70 гостей на сайте
Рӯзи Арафа ва намози иди Азҳо (Қурбон)
Мақолаҳо - Фиқҳӣ |
РӮЗИ АРАФА ВА НАМОЗИ ИД
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин. Вассалоту вассалому ъала-л-мабъуси раҳматан лиллъоламин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин..
Аммо баъд.
Аввалан ҳамаи шумо бародарн ва хоҳарони мусалмонро ба фарорасии ин рӯзҳои бузурги даҳгона ва ба фарорасии рӯзи иди Азҳо (Қурбон) муборак мегуям. Аллоҳ таъоло онро барои мо ва шумо ҳамеша иди шодию фараҳ бигардонад, ки тавониста бошем бандагиро ба хубӣ анҷом дода бошем ва Аллоҳ таъоло онро аз мо ба ризомандӣ қабул фармуда бошад. Аз мо ва падару модарони мо ва аз фарзандони мо гузашт намояд ва аҷру савобҳои бепоёне насибамон гардонад. омин.
Ҳаҷ ин Арафа аст. аз Абдурраҳмон ибни Яъмур ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (с)-ро дидам, ки мардум ба наздаш омаданд ва аз ҳаҷ ӯро пурсон карданд. Расулуллоҳ (с) гуфт: “Ҳаҷ ин Арафа аст. Касе шаби Арафаро, пеш аз тулӯъи бомдод аз шаби ҷамъ дарёфт, ҳамоно ҳаҷи ӯ комил шудааст”. Абудовуд ва Тирмизӣ.
Арафот рӯзи вохӯрии бузургтарин аст. Вохӯрии банда бо Парвардигораш. Пайвастшавии замин ба осмон. Рӯзи сулҳи бо Худованди азза ва ҷалла. Рӯзи рӯй овардан ба тарафи ӯ. Рӯзи аҳду паймон ба иҷро кардани амрҳояш ва дурӣ гирифтан аз он чӣ наҳй намудааст.
Аллоҳ таъоло дар сураи Бақара фармудааст: “Ва (ба ёд оваред) ҳангоме, ки хонаи (Каъба)-ро барои руҷуъ кардан (маҳалли бозгашт) ва (ҷои) амну эминӣ, барои мардум қарор додем. Ва аз мақоми Иброҳим намозгоҳе барои худ баргиред. Ва мо ба Иброҳим ва Исмоъил ваҳй кардем, ки: Хонаи маро барои тавофкунандагон ва муқимон ва рукуъу суҷуд кунандагон (намозгузоро) поку покиза кунед”. Бақара: 125.
Инро ба ёд овар эй Муҳаммад, ки ин хонаро барои ин амр гардонидем. Ва Аллоҳ таъоло хонаро ба худаш нисбат медиҳад. Аллоҳ таъоло хонае гирифтааст ва моро амр намуда, то дар он Ӯро зиёрат намоем. Чаро? Дар ҳоле, ки Аллоҳ таъоло ҳам офаридгори макон аст ва ҳам офардигори замон. яъне замону макон аз махлуқоти Ӯ таъоло мебошанд на иҳотакунанда ва фарогирандаи Ӯ таъоло.
