. Аз олитарин саҳобаҳо башумор меравад. Чанд соате эътиқод карда буд ва ба фазилатҳо расид. Инсонеро мебини, ки шаст сол, ҳафтод сол дорад, намоз мехонад, рӯза мегирад, вақте меҳмоне аз занҳо ба хона ояд, паҳлӯи дарро мегирад, мехоҳад бо зани номаҳраме сухан кунад, шасту ҳафтод сол дорад, намоз мехонад, бардурӯғ қасам мехурад, то сад сомонро ба даст орад. Ин аст фаҳмиши дин дар мусалмони имрӯз, шаби қадр менишинад, вале бо ояти Қуръон, бо дастуроте, ки ӯро саодатманд месозанд, мухифат дорад. Мехоҳем мисли фаҳмиши Зайдулхайр дошта бошем.
"Ҳамоно мо онро (Қуръонро) дар шаби Қадр нозил кардем. Ва ту чӣ донӣ, ки шаби Қадр чист? Шаби қадре, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст". Қадр: 1-3.
Худоро ба ҳақиқат бишиносем, Расулуллоҳ (с)-ро бишиносем. Чунки шабе, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст, рӯза доштан, намоз гузоридан, ҳаҷ кардан, закот доданд, инҳо бе маърифати Аллоҳ азза ва ҷалла, чизе нестанд. Бо мухолифат кардан ба як дастури илоҳӣ, дида ва дониста, ин ибодатҳо ва шабзиндадориҳо чизе нест. Лекин вақте Аллоҳ азза ва ҷалларо шинохтӣ, ҳама чизро мешиноси, як лаҳзаи ту беҳтар аз ҳазорон моҳ хоҳад шуд, як лаҳзаи заҳмати ту, ба абадият баҳогузорӣ ва аҷр хоҳад шуд. "Фариштагон ва Руҳ дар он нозил мешаванд". Қадр:4. Малоик барои ту роҳи дуруст ва савобро илҳом мекунанд, худатро дар амалат муваффақ хоҳи ёфт, доимо илҳом мешави, ҳамеша ҳаракатҳоят росту дурст мебошанд, ҳамеша муваффақи, ҳамеша дастат нек аст, калому суханат росту дуруст аст, ҳамеша хотиротат хубу нек аст, ҳамеша амалҳоят ҳакимона аст, ба изни Худованд илҳомбахши ту, ҳамраҳи ту малоиканд. Ҳамеша хурсанду шоду саодатманди. "Ба изни Парвардигорашон аз ҳама умур". Ҳарвақте кореро хостӣ, илҳоме бароят мерасад, ки "эй бандаи Худо ингуна кун", ҳарвақте хости кореро анҷом диҳӣ, илҳомат меояд, ки "чунон кун". "...аз ҳама умур". Гуфта: "Он то дамидани субҳ салом аст". Фаҷр ё дамидани бомдод, яъне баромадин офтоби ҳақиқат дар ҳаётат, ин таъбири рамзӣ аст. Яъне ту ҳақиқатро дар ин шаб донисти, дар вақти муносиб, пеш аз ин ки фариштаи марг биёяд, дониста ва ба роҳи саодатат ҳаёт басар бурдӣ, вале касе бовар надорад, он ҳам рӯзе ҳақиқатро хоҳад донист, вале он вақт дигар фариштаи маргро дар пешаш мебинад, ки донистани ҳақиқат дигар барояш манфиате надорад, магар ҳасрату пушайтонӣ бар ончӣ дар ҳаёт тарк карда, бар ончӣ дар ҳаёт ба ҳақиқат амал накарда, ба ончӣ дар ҳаёт ба ҳақиқати он нарасида. "Ҳамоно мо онро (Қуръонро) дар шаби қадр нозил кардем". Акнун барои ту роҳи Худованд маълум гардид, роҳи саодатро донистӣ, ки бо шинохти Худованд бадаст меояд, аз тариқи тааммул кардан дар ин дунё ва ҳастие, ки офаридааст ва аз тариқи донистани амру наҳйи Худованд, ки дар Китоби каримаш, Қуръони маҷид, нозил шудааст ва бо фармонбардорӣ намуданат дар он амру наҳйе, ки роҳи саодат дар онҳост. Бештар Худовандро бишиност, халқи Худоро хидмат кун, вақтатро барои хондату тиловати Қуръон муайян кун, барои фаҳми Қуръон аз вақти умрат ҷудо кун, мардумро ба сӯи шинохти Худованд раҳнамоӣ кун, ин ҳангом аст, ки Худованд бузургияшро бар ту зоҳир хоҳад кард.
Эй бори Илоҳо! Ту омурзандаи, омурзишро дӯст медори, моро биёмурз. Мо ниёзамон ба шинохту маърифати ҳақиқи ту будааст. Парвардигоро роҳҳои шинохтатро барои мо муяссар намо, ва чунин кун, ки ба он сурате, ки сазовори туст, туро шинохта бошем. Саодати мо дар шинохти ту ва аз рӯи Қуръон ҳаёт ба сар бурдан аст, барои инро муваффақ гардон. Ҳар ояте, ки барои мо дар ҳаётамон бархурд кард, бо он ба сурате, ки туро розӣ месозад, амал карда бошем, на ба он сурате, ки мардумро ва нафси моро розӣ месозад. Парвардигоро падару модари моро раҳм намо, ҳамчуноне, ки моро дар хурдӣ тарбия намудаанд. Қабрҳояшонро пурнур бигардон, онҳоро барояшон боғе аз боғҳои ҷаннат бигардон, омин. Моро ва аҳли ин дастархони раҳмониро ҳамеша дар дунё ва охират, равандагони роҳи саодатат бигардон. Қуръонро дар қалбҳои муҳаббаташро бештар намо. Худат, эй Худованди Раҳмон ва Паёмбари бузургворат аз мо розӣ бошед, омин.
Таҷдиди охирон (03.07.16 14:36)