13 гостей на сайте
Муомилаи ту бо Аллоҳ таъоло чигуна аст-22
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор, Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Алҳамду лиллҳои рабби-л-ъоламин. Ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ (с) ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин. Аммо баъд...
Бо Худованд чигуна муносибат ва рафтор хоҳи кард, вақте туро озмоиш кард?
Парвардигорамон бандагонашро ҳар рӯз озмоиш ё санҷишу имтиҳон менамояд. Баъзе аз онҳо дар ин имтиҳону озмоишҳо устувор боқӣ мемонанд ва баъзеи дигар аз онҳо устувор намемонанд. Худованд инро донистааст ва дилҳои онҳоро ба кадом тарафе, ки хост, мегардонад. Зеро қалбҳо дар дасти ӯст ва ӯ субҳонаҳу ва таъоло муқаллибу-л-қулуб, яъне гардонандаи дилҳост.
Оё нашунидаи, ки Паёмбар (с), вақте мехост савганд бихурад, чигуна савганд мехурд? Ӯ мегуфт, ки: "Ва муқаллиби-л- қулуб", (Савганд ба гардонандаи қалбҳо). Баъзе аз аҳли илм мегуяд, қалбҳо дар дигаргуншавӣ ва чаппаву роста шуданашон аз дег, вақте ки ба ҷуш омада бошад, дида тез дигаргуншавандатар мебошанд.
Бо Худованд чигуна муносибат ва рафтор хоҳи кард, вақте туро озмоиш кард?
Оё дар ҳаёт инсонеро надидаи, ки бар ҳидояту салоҳ буд, пойбанд ба дин буд, ногаҳон сарнагун шуд, то андозае ки гуноҳони кабираро низ анҷом медодагӣ шуд? Ман аз ин ҷумла дар ҳаётам нафарони зиёдеро дидаам. Ин чизи аҷиб нест. Ҷои тааҷҷуб нест, ки инсон сарнагун шавад. Ин табиист. Ин асл аст. Ба далели гуфтаи Имом Ҳасани Басрӣ (раҳ), ки гуфтааст: "Аз касе, ки ҳалок шуд, тааҷҷуб макун чигуна ӯ ҳалок шуд? Балки аҷаб аз касе аст, ки наҷот ёфтааст, ки ӯ чигуна наҷот ёфтааст?". Агар инсон бар ҳидоят, намоз, некӣ ба падару модар ва нахурдани моли ҳаром, то вақте ки вафот кунад, бар он идома диҳад, ин ҷои аҷаб аст. Аммо агар сарнагун шуд, ин масъалаи оддӣ аст. Аллоҳ таъоло мегуяд: "Ҳарчанд ту ба имон (оварданашон) ҳарис боши, бештари мардум имон намеоваранд", Юсуф:103. Инро мулоҳиза намо, ҳатто агар Расулуллоҳ (с) бар имон овардани онҳо хоҳиши сахт дошта бошад, ҳарис бошад ҳам, ки ин ҳақиқатро Қуръони карим сабт кардааст, бо вуҷуди ин бештари онҳо имон намеоваранд. Ҳар рӯзе Худованд бандагонеро гумроҳ мекунад ва дигар бандагониеро ҳидоят менамояд. Худованди мутаъол ҳар рӯз ин корро бардавом мекунад. Шояд мо ба ин навъ пайваст шавем ва шояд ба навъи дигар. Ҳар лаҳзае ин ҳолатҳо шуданаш мумкин аст. Пас яке аз мо аз кадомин навъҳо мебошад? "Худо ононеро, ки имон оварданд, ба