Чаро хонааш номид? Дар он хона чӣ кор хоҳи кард? Инсон вақте аз кору бор дар рӯз хаста мешавад, ба хонааш бармегардад, тамоми баданаш хаста шудааст, нафси ӯ хаста шудааст, ба хона бармегардад. Дар хона ӯ истироҳат менамояд. Дар хона ғаму андӯҳ аз ӯ бурда мешавад. Дар хона оромиш пайдо мекунад. Аллоҳо таъоло онро сакан, яъне ҷои сукунат номид, занро ҳам сакан номидааст, яъне инҳо ҷои оромиши инсон мебошанд. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ва аз оятҳояш ин аст, ки барои шумо аз нафсҳои худатон занҳоеро офаридааст, то ба назди онҳо оромиш пайдо кунед ва дар миёни шумо дӯстӣ ва меҳрубониро (маваддату раҳматро) қарор додааст”. Рум: 21. Хона чун дар ҷое қарор аст ва ҷои бозгашти инсон аст, инсон дар он истироҳат мекунад ва қуввати нав барои рӯзгори ояндааш барқарор мекунад. Ҳамсарро ҳам Аллоҳ таъоло сакан ва сукунат, яъне ҷои оромиш барои шавҳар қарор додааст, ки аз ҳама сахтиҳои зиндагӣ ва мушкилиҳои заҳмату ранҷи рӯзгор вақте хаста мешавад, ба назди ҳамсараш баргардад ва оромишу сукунатро дар он пайдо намояд. Вале вақте ҳамсар доим дар берун бошад, вақте шавҳар омад онро дар хона пайдо накард, пас ин вазифаашро, ки Аллоҳ таъоло дар Қуръон муқаррар намудааст, иҷро накардааст.
Инсон дар хона истироҳат мекунад. Дар хона мушкилиҳо ва сахтиҳои ҷузъии рӯз аз вай рафъ карда мешаванд. Лекин мушкилиҳо ва сахтиҳои тамоми ҳаёт, вазниниҳои андӯҳу ғами он, дурии банда аз Худованди азза ва ҷалла, фишорҳои зиндагӣ, дарду ранҷе, ки аз заъфи имон дар ҳаёти инсон рӯх медиҳад, аз дуруст роҳ нарафтан ба раҳнамудҳои Худовандӣ рӯх медиҳад, дарду ранҷе, ки аз беилмӣ ё камилмӣ ба вуҷуд меояд, сахтиҳои гуноҳон ва амсоли инҳо, Аллоҳ таъоло хонаашро барои ин умур ва ғайри инҳо, даво қарор додааст.
Аз ҳоҷиёни содиқ пурсон шавед, аз касоне ки холисона ба Хонаи Аллоҳ таъоло рафтаанд пурсед, онҳо худашонро дар хонаи Худованд чигуна эҳсос мекарданд? Ягон мушкилиеро боқӣ намегузошт. Ё ин ки Аллоҳ таъоло ба лутфу марҳаматаш онро аз бандааш кашида мегирад ё онҳоро бароварда мегардонад. Аз ин ҷиҳат аст, ки Аллоҳ таъоло моро фармон дода, ки хонаашро ҳаҷ намоем. Амр намуда, ки ба сӯи он биравем, то сахтиҳо ва машаққатҳои ҳаётро аз худ дур кунем. То ваҳшату даҳшати гуноҳон ва нофармониҳоро аз худ бияндозем. Ин барои касе аст, ки ба тавба кардан ва ба баргаштан ба сӯи Аллоҳ таъоло ниёз дорад, барои касе, ки мехоҳад аҳдашро бо Аллоҳ азза ва ҷалла аз нав намояд. Аммо муъмине, ки дар ватанаш Парвардигорашро хуб шинохта буд ва ҳақи ӯро ба хубӣ адо мекард, вақте ба онҷо меравад, аз як ҳол ба ҳоли беҳтаре ва аз мақом ба мақоми болотаре ва аз як манзилат ба манзилати дигаре боло ва боло меравад.
Ин маъниҳоро мо аз Каъбаро Байтуллоҳилҳаром ном ниҳодан ва нисбати додани ба худаш истифода менамоем. Аллоҳ таъоло он хонаро ба худаш нисбат дода гуфтааст: “... ин ки хонаи маро барои тавофкунандагон ва эътикофшинандагон ва рукуъу суҷуд кунандагон пок намоед (хитоб ба Иброҳим (а) ва Исмоил (а) аст)”.
