110 гостей на сайте
Бори дигар ИХЛОС...
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
Арзиши амал вобаста ба он аст.
Ихлос яъне чӣ?
Яъне вақте мо дар ҳаёт ба ҳар коре бапо мехезем он корро барои итоат аз Аллоҳ таъоло анҷом диҳем, на барои чизи дигар. Дигар чизҳоро аз назар дур мекунем. Зеро Худованд дар як ҳадиси қудсӣ гуфтааст, ки маънояш чунин аст: Ман бениёзтарини шарикҳо ҳастам, агар касе амале кард ва дар он бо ман касеро шарик оварад ман онро ба шарики овардагияш вогузор мекунам.
Яъне агар гуфт, ки барои Худо ман ин корро мекунам ва барои он ки мардум ба ман наханданд, инҷо сабаби анҷоми он кор, танҳо барои Худо, нашуд, балки сабабаш боз барои нахандидани мардум шуд, ки инро Худованд ба он касе, ки бо ӯ дар ин кор шарикаш гардонидааст, тарк мекунад.
Яке аз масъалаҳои муҳим дар ихлос боз ин аст, ки он ибодатҳоро аз ҳам фарқ мекунонад, одатҳоро аз ибодатҳо ҷудо мекунад, одатҳоро ба ибодат табдил менамояд. Ин чигуна аст?
Вақте инсон масалан намоз мегузорад, ва дар ин намоз гузоридан ӯ намози фарзи пешин мехонад ё аср? Ният аст, ки инҳоро ҷудо мекунад, ки ин намози фарзи пешин аст, на фарзи аср. Ин фарқ гузоштан миёни фарзҳо аст.
Боз мумкин аст, ки намоз суннат бошад, ният фарзро аз суннат ҷудо мекунад, ки ин амали анҷом додаи ту фарз аст ё воҷиб ё суннат ё мустаҳаб. Яъне аз тариқи ният дараҷаҳои амал муайян карда мешавад. Ҳар амале ҷой ва мақоми худро дорад, ин ният аст, ки онҳоро ҷудо мекунад. Инчунин дар ин дараҷабандии ибодатҳо масъалаи дигар аст, ки гоҳо мардум ибодати дараҷаи аввалро монда аз ибодати дараҷаи поинтари он шуруъ мекунанд, ки ин мухолифи таълимоти Худо ва Расули Худо (с) мебошад. Масалан, як нафар мехоҳад ба мардум хайр намояд, дустонашро меҳмондории хуб кунад ва дастархони хело хубе барои онҳо ороиш диҳад. Дар айни замон ӯ худ қарздор аст. Додани нон ба мардум ва меҳмондориро ба сатҳи аз дороии худ боло бурдан ин амри мустаҳаб аст, вале додани қарз фарз аст. Барои онки ба ӯ маъқул аст ин кори мустаҳабро анҷом медиҳад, ки дар он агар анҷом гирад савоб мешавад ва агар анҷом нагирад гуноҳ надорад, вале вақте қарздор аст инҷо ҳақ надорад ин корро анҷом диҳад. Ҳатто фақиҳон гуфтаанд, ки ҳақ надорад дар як дастархон ду таом хурад. Зеро қарзаш бар ӯ фарз аст.
Ё мард зану фарзандро таъмини моддиёт менамояд, яъне нафақа медиҳад, шояд беҳтарин нафақа бошад, вале дар таълими дине, ки барои абадияти ӯст, фарзу қарзи илоҳияш аст, иқдоме намекунад. Нафақа намудан ба қадри кафоф, ё кифоямандӣ фарз аст аз он болояш фарз нест, вале таълим ва тарбияи зан ва фарзанд фарзи айни шавҳар аст. Зеро Худованд гуфтааст, ки: "шумо зану фарзандонатонро аз оташи дузах ҳимоят намоед". Оё ҳимоят кардан танҳо бо нафақа додан мешавад? На. Гумон мекунад вақте нафақаро таъмин намудам ман ҳама вазифаамро анҷом додаам. Ҳоло мавзӯи ҳалол ба даст овардани нафақа ин мавзуи хосе аст, ки инҷо гунҷоиши онро надорад. Он зану фарзанди бечора ҳам гумон мекунанд, ки беҳтарин шавҳару беҳтарин падар доранд, ки дар пеши ҳама мо пушида ва шиками сер мебошем.
Мисоли дигарр зане, ки шавҳар дорад, ки кор мекунад ва ба андозаи кифоя хурдану нӯшидан дорад, вале боз мехоҳад рафта кор кунад, ки таъом ва пӯшоки беҳтар дошта бошам, вале дар ин вақт фарзандонашро дар хонааш баста меравад. Дар ҳоле, ки аз оне ки нони беҳтар талаб намояд, вазифаи болотаринаш тарбияи фарзандон аст. Гумон мекунад, ки дар пеши мардум фарзандони ман таъоми хуб ва пушоки хуб дошта бошанд, дигар чун маро намеханданд масъулиятам анҷом шудааст ё шояд маро таъриф ҳам кунанд. Вале дар айни ҳол аз амри тарбияи насли наврс ва оянда, ки Худованд бар ӯҳдааш додааст, тарки фарзи тарбияи фарзандон мекунад. Оё ҳама мардум беҳтарин нон мехӯранд ва беҳтарин пушокро ба бар мекунанд. Вале ин бечора барои мардум шуда, он гавҳари қиммабаҳоро тарк намуда, рӯзи дароз дар паи таъмини зоҳирии онҳо мешавад, дар ҳоле ки Худованд ба қалбҳо назар мекунад на ба зоҳири онҳо. Дар натиҷа ин амал ба чандин хатоҳо даст мезанад, ки ҳам худ ва ҳам фарзандон гирифтори мусибатҳои дунё ва охират мешаванд.