гуфтори устувор дар зиндагонии дунё ва дар охират устувор медорад ва Худованд золимонро гумроҳ мекунад ва Худо ҳарчӣ хоҳад мекунад", Иброҳим: 27. Мумкин касе бигуяд, ки чун мавзуи ҳидоят ва гумроҳӣ дар дасти ман набошад, пас ман таслим мешавам, интизор мешавам, ки ба ман чӣ рух медиҳад. Чунки аслан ин амр дар дасти ман набудааст. На, чунин нест, ки эътиқод менамои. Парвардигорамон касеро ба гумроҳӣ маҷбур намекунад. Банда модоме, ки ба тарафи Худованд рӯй оваранда бошад ва ҳаракат намояд, ҳамоно Аллоҳ таъоло ба тарафи ӯ рӯй меоаварад, ҳидояташ мекунад ва илова бар ин барояш атову бахшишҳо мефармояд ва ӯро ҳаргиз тарк наменамояд. Магар ин ки ӯ худаш тоати Аллоҳ таъолоро тарк намояд. Агар банда тоати Аллоҳ таъолоро тарк намуд, Аллоҳ таъоло ӯро тарк мекунад, ҳамчуноне ки ӯ тасарруф кард. Аллоҳ таъоло фармудааст: "...пас ҳангоме, ки аз ҳақ мунҳариф шуданд, Худованд дилҳои онҳоро мунҳариф намуд. Ва Худованд фосиқонро ҳидоят намекунад". Саф:5. Мулоҳиза намо: "...Ҳамоно Худованд ҳоли ҳеч қавмеро дигаргун нахоҳад кард, то замоне, ки он қавм худашон ҳолашонро тағйир диҳанд...", Раъд: 11. Чунки ҳеч кас аз гуноҳ холӣ нест. Солеҳон дар биму тарс буданд, ки Худованд онҳоро тарк намояд, пас дар натиҷа онҳо гумроҳ шаванд. Аз ин ҷиҳат буда, ки ҳамеша онҳо тарсу бим доштанд. Худованд дар сураи Оли Имрон дуои онҳоро зикр намудааст, ки онҳо мегуфтанд: "Парвардигорамон! Дилҳои моро ба ботил майл мадеҳ, баъди онки ба ҳақ ҳидоят намуди. Ва аз назди худ ба мо раҳмате бибахшой, ки туи бисёр бахшанда. Парвардигоро! Ҳамоно туи гирдоварандаи мардум барои рӯзе, ки дар он шаке нест. Ҳамоно Худованд ваъдаро хилоф накунад", Оли Имрон: 8-9. Вақте Парвардигорашон онҳоро тарсону бимнок дид, бар онҳо фазл намуда устуворашон гардонид ва боқияшон гузошт, то замоне ки онҳоро бар шаҳодати Ло илоҳи иллалоҳ, ва Муҳаммад расулуллоҳ (с) бимиронид. Аз Худованд талаб менамоем, ки мо ва шуморо ҳамагӣ бар он ва бар амал кардани бар он, то рӯзи қиёмат, устувор нигоҳ дорад.
Парвардигорамон бандаашро ҳар рӯз озмоиш мекунад. Оё устувор боқӣ мемонад ё не. Агар пурсон шави, ки бар тоат чигуна устувор боқӣ монам?
Ҷавоб ин аст, ки: Агар аз Худованд бихоҳи, ки туро устувор намояд;
- 1)як масъалае аст, ки лозим аст бар он ҳарис боши, ки Худованд дар қалби ту онро ҳаргиз набинад.
- 2)Масъалаи дигаре аст, ки бар ту воҷиб аст, ки Худованд онро дар қалби ту бубинад, то дар натиҷа туро дар вақти озмоиш устувор бигардонад. Пас инҳо ду масълаанд.
