10 гостей на сайте
Муомилаи ту бо Худованд чигуна аст-10
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор, Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин ва саллаллоҳу ва саллама ва борака ъало ъабдиҳи ва расулиҳи Муҳаммадин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин, аммо баъд...
Бо Худованд чигуна муносибат ва рафтор менамоӣ, вақте ба хонааш дохил шудӣ?
Мо ҳар рӯз ба ҷойҳои гуногун меравем ва дар биноҳои мухталиф дохил мешавем, хона, бинои ҷои кор, бозор, хонаи бобо ва бибӣ, умуман ҷойҳои зиёдеро ворид мешавем. Лекин инҷо суол ин аст, ки кадом ҷое аст, ки аз ҳама бештар онро дӯст медорӣ?
Посухи суол барои ҳар фарди мусалмон ин аст, ки: Ҷое ки аз ҳама бештар онро дӯст медорем он ҷоест, ки Аллоҳ таъоло онро зиёдтар дӯст медорад. Ва табиист, ки он хонаи Худо аст. Масҷиди Аллоҳ таъоло. Ҳар як шахсияти бузурге, ки ту ба назди он, дар хонааш, идорааш ё ... дохил мешавӣ, қоида ва усуле муқаррар карда шудааст, ки нисбат ба чигуна муносибат кардан бо ӯ дар он ҷой, бояд риоя шавад. Расму русуми шоҳӣ барои худ усули хос дорад, расму русуми дипломатӣ усули дигари барои худ хосе доранд, ва ғайра. Ва лиллоҳи-л-масалу-л-аъло. Дар хонаи Худованди мутаъол ҳам ворид шудан барои худ усулу қоидаҳои махсус, маъонӣ ва асроре дорад. Агар донисти, ки бо он чигуна рафтор намоӣ ва онҳо чӣ тавр бояд риоя карда шаваданд, вақте ба масҷид ворид шудӣ, дар ин ҳолат ба руҳе ворид мешави, ки аз руҳи касоне ки ба сурати одатӣ ба он дохил мешаванд, фарқ мекунад, касе ки ба шакли одат ба он дохил мешавад, бе риоя кардани усул ва қоидаҳои ба он дохил шудан, даромадани он на таъме дорад ва на ранге ва на маъное. Инҳо вақте ба масоҷид дохил шуданд, ягон эҳсосе намекунанд. Як нафар, ки ба ин асрор ва қоидаҳои ба масдиҷ ворид шудан шинос шуд ва онҳоро риоя кард, мегуяд: Баъди онки ба ин асрор воқиф гардидам ва ба онҳо андеша намудам, ба масҷид дохил шудам, тасаввур кардам, ки гуё ман пеш аз ин ҳаргиз ба масҷид дохил нашуда будам. Ту метавони бипурси, ки:
Бо Худованд чигуна муносибату рафтор хоҳи кард, вақте ба хонааш дохил шудӣ.
Аввалин муносибату рафторе, ки бояд ба он ҳарис бошӣ ин аст, ки вақте ба хонааш рафтӣ, бидони ки барои чӣ ба он ҷой мерави? Чаро ба масҷид мерави? Посӯх ин аст, ки: Парвардигорамон халқро танҳо барои як ғоят офаридааст. Онҳоро офаридааст, то ӯро дӯст бидоранд. Яке аз бузургон (раҳ) мегуяд: Аллоҳ таъоло рӯҳро танҳо барои муҳаббати худаш офаридааст.
Дӯстдор чунин аст, ки муштоқи маҳбубаш мебошад ва дӯст медорад, то ӯро бубинад. Аз одати дӯстдоранда ин аст, ки вақте маҳбубашро пайдо накард, камтарин коре ки мекунад ин аст, ки қасди ҷои ӯ мекунад ва ба хонааш меравад. Қайси Маҷнуни Лайло дар диёраш дохил мешавад, ӯро намебинад, лекин ӯ мегуяд:
Ба диёре мегузарам, ки диёри Лайло аст, Ин девор ва он деворро буса мекунам.
Қалбам муҳаббати диёрро накардааст, Валекин муҳаббати касеро, ки дар ин диёр сукунат мекунад.
