1 гость на сайте
Аҳамияти вақт дар ҳаёти мусалмон!
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
Аҳамияти вақт дар ҳаёти мусалмон!
Алҳамду лиллоҳи ваҳдаҳ. Вассалоту вассалому ъало ман ло набийя баъдаҳ, ба баъд...
Касе ахбори мардумро пайгирӣ мекунад ва ба аҳволи онҳо андеша мекунад, албатта пай мебарад, ки онҳо вақтҳои худро чигуна мегузаронанд ва умрҳои худро чигуна сипарӣ мекунанд. Албатта хоҳад донист, ки аксарияти мардум вақтҳои худро зоеъ мекунанд. Онҳо вақтҳои худро бабеҳӯда сарф мекунанд. Аз неъмати умр ва ғанимат шуморидани он маҳруманд.
Инсон дар тааҷҷуб мемонад, ки онҳоро мебини ба гузаштани рӯзҳояшон фараҳманду хурсанд мешаванд ва ба гузаронидани он шод мегарданд, фаромушт кардаанд, ки ҳар дақиқа, балки ҳар лаҳза, ки аз умри онҳо мегузарад, онҳоро ба қабр ва охират наздик менамояд ва аз ин дунё дуртарашон мекунад, яъне муҳлати мондани онҳо дар ин дунё, ки ҷои асосӣ барои ободии ин дунё ва он дунёи инсонҳо аст, камтару камтар мегардад.
Бале ин дунё ҷои асосӣ аст. Зеро дар ин ҷо маълум мешавад, ки инсон чӣ мақомеро барои худ месозад. Касе барои ӯ мақомашро намесозад. Касе ояндаи ӯро наметавонад таъмин кунад. Танҳо худаш аст, ки метавонад аз ин умри чанд рӯза, бошишгоҳи худро муайян намояд. Инсон ба ин дунё барои он меояд ва вақт дода мешавад, ки худро бисозад. Агар ин ҳарфҳоро дарк намуд, он замон мефаҳмад, ки қимматбаҳотарин чизеро, ки инсон дар ин дунё дорад, ин вақт аст. Зеро ба воситаи вақт метавонад кореро анҷом диҳад, ки ба манфиати ҳақиқии ӯ тамом мешавад. Вале инсон гоҳо инро дарк намекунад, то назар мекунад, ки ин ҳаёташ сипарӣ шудааст ва барои ояндаи худ кореро анҷом надодааст. Ин умр чизе нест, ки дубора дар ин дунё такрор шавад. Ки агар дар бори аввал нафаҳмид, дар дафъаи дигар онро ислоҳ намояд. На, ин умр як бор дода мешавад ва дигар қобили такрор дар ин дунё нест. Дигар он марҳилаҳои дигареро дорад тай мекунад: ҳаёти барзах, яъне баъд аз мурдан то барпо шудани қиёмат, ва сипас ҳаёти он дунё, ки мардум дар он ҷо вобаста ба дидгоҳ ва амалҳои ин дунёяшон ба ду макон тақсим карда мешаванд. Як гурӯҳи онҳо ба маконе бурда мешаванд, ки онро Биҳишт мегуянд. Дар он неъматҳое аст, ки на чашми инсонӣ он гуна неъматро дидааст ва на ба гушаш шунидааст ва на ба хотираи касе аз башар гузаштааст. Як гурӯҳи дигари онҳо ба макони дигар бурда мешаванд, ки онро Дузах гуянд, Худованд мову шуморо аз он макон паноҳ диҳад. Он макон бошишгоҳе мебошад, ки танҳо азоб дорад. Дигар чизе дар он нест. Азоб болои азоб. Подоши он чи дар ин дунё кардааст. Подоши дуруст истифода набурдани вақт ва замоне, ки Худованд барои онҳо дода буд, то ибодаташ кунанд, то ба роҳи Ӯ таъоло раванд, вале онҳо дигар як махлуқеро ибодат карданд ва ба роҳи дигаре рафтанд, ки он маъбудашон ва он касе, ки лаҳзаҳо ва вақти ҳаёти худро барои он сарф кардаанд ба додашон нарасиданд.
Вақт дар умри инсон аҳамити калон дорад, вале ин инсон аст, ки дар мавриди он хато мекунад. Шоир тасаввуроташро ин гуна баён мефармояд, ки маънои чунин аст:
Мо ба рӯзҳое, ки мегузаранд шоду хуррамем, Вале ҳар рӯзе, ки гузашт порае аз умри мост.
Чун вақт ин ҳаёт будааст ва он умри ҳақиқии инсон ба шумор мерафтааст. Ва ҳифозат кардану нагоҳ доштани он асли ҳама хайроту некиҳо ва аз даст додани он сарчашмаи ҳама шарру бадиҳо буда бошад, пас зарур аст як таваққуфе намоем. Як таваққуфе, ки арзиш ва қимати вақтро дар ҳаёти мусалмонон баён медорад. Ва ин ки вазифа ва воҷиботи мусалмон дар баробари вақташ чӣ мебошад? Ва кадом сабабҳое ҳастанд, ки бар нигаҳ доштани вақташ ва ҳифозат намудани он ёрияш мерасонад? Ва мусалмон ба чӣ чиз вақташро ба самар мерасонад?