Пас ин макони андӯҳу ғамҳои бузурги дунёро азбайн бурдан, аз гуноҳон ва нофармониҳо дур шудан мебошад. Макони оромиш ва дарк ҳақиқати худ. Макони шинохти ҳақиқатҳо ва аз бастани аҳд бо Худованд мебошад.
Аллоҳ таъоло ин хонаро барои ҳар касе ҳаҷ меравад ва ё умра чунин қарор додааст, чунин халқ кардааст. Оё аз ин роҳати бузургтаре хоҳад буд, вақте бо Худованди мутаъол аз нав сулҳ менамоӣ? Аз ин роҳати бузургтаре ёфт мешавад, ки ба сӯи хонаааш паноҳ бибарӣ? Оё аз ин ҳам роҳати бузургтар пайдо мешавад, ки бо Аллоҳ таъоло аҳд намои, ки туро дигар танҳо ва танҳо итоат хоҳам кард ва нофармониҳоят комилан дур хоҳам буд? Ва дар хидмати халқи ту хоҳам буд, модоме ки дар қайди ҳаёт боқӣ бошам.
Калимаи дигаре, ки дар оят истифода шудааст, ин калимаи “масобат” аст. Асли ин калима аз “соба” гирифта шудааст, ба маънои баргашт. Ба чӣ чиз баргашт?
- Ё ин ки ту дар ин хона, ба сӯи Ӯ таъоло, тавбакунанда бармегарди.
- Ё ин ки ту дар ин хона, ба сӯи Ӯ таъоло, рӯйоваранда бармегарди.
- Ё ин ки ту дар ин хона, ба сӯи Ӯ таъоло, ростшуда дар роҳи Худо ва аҳдкунанда бармегарди.
- Ё аз саодати сахте, ки ту ба он ноил мегарди.
- Ва ту дар ин хона таманнову орзӯи баргаштан ба сӯи онро менамои.
Аз ин ҷиҳат аст, ки забони ҳоли ҳоҷӣ мегуяд: Эй Парвардигорам! Ин ҳаҷ ё ин умраро охирон аҳди ман ба ин хона магардон. Ҳоҷӣ чаро ин каломро гуфта истодааст. Чунки ӯ дар ин хона лаззати наздикиро чашид, маззаи бар Аллоҳ таъоло рӯй оварданро фаҳмид, дар ин хона таъми оромиш ёфтанро, ки Аллоҳ таъоло ба он бар бандагони муъминаш таҷаллӣ мекунад чашид, дар ин хона маззаи инро, ки Аллоҳ таъолоро рӯ ба рӯ шавад дар ҳоле, ки ӯ аз он розӣ аст, инро чашид.
Яъне ё аз шиддати саодате, ки онро ба даст меорад, орзӯ мекунад, ки бори дигар ба сӯи он баргардад. Дар ҳадиси қусдӣ омадааст:
“Вақте барои бандаам ҷисмашро саҳеҳу солим гардонидам, ва бар ӯ дар зиндагияш фарохӣ қарор додам, пас бар ӯ панҷ сол гузашт, ки ба сӯи ман барнагашт, албатта ӯ маҳрум мондааст”.
Баъзан инсон барои саодати худ танҳо ин дунё ва молу матоъи онро медонад. Ҳато барои ин молу маноли дунё шуда аз лиқои бузурге, ки бо Худованд аст худро маҳрум месозад, аз ризояташ барои ин матоъ худро маҳрум месозад, аз раҳматаш барои хоҳиши нафсаш худро маҳрум месозад. Бинобар ин аст, ки вақте Аллоҳ таъоло инсонро васф намуд, баъди оне ки амонатро ба душ гирифт, ки онро адо мекунад, ҳамоно ӯ ниҳоят золим ва ниҳот ҷоҳил буд. Барои инсон аз ҳама муҳим ба даст овардани ризои Аллоҳ таъоло, раҳмати Аллоҳ таъоло мебошад. Вале бояд донист, ки дар муқобили ризояш ғазаб ва дар муқобили раҳматаш лаънати Аллоҳ таъоло қарор дорад, ки муъмини воқеӣ аз макони ғазабу лаънаташ худро дур мегирад. Вале агар ҳақиқати динро нашинохт худро дар ҳалокатгоҳҳо мезанад.