Аммо он чизе, ки лозим аст дар қалбат вуҷуд надошта бошад, он эътимод намудан ва мағруру фирефта шудан ба тоатҳо аст. Агар инсон ба тоаташ фирефта шуд ва мағрур гардид, бар ин инсон хавф аст. Ӯ худро аз аҳли тоат, аз аҳли масоҷид, асҳоби суннатҳо ва мустаҳабҳо мешуморад. Ӯ аз кирдорҳои зино, хамр ва дигар маъсиятҳо дар кадом ҷойгоҳ қарор дорад? Касе чунин бошад, бар он хавф аст. Чунки сабаби бар тоат буданат, ин танҳо фазли Худовандӣ бар туст ва устувор нигаҳ доштани Ӯ турост, на ин ки ҳасанотат ва тоатат сабаби ин бошад. Ҳатман чунин ин аст, ки агар Худованд моро устувор нигоҳ намедошт ва ҳидоятамон намекард, ҳамаи мо Худовандро ба сурате, ки сазовор аст итоат намекардем ва корҳои некро анҷом надодем ва дар натиҷа ба ҷаннат аслан дохил намешудем. Оё нисбат ба саҳоба (р) ҳам чунин аст? Бале, ҳатто саҳобаи киром (р) ҳам. Ҳатман чунин аст, ки агар Худованд бар онҳо фазилат намениҳод, онҳо бар он хайр ва бар тоат намебуданд. Худованд бар саҳоба (р) фазилат ниҳод, пас дар ин роҳ устуворашон гардонид. Худованд фармудааст: "...Агар фазли Худованд ва раҳматаш бар шумо намебуд, аз шумо ҳечгоҳ касе пок намешуд...", Нур: 21. Ҳатто ин амр нисбат ба Расулулоҳ (с) чунин аст? Бале, ҳатто нисбат ба Расулуллоҳ (с) ҳам чунин аст. Бо вуҷуди он ки дар Расулуллоҳ (с) аз хайр ва фазл вуҷуд дорад, агар Худованд устувораш намекард ва ҳидояташ наменамуд, ҳаргиз ҳидоят намеёфт (с). Ин гуфта каломи яке аз моён нест. "Ва агар туро устувор намедоштем, қатъан наздик буд, касе ба сӯи онон мутамоил шави (майл намои)", Исро: 74. Мулоҳиза кун, " Ва агар туро устувор намедоштем ...". Худованд дар охири оят мефармояд: "Дар он сурат, ҳатман туро ду баробар (дар) зиндагӣ ва ду баробар (пас аз) марг (азоб) мечашонидем...", Исро: 74. Валекин алҳамду лиллоҳ, ки Худованд устувораш нигаҳ дошт.
Агар масъала чунин бошад, пас ман кӣ ҳастам ва ту кистӣ, ки ҳатто бар амалҳоямон ва бар нафсҳоямон эътимоду боварӣ дошта бошем, ки сабаби наҷоти мо инҳоянд? Балки, савганд ба Худо, агар Худованд моро ба нафсҳоямон вогузор намояд, албатта гумроҳ мешудем. Расулуллоҳ (с) Парвардигорашро дуо карда мегуфт: “Ё ҳайю ё қайюм! Бираҳматика астағис. Аслиҳ ли шаъни куллаҳ ва ло такилни ило нафси тарфатаи ъайн”. (Эй зинда (-и комил) ва эй ҳамеша қоим бар умури махлуқотат. Ба раҳмати ту талаби наҷот мекунам. Тамоми шуъуни маро ислоҳ намо ва маро бар нафсам, ба андозаи як мижа таҳ кардан, вогузор макун). Пас аз ин гуфтаҳо барои мо маълум гардид, ки инсон набояд ба амалҳо ва ибодатҳояш такя намояд ва умедашро танҳо ба онҳо бандад, балки ин фирефта шудан аст, ки бояд онро аз қалбҳо дур намуд. Агар тавонистем ин фирефтагиро аз қалбҳоямон кашида берун кунем, боқӣ мемонад, ин ки масъалаи дигарро дар он бишинонем.
Масъалаи дигаре, ки Худованди мутаъол мехоҳад онро дар қалбҳои мо бубинад, он чист?
Он эътисом аст. Бар Худованд эътисом намо, то Худованд туро устувор намояд. Эътисом чӣ маъно дорад? Эътисом ин: Бо қалб бар Худованд эътимод ва бовар кардан, ва бо ҷасад анҷом додани тоатҳо мебошад. Қалби ту ба Худованд алоқаманд аст, танҳо Ӯст ки наҷоташ медиҳад. Ва ҷасадат бошад аз тоат кардан ва ибодат намудан таваққуф намекунад. Агар ба ҳар чизи дигар, ғайри Худованд эътисом намуди, пас ҳаргиз паноҳ дода намешави.
Вақте дар аҳди Нуҳ (а) туфон рух дод, Нуҳ (а) писарашро, ки дар гушае буд, нидо кард: "Эй писарам бо мо савор шав ва бо кофирон мабош. Гуфт ба кӯҳ паноҳ мебарам аз об маро нигаҳ дорад". Падараш ба ӯ чӣ гуфт? Нуҳ (а) ба ӯ гуфт: "Гуфт: имрӯз ҳеч нигаҳдорандае дар баробари фармони Худованд нест, магар онро ки Худо раҳм кунад. Ва (ногоҳ) миёни онҳо мавҷ монеа шуд, пас аз ғарқшудагон шуд.", Ҳуд: 43.