Аллоҳ таъоло Ӯст, ки қалбҳоро офарида, ва Ӯ медонад, ки ин дилҳо ба чӣ чиз ниёдманду муҳтоҷанд. Медонад, ки касоне ки аз халқаш Ӯ таъолоро дӯст медоранд, ниҳоят сахт муштоқи дидори Ӯ ҳастанд. Валекин Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бар болои ҳафт осмон аст ва аз халқе, ки дар дунё мебошанд, бо ҳиҷобе худро аз дидани онҳо манъ кардааст, ки ҳиҷоби Ӯ нур аст. Онҳо, аз ин сабаб дар ин дунё ва бо ин чашмҳо, наметавонанд Ӯ таъолоро бубинанд. Лиқо яъне дидорбиниро ба рӯзи қиёмат ба таъхир гузоштааст. Мавъиди мо бо Худованди субҳон, иншоаллоҳ, дар охират аст. Валекин Аллоҳ таъоло медонад, ки муъминон аз муҳаббати сахташон Худованди мутаъолро, барояшон ниҳоят душвор мешавад, ки то рӯзи қиёмат мунтазир бошанд. Барои онҳо душвору сангин аст, ки то рӯзи қиёмат сабр намоянд, зеро онҳо ба дидори ӯ муштоқанд. Худованди мутаъол барои осонтар шудан ба онҳо дастуре додааст, то муддати интизориро тавонанд таҳаммул намоянд ва дар баробари ин сабр боз нишонае аз муҳаббаташонро изҳор намоянд. Аз ин ҷиҳати дар замин барояш хонае қарор дода, ки ба Ӯ таъоло нисбат дода мешавад ва ба он хонаи Худо (ё Байтуллоҳ), масҷидуллоҳ (масҷиди Худованд) гуфта мешавад. Ҳамчуноне ки дӯстдор ҳамеша ба хонаи маҳбубаш рафтуомад мекунад, ҳабиби Худованд ҳам чунин аст. Ҳар рӯз панҷ маротиба ба хонаи Аллоҳ меравад ва аз сахт муҳаббат доштанаш ба Худованд изҳор менамояд. То дар вақти ин рост истодан, дар намоз, дар пеши Худованд, дар ин лиқо ва дидорбинии хурд, лиқо ва дидорбинии бузургтарро, ки дар охират хоҳад рӯх дод, ба ёд оварад, он вақте, ки дар пешгоҳи Аллоҳ меистад ва бо ҳабибаш вомехурад. Худованди мутаъол бандагон ва дӯстонашро ба ин ҷой ҳар рӯз панҷ маротиба даъват менамояд. Дар ҳақиқат касе ба масҷид меравад, ба сӯи деворҳо ва сангҳои он макон намеравад, балки ба сӯи Аллоҳ Воҳиди Ғаффор (Худованди яктои бисёрмағфираткунанда) меравад, то бо Ӯ таъоло дар хонааш вохӯрад.
Расулуллоҳ (с) гуфт: "Ҳамоно Худованд шуморо ба намоз гузоридан амр кардааст, пас вақте намоз гузоридед вонанигаред (ба тарафҳо назар наандозед), чунки Худованд рӯяшро ба рӯи бандааш, дар намозаш, рост мекунад, модоме вонанигарад (ба тарафҳо нанигарад)".
Акнун имрӯз мехоҳем ба масҷид рафтанамон дигаргун бошад. Бинобар ин бо муносибату рафтор бисёр ҳушёр бош.