Аллоҳ таъоло дар барои хонааш гуфтааст, ки мо онро барои баргашти мардум ва барои амну амнияти онҳо қарор додем. Чаро аз миёни ниёзҳои зиёди мардум танҳо амну амнияти онҳо зикр гардид? Аслан дар мавриди калимаи амне, ки дар оят омадааст, муфассирон ду назар доранд.
Калимаи амн дар ин оят чӣ маъно дорад? Ҳақиқат ин аст, ки саломат як чиз аст ва амн як чизи дигар аст. Саломат ин аст, ки макруҳе ва бадию азияте ба ту воқеъ нашавад. Валекин амн ба ин маъно аст, ки ҳатто чашмдиёри макруҳе ва бадию озоре набоши. Дар миёни ин ду маъно фарқи ниҳоят калон аст. Яке ин ки воқеъ нашавад дигаре ин ки бовари дори, ки дар оянда ҳам воқеъ намешавад ва дилат мутмаъину ором аст. Ба ин маъно дар сураи Анъом Аллоҳ таъоло фармудааст: “... пас агар медонед, кадом яке аз ин ду даста ба эминӣ шоистатар аст? Онон ки имон овардаанд ва имони худро ба зулме наёлӯдаанд, эминӣ азони онҳост ва онҳо ҳидоятшудагонанд”. Анъом: 81-82.
Инсон вақте дар ватанаш ба инсони баруманду қавие алоқаи ниҳоят мустаҳкам дошта бошад, худро чигуна эҳсос мекунад? Оре, ӯ эҳсоси эминӣ мекунад, ки касе наметавонад ба ӯ зараре расонад, зеро аз пушташ ин инсонро худаш эҳсос мекунад ва аз ҷиҳати дигар мардум ҳам медонанд, ки алоқааш ба он ниҳоят қавӣ аст барои ин ба ӯ намехоҳанд зараре бирасонанд ва худро ба ӯ даргир намоянд. Ин қоидаҳои табии нафс аст. Вақте нафси инсон инро медонад, илова бар инки зараре ба ӯ намерасад, боз боварӣ ҳам дорад, ки касе дар оянда ба нияти зарари ӯ коре нахоҳад кард, ин дуввуми эминӣ аст. Яъне эмин аст, ки зараре нахоҳад дид. Ин масали дунё аст. валиллоҳил масалул аъло. Оё эминии бузургтаре аз ин хоҳад буд, ки эҳсос намои, Аллоҳи офаридгори ҳама ҳастӣ аз ту розӣ аст. Оё аз ин эминии бузургтаре вуҷуд дорад, ки эҳсос намои, Зоте, ки ҳама аз чиз аз хурдтарин чиз то бузургтарин чиз ҳама дар дасти Ӯст, туро риоя мекунад, туро дӯст медорад? Оё медонед саҳобагони киром чӣ эҳсос доштанд, вақте Аллоҳ таъоло ризогии худро аз онҳо дар сулҳи Ҳудайбия эълон намуд: Сураи Фатҳ, ояти 19? Бале Аллоҳ таъоло эълон намуд, ки аз он касоне, ки дар Ҳудайбия буданд аз он муъминон ҳамоно Аллоҳ розӣ шудааст. Ин беҳтарин ва бузургтарин шуъуру эҳсоси амну эминӣ барои инсон мебошад.