Яке аз донишмандонро ҳикоят мекунанд, ки ба шогирдаш гуфт: Агар шайтон хатоҳоро бар ту зиннат дод, бо ӯ чӣ кор мекуни? Гуфт: Бар зиддаш мубориза мебарам ва дар ин тамоми қувватамро сарф мекунам. Муаллимаш ба ӯ гуфт: Агар шайтон боз баргашта омад? Гуфт: Бар зиддаш мубориза мебарам ва тамоми кӯшишамро ба харҷ медиҳам. Гуфт: Агар боз баргашта омад? Гуфт: Бар зиддаш мубориза мебарам. Гуфт: Эй фарзандам ин бар ту тулонӣ мешавад. Оё диди, ки агар ба назди раммаи гусфандоне гузашти, саги он бар сари ту аккос зад ё саг туро аз гузаштан боздошт, чӣ кор мекуни? Гуфт: Онро дур мекунад ва чӣ қадар метавонам раддаш мекунам. Гуфт: Эй фарзандам ин бар ту тулонӣ мешавад. Валекин ба соҳиби ин рамма талаби ёрӣ намо ва ӯ барои ту сагашро кифояманд хоҳад шуд. Ту ҳам эй бародари гиромӣ, ба Худованд талаби ёрӣ намо, ӯ масъалаи шайтонро кифоямандат месозад. "Ва ҳар гоҳ васвасае аз шайтон ба ту расад, ба Худо паноҳ бар, ки ӯ шунаванда ва доност", Аъроф: 200. Агар Худованд содиқиятро дар эътисом намуданат ба ӯ донист (ва ҳол он ки Ӯ таъоло донои ошкору ниҳон ва аввалу охир аст) ва ин ки ту феълан хоҳони ҳидоят ҳасти, мехоҳи ки устувор боқӣ мони ва намехоҳи ки ба оташи дузах дохил шавӣ, ҳамоно ӯ туро наҷот медиҳад. Ва бар ту ба устувор мондан фазл мениҳад. Аммо касе, ки бар худаш эътимоду боварӣ мекунад ва бар тоатҳо ва ибодатҳояш такя менамояд, аммо бар Худованд эътисом намекунад, ин устувор нахоҳад монд.
Ба Юсуф (а) назар кун, вақте ки зани азизи Миср аз ӯ ком хост, ба ӯ чӣ гуфт? Оё гуфт, ки: Оё ман ба ту фоҳиша мекунам? Ман паёмбар, писари паёмбар, писари паёмбарам, ту аз ман комҷӯӣ мекуни? На. Инро нагуфт. Балки мустақиман ба Худованд эътисом намуда гуфт: "Паноҳ мебарам ба Худованд. Ҳамоно ӯ парвардигори ман, накӯ дошт ҷойгоҳи маро, ҳамоно растагор нашавад ситамгорон", Юсуф: 23. Аз ин ҷиҳат, ҳамсари азизи Миср баъд аз ин чӣ гуфт? Гуфт: "...Оре, ман аз ӯ ком хостам, вале ӯ худро нигоҳ дошт (паноҳ бурд, худдорӣ кард)...", Юсуф: 32.
Пас ҳар вақте ба ҷое ворид шуди, ки барои худат дар он аз фитна тарсидӣ, дарҳол ба Худованд эътисом намо (паноҳ биҷӯй). Бигу: Эй Парвардигорам! Ман ҳаргиз наҷот нахоҳам ёфт, магар ин ки ту наҷотам диҳи. Ва ҳаргиз устувор нахоҳам монд, магар ин ки ту маро устувор нигаҳ дори. Эй бори Худоё, баргардонандаи дилҳо, қалби маро ба динат устувор гардон. Эй бори илоҳо, гардонандаи қалбҳо, қалби маро ба таоатат сафарбар намо. Ба худат чунин назар манамо, ки ту аз ҷумлаи муқаррабон ҳасти. Балки ба ӯ бигу, ки: Нест илоҳе магар ту, пок асти ту, ман аз ҷумлаи золимон будам. Ба ӯ бигу: Парвардигорам, агар ту маро мағфират манамоӣ ва раҳмам накунӣ, аз ҷумлаи зиёндидагон хоҳам буд. Ин ҳангом аз дастат мегирад ва туро аз бандагони мухласаш (баргузидааш, ноолудааш) ихтиёр менамояд.
Таҷдиди охирон (21.11.18 18:56)