Яъне ибодатҳо дараҷаҳо доранд, ва дараҷаҳои онҳоро ин ниятҳо мебошанд, ки аз ҳам фарқ ва ҷудо мекунанд. Ва банда дар асоси ин дараҷабандиҳое, ки ибодатҳо ё амалҳо доранд онҳоро анҷом медиҳад. яъне аввал фарзи айниро, баъд фарзи кифоиро, баъд воҷибро, баъд суннатро, баъд мустаҳабро ва баъд ба кори мубоҳ мегузарад. Вақти тарк кардан ҳам бошад аввал ҳаромро тарк мекунад, баъд макрӯҳи таҳримиро ва баъд марӯҳи танзиҳиро. Ҳато баъзе бузургон ҳам аз шубҳа парҳез мекарданд, яъне чизе, ки миёни ҳалолу дуруст будан ва ҳарому нодуруст буданаш яқин ҳукме надоранд, онро тарк мекарданд. Мисли Умар ибни Абдулазиз, вақте амиралмуъмини шуд, пеши Фотима (раҳ) ҳамсараш омада гуфт: ҳама ончӣ аз ин зару зевар, ки аз падаротан ба ту расида онҳоро ба байтулмоли мусалмонҳо бисупор. Зеро ману ту ва онҳо дар як хона ҷамъ намешавем. Яъне агар ин корро карди хуб, вагарна ман туро ҷавоб медиҳам. Ӯ ҳама ин зару зеварро бурда ба хазинаи мусалмонҳо таслим намуд. Зеро дар онҳо шубҳа буд. Ҳатто аз мубоҳот даст мекашиданд, аз тарси ин ки дар ҳароме воқеъ нашаванд.
Мисолҳои дигаре барои ихлос ва ният ин аст, ки:
Инсоне таъом мехурад ва онро аз ҷиҳати шаҳвати хурдан тановул менамояд ва инсони дигаре барои амри Худоро фармонбардорӣ кардан, ки: "Бихӯред ва бинӯшед" Аъроф: 31, анҷом медиҳад, ки хурдани аввалӣ одат мешавад ва аз дуввумин ибодат.
Аз ин ҷиҳат аст, ки баъзе аҳли илм гуфтаанд: Ибодатҳои аҳли ғафлат одат ҳастанд ва одатҳои ҳушмандон ва оқилон, яъне касоне, ки бохабар ва фаҳмидаанд, ибодат мебошанд. Мисол як нафар мехезад таҳорат мекунад ва рафта бар одати кардааш намоз мегузорад. Дигаре таъом мехурад, то амри илоҳиро ба ҷой оварад, худаш зинда бимонад, пеши мардум даст дароз накунад, пас ин ибодат мешавад. Нафаре талаби илм мекунад, ки талаби он ҳолати фарзи айнӣ дорад, фарзи кифоя аст, воҷиб аст, мустаҳаб аст, илме низ вуҷуд дорад, ки ҳаром аст ё макруҳ аст, ин инсон вақте дар нияташ танҳо илм гирифтан аст, дар мавриди ин ки илм барои итоат кардан гирифта мешавад ва роҳро аз дигарон беҳтар ва хубтар паймудан то ба Худованд наздиктар аз дигарон шавад, андеша намекунад. Донишманд мешавад, вале он чизеро Худо ва Расули Худо (с) ба он розӣ мебошанд, анҷом намедиҳад, аммо он чизеро ғазаб мекунанд, чун барояш маъқул аст ва ба нафсаш созгор аст ва барои намоиши дунёяш матобиқат мекунад, онро анҷом медиҳад. Нафари дигаре аст, ки дар итоати амри илоҳӣ аст, вале олиму донишманд нест, ҳамин итоате, ки дорад, аз он донише, ки ҳам худ ва ҳам дигаронро дар фитна гирифтор кардааст, беҳтар аст. Чунки ин ризои Худоро ва Расули Худоро (с), бо ин итоат ва бедонишияш ба даст меорад, вале он дигаре не. Чун мақсад аз хондан итоат аз Худо буд, вале ӯ итоатро тарк намуд. Ӯ нафси худро итоат кард, ки дар натиҷа ин ҳама заҳматҳо ба ибодат табдил нашуд. Вале касе, ки андаке донист ва ба он амал карда итоат намуд, амали он дар ибодат навишта мешавад.
Худованд ҳамаи моро дар ҳама корамон ният карданро насибу рӯзӣ бигардон ва он ниятҳоямон холис барои Худат бошад, эй бори Илоҳо! Омин.
Таҷдиди охирон (08.01.17 10:44)