Дар ояте, ки ду дастаро мепурсад, ки кадоме аз онҳо ҳақноктар ба эминӣ мебошанд, чунин омадааст, ки ба ягон зулме имонашонро олӯда накардаанд. Ин инсонҳое, ки сазовору лоиқи эминӣ ҳастанд, касоне мебошанд, ки ягон зулме бар касе раво надидаанд. Агар мурчаеро инсон зулм карда бошад, таъму маззаи эминиро гум мекунад, агар ҳамсарашро зулм карда бошад, чӣ зулм аз тарафи мард бошад ё аз тарафи зан, мазза ва таъми эминиро эҳсос намекунад, агар фарзандашро, агар коргарашро зулм карда бошад, ба ин сурат, ки ба ҳақи он расидагӣ намояд, ё вақте додани маошаш мешавад, вале онро адо намекунад ва амсоли инҳо, қарзашро адо намекунад, ҳар инсонеро вақте инсон зулм карда бошад, эҳсоси эминӣ карда наметавонад, зеро Аллоҳ таъоло дар умури дунё ва охират қоидаи худро дорад.
Вақте ба хонаи Худованд меоӣ, вақте тавбакунанда ба хонаи Худованд меравӣ, вақте баргарданда ба сӯи байтуллоҳилҳаром меравӣ, аҳдкунанда ба тоаташ, ки ҳамеши дигар туро итоат мекунам дар ҳама фармоишот ва наҳёҳоятон, оё аз ин эҳсос дида эҳсоси бузургтаре ҳаст, ки дар ҳоле тк дар хонааш ба эминӣ мебоши. Эсос менамои, ки Аллоҳ таъоло туро қабул кардааст ва аз ту даргузаштааст ва ту бо ӯ аҳду паймонатро аз нав кардӣ? Ин эҳсос на танҳо дар хонаи Худо бо ту хоҳад буд, балки агар он аҳдатро нигоҳ дорӣ вақте ба ватанат бармегардӣ бо ту ин эҳсоси эминӣ хоҳад буд. Вақте санги сиёҳро бӯса задӣ ё ба он ишора намудӣ, санги сиёҳ чуноне гуфта шудааст, ямини (дасти рости бе мислу монанди) Аллоҳ таъоло дар заминаш аст, ва касе бо санги сиёҳ дасти паймон дода бошад, ҳамоно ба каффи Аллоҳ таъолои раҳмону раҳим аҳдашро бастааст. Ин аҳде миёни ҳоҷӣ ва миёни Аллоҳ таъоло мебошад. Ин эминӣ ҳам аз ҷониби Аллоҳ таъоло аст, ин оромише, ки Аллоҳ таъоло дар қалби муъмин онро мегузорад, ки агар ба аҳли кишваре, ки ҳама дар тарсу ҳарос буданад, паҳн карда шавад, ҳама қалбҳояшон аз оромиш пур мешаванд.
Аз Талҳа ибни Убайдуллоҳ ибни Кариз ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (с) гуфт:
“Шайтон ягон рӯзе, ки дар он кучактар бошад ва хору залилона рондашуда бошад ва ғазабноктар бошад, дида нашудааст, ҳамчуноне ки дар рӯзи Арафа дида шудааст ва ин танҳо барои он аст, ки аз бисёрии раҳмати Аллоҳ фуруд омадан ва гузашт кардани Аллоҳро аз гуноҳонои бузург мебинад, магар ончӣ дар рӯзи Бадр нишон дода шуда буд. Гуфта шуда, ки дар рӯзи Бадр чӣ чизро дидааст, эй Расули Худо? Гуфт: Аммо ин ки ӯ ҳамоно Ҷибриилро дида, ки пешопеши малоик сафкишада меоянд”.