Одатан вақте дар ҳақи як инсоне, ки барои ту азиз аст, хато мекуни, ту барояш як номае мефиристи, ки дар он аз вай узр мехоҳи. Агар ӯро аз дил ва самимона дӯст медошта дошта бошӣ, ба ӯ тамоси телефонӣ мегири. Аммо агар аз ин ҳам бештар ва бештар ӯро дӯст медошта боши, ту ба хонааш мериви ва аз наздик дар хонааш аз ӯ узрхоҳӣ мекуни ва барояш аз кори шуда таассуф мехури. Ва лиллоҳи-л-масалу-л-аъло. Ҳамаи мо соҳиби гуноҳем ва ҳар яки мо дар ҳақи Парвардигорамон хатоҳо ва кӯтоҳиҳо кардааст. Ҳар фарзанди Одам хато мекунад ва беҳтарин хатокунандаҳо тавбакунандагонанд. Вақте ба хонаи Худованд мерави ҳис кун, ки мехоҳи аз гуноҳонат ва аз тақсироте, ки нисбат ба ӯ анҷом гирифтаст, узрхоҳӣ намои. Ба назди Парвардигорат мерави, то аз ӯ бахшишу гузашт ва маъзарат талаб намои. Дар куҷо ин корро анҷом медиҳӣ? Ба дохили хонааш мерави, то аз ӯ узрхоҳӣ намои. Карим ғолибан вақте ба хонааш хатокор омад, ҳамоно ӯ вайро мебахшад ва аз ӯ гузашт менамояд. Парвардигорамон бисёр ҳаёкунанда ва кариме аст, ки аз бандааш шарм медорад, вақте бандаашш дастонашро ба тарафи ӯ бардошт, албатта Ӯ таъоло онҳоро тиҳию холӣ барнамегардонад. Вақте ба назди Парвардигорат рафтӣ ин раҳматро аз ӯ талаб намо. Аз куҷо медонӣ, шояд дар наздаш барои ту, баъди ин калимаҳо раҳмат ва саодатеро бинависад, ки баъди он ҳаргиз бадбахтиеро намебини. Оё намебини, ки дар дуои ба масҷид даромадан мегуи, ки: "Аллоҳумм-афтаҳ лӣ абвоба раҳматик" (Эй бори Худоё барои ман дарҳои раҳмататро бикушой). Аслан вақте Худованд ба ту барои ба хонааш даромадан иҷозат дод, ҳақиқатан ҳам туро икром ва иззат намудааст. Ҳамчуноне, ки ту ҳам аз одати инсоният ҳар касеро, ки пеши дарат омад, ба хонаат дохил намекуни, (ва лиллоҳил масалул аъло) Аллоҳ таъоло низ ба хонааш ҳар касеро дохил намекунад. Оё ту дӯст медори, ки ба хонаат ҳар касе дохил шавад? Табиист, ки не, инчунин Парвардигорамон дӯст намедорад, ки ба хонааш ҳар касе дохил шавад. Ҳамд мар Худоро, ки туро ихтиёр намуда, то дар хонааш дохил шави. Аз ин ҷиҳат аст, ки Худованд ҳиммати баъзе касонеро, ки дӯсташон намедорад, аз рафтан ба масҷидҳо бозмедорад. Зеро ин ки ӯ бад дида, ки онҳо ба хонааш раванд, бад дида ки ба хонааш дохил шаванд. Ҳамчуноне, ки Аллоҳ таъоло дар бораи дигарон гуфтааст: "... валекин Худованд аз ҳаракати онҳо кароҳат дошт, аз ин ҷиҳат онҳоро (аз ҳаракат) боздошт ва ба онон гуфта шуд: Бо нишастагон бинишинед". Тавба:46.
Агар мехоста бошӣ, барои таҷриба, ба як масҷид назар намо, адади касоне ки дар атрофи он зиндагӣ мекунанд чӣ қадар мебошанд ва адади касоне, ки ба масҷид дохил мешаванд, чӣ қадаранд? Оё акнун донисти, ки мақсади ман аз ин гуфта чист? Аз ин ҷиҳат, агар ту аз ҷумлаи касоне боши, ки Худованд онҳоро барои дохил шудан ба хонааш ихтиёр карда бошад, пас сазовор аст, ки хурсанд шави. Вақте дар роҳ ба сӯи ӯ мерави хурсанд шав. Чунки Аллоҳ таъоло, вақте ту ба сӯи хонаи Ӯ таъоло рафтӣ, ба омадани ту хурсанд мешавад. Расулуллоҳ (с) гуфтанд: "Ягон марде аз мусалмонҳо масоҷидро барои намоз гузоридан ва зикр кардан ватан намегирад (ҳама вақт ба масҷид ҳозир шудан), магар ин ки Худованд барои ӯ хурсанд мешавад, ҳамчуноне ки аҳли ғоиб (касе аз онҳо дар сафар ё ғоибие буд) ба омадани ғоибашон вақте ба назди онҳо баргашта омад, хурсанд мешаванд". Чӣ каромату фазлите барои касе аст, ки ба сӯи ту меравад, эй Парвардигорам? Бубин, ки Худованд чигуна ӯро икрому иззат мекунад ва чигуна ба ӯ атоҳо мефармояд.
Савганд ба Худо, ягон инсони бузургеро пайдо нахоҳи кард, ки бо ту ин гуна муносибату рафтори нек намояд, чуноне Худованди Парвардигорамон бо ту муносибат менамояд. Аз ин лиҳоз аст, ки инсон аз Парвардигори кариму базургаш, аз бисёрии ончӣ ба ӯ медиҳад, шарм медорад ва ҳаё мекунад.