Аз Аллоҳ таъоло дуъо намуда масъалат мекунем, ки моро аз ҷумлаи касоне бигардонад, ки умрҳои онҳоро тӯлонӣ кардааст ва амалҳояшон нек шудаанд. Ва барои мо некӯ истифода кардани аз вақтҳоямонро рӯзӣ бигардонад, ки Ӯ таъоло беҳтарин Зоте аст, ки пурсида ва талаб карда мешавад.
(Давом дорад)
Арзиши вақт ва аҳамияти он.
Ҳангоме, ки инсон арзиши чизеро медонад ва аз аҳамият доштани он огоҳ мешавад, барои он чиз хоҳиши сахт пайдо мекунад ва зоеъ кардани он ва аз даст доданаш барои ӯ ниҳоят сахт тамом мешавад. ин чизи бадеҳӣ аст. Мусалмон вақте арзишу қиммати вақташро ва аҳамияти онро дарк намуд, бар ҳифозати кардани он ва ғанимат шумориданаш бар он коре, ки ӯро ба Парвардигораш наздик месозад, ҳарис мебошад.
Яке аз бузургони Ислом ин ҳақиқатаро баён намуда гуфтааст: "Вақти инсон дар ҳақиқат умри ӯ мебошад. Он моддаи ҳаёти ӯ дар неъматҳои ҳамешагӣ ва моддаи зиндагии танги ӯ дар азоби дарднок мебошад. Он (вақт ё умр) монанди абр мегузарад. Касе вақти ӯ аз барои Аллоҳ таъоло ва бо Ӯ таъоло будааст, пас он ҳаёт ва умри ӯ мебошад, ғайр аз ин аз ҳаёташ ба шумор намеравад... Агар вақташро дар ғафлату бехабарӣ ва дар хато кардану орзуҳои ботилу беасос намудан сипарӣ кард ва беҳтарин чизе онро гузаронидааст хоб кардану бекорӣ бошад, марги ин инсон аз ин ҳаёташ беҳтар аст".
Дигаре аз бузургон фармудааст:
"Барои инсон лоиқу сазовор аст, то шарафи замонашро ва қадри вақташро бидонад. Як лаҳзае аз онро дар ғайри наздик шудан ба Худованд зоеъ макунад. Дар он муддаташ афзалтарин гуфтор ва кирдорро бештар анҷом диҳад, сипас онеро, ки дар афзалият аз он камтар аст. Бигузор нияташ дар некӣ ва хайр ҳамеша барпо бошад ва сустӣ накунад дар он чӣ бадан аз анҷом додани он оҷиз нест (яъне модоме бо баданаш кори некеро анҷом дода метавонад, бигузор анҷом диҳад ва сустӣ накунад, зеро дигар ин вақт барнамегардад, ки онро вақти дигар анҷом диҳад, ҳоло ки фурсат ҳаст ҳамин некиро анҷом диҳад)".
Қуръони карим ва Суннати набавии шариф ба вақт аз чандин ҷониб ва ба суратҳои мухталиф диққат додаанд. Аллоҳ таъоло дар ибтидои чандин сура ба аҷзои вақт қасам хурдааст, монанди шаб: "Ва-л-фаҷр", "Ва-л-лайли изо яғшо. ва-н-наҳори изо таҷалло" рӯз, бомдод, чоштгоҳон, аср ҳамчуноне, ки Худованд фармудааст: "Ва-л-аср", "Ва-з-зуҳо ва-л-лайли.."
Маълум аст, ки вақте Аллоҳ таъоло ба яке аз махлуқоташ қасам хурд, ин бар аҳамият ва бузурги он чиз далолат мекунад, ва то ин ки назарҳоро ба тарафи он чиз бигардонад ва бар манфиати бузург доштани он бохабар шаванду огоҳ гарданд.
Суннати Расулуллоҳ (с) омадааст, то бар аҳамияти вақт ва арзиши замон таъкид намояд ва муқаррар намояд, ки инсон дар рӯзи қиёмат аз он (вақт) пурсида мешавад.
Аз Муъоз ибни Ҷабал (р) ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (с) гуфт: "Қадамҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояшон намеҷунбанд, то даме ки аз чаҳор чиз пурсида шавад: Аз умраш, ки онро дар чӣ чиз ба фано расонид? Ва аз илмаш, ки дар мавриди он чӣ кард? Ва аз молаш, онро аз куҷо касб намуда ва дар куҷо сарфаш кардааст? Ва аз ҷавониаш, ки онро дар чӣ ба пирӣ расонид".
Паёмбари Худо (с) хабар доданд, ки вақт неъмате аз неъматҳои Аллоҳ таъоло бар халқаш аст, пас бар бандааш зарур аст, ки он неъматро шукргузорӣ кунад, вагарна аз он кашида гирифта мешавад ва меравад. Шукри ин неъмат чигуна анҷом мегирад? Шукри неъмати вақт, дар тоъат истеъмол намудани он ва пурсамар кардани он дар корҳое, ки боқимонанда ва шоиста мебошанд. Расулуллоҳ (с) фармуданд: "Ду неъмате ҳаст, ки бисёр мардумон дар мавриди онҳо фиреб хӯрдаанд: сиҳатӣ ва вақти холӣ".
(давом дорад...)
Таҷдиди охирон (22.04.11 01:49)