Дар баъзе аз аҳодис омадааст, ки ин рӯзи Арафа аз бузургтарин рузҳои сол ба шумор меравад. Худованд намозҳои панҷгонаро поккунанда барои мобайнашон қарор додад ва намози ҷумъаро то намози ҷумъаи дигар, аз ин ҳафта то ҳафтаи дигар, каффора барои миёнашон қарор додад ва моҳи рамазонро дар сол аз як сол то соли дигар қарор додааст, аммо рӯзи Арафа бошад рӯзи лиқои акбар (вохӯрии бузургтарин) бо ҳамроҳии Аллоҳ азза ва ҷалла мебошад. Чаро гуфта шуда, ки лиқои акбар ё вохӯрии бузургтарин? Чунки ҳоҷӣ ватанашро тарк кардааст, аҳлашро тарк кардааст, мавриди ризқашро тарк кардааст, мақому ҷойгоҳашро тарк кардааст, аз дунё даст кашидааст вақте ту либоси сафедеро ба бар кардааст, эълонкунанда бар ин ки Аллоҳ таъоло аз ҳама ин чизҳо барои ӯ маҳбубтар аст. барои ҳамин ҳам чӣ қадар бахшиш бузург шавад атои он ҳам ниҳоят бузург мешавад, махсусан вақте аз ҷони Аллоҳ таъоло бошад.
Рӯзи аҳди бо Худованд аст, рӯзи сулҳу оштӣ бо Худованд аст, рӯзи тавба кардан ва қабули тавбаи бандаи аст, ки ба пешгоҳи илоҳӣ омадааст барои ин ҳама, Аллоҳ таъоло ӯро аҳдашро мепазирад, бо ӯ сулҳу оштӣ мекунад ва тавбаашро қабул намуда ӯро чунон пок месозад, мисли ин ки аз модар нав ба дунё омада бошад ва дар ӯ ягон гуноҳе нест. Магар ҳақи мардум.
Худованд барои ҳамаи мо ва шумо ин бузургиҳо ва ин фазилатҳоро насиб гардонад. Аллоҳ таъоло аз ҳамаи мо ва шумо аз падару модаронамон розӣ бошад, аз мо ва онҳо гузашт намояд ва дараҷаҳои олиро насиби ҳамаи мо гардонад. Аллоҳ таъоло ҳамеша барои мо қудрати иҷрои фармонҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояшро бидиҳад. Ҳамеша моро дар ҷои ризо ва раҳмашат бинад ва ҳаргиз ва фарзандони моро аз ҷои ғазабу лаънаташ набинад. Аллоҳ таъоло аз мо ва падару модаронамон ва фарзандонамон ва ҳамсаронамон розӣ бошад ва бо раҳматаш моро дар Фирдавси Аъло ҷаъм намояд, то ба дидори бе чуну чарояш ҳамагӣ мушарраф гардем. Омин, омин, омин...
Чаро ид номида шудааст?
Ид аз он ҷиҳат номида шудааст, ки он бо хушӣ ва хурсандиҳо ва шодию фараҳ ҳар сол бармегардад ва такрор меёбад. Аз он ҷиҳат, ки Аллоҳ таъоло дар он бар бандагонаш боз эҳсон менамояд.
Ҳукми намози ид чист?
Намози ид воҷиб аст. Ва он бар касе, ки намози ҷумъа бар вай воҷиб бошад.
Ҳукми намози ид чист?
Воҷиб будани намози ид бо пайваста анҷом додани Расулуллоҳ ва ягон вақт тарк накардани он собит шудааст.
Далели вуҷубияти ид гуфтаи Худованди мутаъол: “Фасалли ли раббика ванҳар”. (Пас барои Парвардигорат намоз бигузор ва наҳр (забҳи қурбонӣ) намо). Кавсар:2. Гуфта шудааст, ки мурод ба намоз дар оят намози иди азҳо (Қурбон) мебошад. Ва гуфтаи Худованди мутаъол: “Қад афлаҳа ман тазакко ва закарасма раббиҳи фасалло”. (Ҳамоно комёбу пирӯз шудааст касе, ки худро пок намудааст ва (касе, ки) номи Парвардигорашро ба ёд оварда намоз гузоридааст) Аъло:14-15. Яъне намози иди фитр.
Шартҳои воҷиб гардидани намози ид кадом аст?