Ин масъала то ин андоза ба интиҳо намерасад. Агар ба ин марҳалае расиди, ки қалби ту ба масҷид алоқаманд гардид, Аллоҳ таъоло, дар рӯзи қиёмат, туро дар зери бузургтарин махлуқе, ки дар ҳама ҳастӣ вуҷуд дорад, дохил мекунад. Ин махлуқро Аллоҳ таъоло чунин васф намудааст, ки карим аст ва ин ки он бузург аст ва ин ки он маҷид аст. Ҳамоно он АРШИ РАҲМОН аст. Парвардигорамон онро офаридааст, сипас бар Арш истиво намудааст. Малоикро амр намуда, ки ӯро бардоранд ва ба бузургдоштани он, онҳоро ба ибодаташ хондааст. Арш сақфи махлуқот мебошад. Арш бузургтарини махлуқот аст. Арш олию баландтарин ва васеътарини онҳост. Арш бо ин ҳама васфҳо, ба Худованди Раҳмон сазовор гаштааст. Аз ин ҷиҳат аст, ки Худованд фармудааст: "Арраҳмону ъала-л-Ъарш-иставо" "(Худованди) Раҳмон (аст, ки) бар Арш қарор гирифт". Тоҳо:5. Ин чизи бузурге, ки зикр шуд, Худованд туро дар зери он дохил мекунад, рӯзе ки офтоб ба сари бандагон ниҳоят наздик мешавад. Ва ту дар зери сояи Он, дар рӯзе ки ҷуз сояи ӯ дигар сояе нест, қарор хоҳи дошт. Расулуллоҳ (с) гуфтанд: "Ҳафт гуруҳе мебошанд, ки Худованд онҳо дар зери соягияш соягӣ медиҳад, рӯзе, ки ҷуз сояи Вай сояе вуҷуд надорад... " ва аз он ҷумла зикр кард, "... ва марде, ки қалбаш ба масҷидҳо алоқаманд аст". Оё боре ҳам худро тасаввур кардаи, ки дар зери Арш мебошӣ ва ба он назар менамоӣ? Ба ин сурат гӯё, ки ту бар Арш назар менамои.
Оё диди, ки масоҷид чигуна азизу маҳбуб мебошанд? Ва чигуна хонаҳои Худованд гаронбаҳоянд? Ин ҳама ба ту рӯх медиҳад, агар ба он алоқаманд шуди. Ту ин фарқро мулоҳиза намо. Баъзе мардумоне мебошанд, ки қалбҳои онҳо пайваста ба масоҷид алоқаманд аст, ҳар вақте аз он баромаданд, дар бораи баргашта омадан ба андеша меафтанд. Баъзе мардумони дигар мебошанд, ки дар дохили масҷид намоз мегузоранд, вале қалби онҳо ба дунёе, ки дар беруни масҷид мебошад, алоқаманд аст.
Авлиёи солеҳон қалбҳояшон ба муҳаббати хонаҳои Худованд пар-пар мезад. Рабиъ ибни Хайсам мегуяд: "Ман ба садои гунҷишки масҷид бештар алоқамандтарам аз алоқамандиям ба аҳлам". Ба ин макони пок ба шакли оддӣ ворид машав, ки на шуъуру эҳсосе бошад ва на омодагӣ бо ин ҳама эҳсосу шуъуре, ки зикр намудем. Чигуна мехоҳи, ки қалбат ин ҳамаро эҳсос намояд, дар ҳоле ки на ҳаракате карда ва на андешаи намудаӣ? Зарур аст, ки андеша карда шавад. Шуъуратро нисбат ба масҷид тағйир деҳ, зуд аст ки муносибату рафтори ту бо Худованд, вақте ба хонааш ингуна дохил шудӣ, тағйир меёбад. Дар натиҷа, дар намозеат, ки дар масҷид мегузорӣ, таъму маззаи тамоман дигареро пайдо хоҳи кард.
Аз Худованди мутъол талаб менамоем, ки қалбҳои моро ба хонаҳояш моил ва алоқаманд гардонад ва дар хонаҳояш ин қалбҳоямонро зинда бигардонад. Омин. Иншоаллоҳ бо муносибату рафтори дигаре во хоҳем хурд.
Таҷдиди охирон (21.11.17 09:17)