Ҳамон шартҳое, ки дар воҷиб гардидани намози ҷумъа мебошанд ҳамон шартҳоянд, магар хутба, ки хутба дар намози ид суннат аст, чунки он баъди намоз мебошад, вале дар намози ид воҷиб аст ва он пеш аз намози ҷумъа хонда мешавад.
Барои намози идро гузоранда, чӣ чиз суннат аст?
1- Пеш аз намози иди фитр се хурмо пеш аз баромаданаш ба намозгоҳ бихӯрад, ба далели ҳадиси Анас (р), ки гуфт: Расулуллоҳ (с) дар рӯзи иди фитр намерафт, то ки се хурмо намехурд. Бухорӣ. Ва дар ривоти дигар омада, ки “онҳоро тоқ мехӯрд”. Ва ин ки пеш аз намози иди Азҳо (Қурбон) чизе нахӯрад, то вақти баргаштанаш аз намози ид. Пас омада забҳ менамояд ва аз қурбонияш аввалин чизе аст, ки мехӯрад. Ба далели ҳадиси Бурайда (р), ки гуфт: Паёмбар (с) дар рӯзи иди фитр берун намебаромад, то намехӯрд ва дар рӯзи иди азҳо чизе намехӯрд, то ки намози намегузорид. Тирмизӣ.
2- Ғусл намояд.
3- Хӯшбӯӣ намояд ва беҳтарин либосашро ба бар намояд. Ба далели ончӣ Ҷобир (р) ривоят карда, ки Расулуллоҳ (с) дар ду намози ид ва намози ҷумъа Бурдаи сурхашро мепӯшид. Байҳақӣ.
4- Мисвок бизанад, яъне дандонҳояшро бишӯяд. Ба далели ҳадиси собиқ, ки дар идомааш омадааст: “Эй ҷамоаи мусалмонҳо! Ин рӯзе аст, ки Аллоҳ онро барои мусалмонҳо ид қарор додааст, пас ғусл намоед ва касе хушбӯӣ дошта бошад зараре надорад, ки аз он бар худ бимолад, ва бар шумо лозим аст, ки мисвок намоед”. Муваттаъ.
5- Хурсандӣ ва шодмониро дар чеҳрааш аз худ барои касе, ки вомехӯрад нишон диҳад. Ба далели ончӣ Ҳабиб аз Умари Ансорӣ ривоят кардааст, ки гуфт: Падарам ба ман гуфт: “Ман Восиларо дар рӯзи ид вохӯрда ва гуфтам: Тақаббалаллоҳу минно ва минкум (Аллоҳ аз мо ва шумо қабул фармояд). Ӯ гуфт: Тақаббалаллоҳу минно ва минкум”. Ин далели хурсандӣ ва шодӣ аст ва дуои табрикотӣ мебошад. Маҷмаъуззавоид.
6- Дар ин рӯз бисёр садақа намояд. (агар иди фитр бошад, барои касе ки бар он воҷиб бошад, садақаи фитрро пеш аз намозгоҳ баромадан адо намояд).
7- Барвақт ба намозгоҳ ҳозир шавад ва босуръату бо нашот, пиёда бо оромишу вақор, шитоб намояд. Ба қавли имом сиррӣ такбир бигуяд ва ба қавли имомайн баланд бигуяд. Ба далели ҳадиси Алӣ (р), ки гуфт: Аз суннат ин аст, ки ба ид пиёда барои. Тирмизӣ.
8- Ин ки аз як роҳ биравад ва дар баргаштан аз роҳи дигар баргардад, то малоик бар ӯ шоҳидӣ диҳанд. Ба далели ҳадиси Ҷобир (р) ки гуфт: “Расулуллоҳ (с) вақте рӯзи ид мешуд, роҳро хилоф мекард”, яъне ба роҳи дигар бармегашт. Бухорӣ.
9- Ин ки пеш аз намози ид намози нафл мутлақан нахонад. Ва на баъди он дар масҷид. Ба далели ибни Аббос (р), ки Расулуллоҳ (с) “дар рӯзи иди азҳо ё фитр баромад, пас ду ракаъат намоз гузорид. На пеш аз он ва на баъд аз он намозе нагузорид”. Муслим. Яъне дар масҷид. Вале дар хона омадааст, ки вақте бармегашт ду ракаъат намоз мегузорид. Инро Абусаъид Хидрӣ (р) ривоят кардааст дар Мустадрак.
Вақти намози ид кадом вақт аст?
Аз баланд шудани офтоб дар осмон ба андозаи як найза ё ду найза то пеш аз завол, то пеш аз рост шудани офтоб дар миёнаи осмон. Агар пеш аз он вақт онро хонд, он намози нафли муҳаррам мебошад. Дар намози иди Азҳо (Қурбор) шитоб кардан ва дар намози иди фитр каме таъхир кардан мустаҳаб мебошад. Ба далели ончӣ Абуҳувайрис (р) ривоят кардааст, ки Расулуллоҳ (с) ба Амр ибни Ҳазм, дар ҳоле ки ӯ масъулияти Наҷронро ба душ дошт, навишт: “Азҳоро шитоб кун ва Фитрро таъхир намо”. Байҳақӣ.
Намозро чигуна бигузорад?
- 1.Ният кунад, бо иқтидо намудан ба имом.
- 2.Имом ва муқтадӣ ҳарду дуои саноро мехонанд, Субҳонакаллоҳумма-ро.
- 3.Имом ва муқтадӣ се такбир мегуянд, ки дар миён онҳо каме сакта намоянд, ба миқдори гуфтани Субҳоналлоҳи валҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар. Дар вақти ҳар такбир гуфтан дастонашро мебардорад.
- 4.Имом аъузу бисмиллоҳро паст мегуяд ва фотиҳаи китоб ва сураеро мехонад. Мустаҳаб аст, ки сураи Аъло бошад, (Саббиҳисма раббик..), ба далели ончӣ Нуъмон ибни Башир (р) ривоят карда: “Расулуллоҳ (с) дар ҳарду намози ид ва намози ҷумъа Саббиҳисма раббикал аъло ва Ҳал атока ҳадисул ғошия-ро мехонд”. Муслим.
- 5.Сипас имом рукуъ мекунад ва муқтадӣ низ пайравӣ менамояд.
- 6.Сипас имом бисмиллоҳ гуфта сураи фотиҳа ва сураеро мехонад, беҳтар ин аст, ки сураи Ғошия бошад. Ба далели ҳадиси собиқ.
- 7.Баъди қироат пеш аз рукуъ кардан дар ракаъати дуввум имом ва қавм се маротиба такбир мегуяд (Аллоҳу акбар) агар имом бештар гуфт, муқтадӣ пайравӣ мекунад, муҳим ин ки бисёр зиёд нашавад.
- 8.Имом баъди намози ду хутба мехонад, ки дар аввалаш ҳукмҳои садақаи фитр ё қурбониро ва такбироти ташриқро мефаҳмонад.
- 9.Имом дар миёни ду хутба ҷалсаи сабуке менамояд.
- 10.Касе таъхир кард ба танҳоӣ онро намегузорад.
Такбирҳои ташриқ кадомҳоянд?
Такбирҳои ташриқ инҳоянд: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳи аллаллоҳ. (ва) Аллоҳу акбар ва лиллоҳил ҳамд..
Инҳоро баъд аз фарзи намози бомдоди рӯзи арафа гуфтанашро шуруъ мекунад ва то асри сеюм рӯзи ташриқ баъди ҳар намози фарз мегуяд.
Камтаринаш як маротиба мебошад.
Валлоҳу аъламу биссавоб.
Таҷдиди охирон (20.08.18 15:37)