7 гостей на сайте
Дар баёни хавф (тарс)
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
Боби -1
Дар баёни хавф (тарс)
Аз Паёмбар -саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам- дар хабар омадааст, ки фармуданд: "Аллоҳ таъоло малоикае офарид, ки як боли он дар машриқ буд ва боли дигараш дар мағриб ва сари ў дар зери Арш буду қадамҳояш дар зери замини ҳафтум ва бар тани ў ба адади махлуқоти Аллоҳ таъоло пар буд. Агар марде ё зане аз умматам бар ман салавот фиристод, Аллоҳ таъоло он малоикаро амр мекунад, ки дар баҳре, ки аз нур аст дар зери Арш, ғутта занад, ў дар он ғутта мезанад, сипас берун меояд ва болашро меафшонад, ки аз ҳар паре қатрае мечакад. Аллоҳ таъоло аз ҳар қатрае малоикае меофарад, ки барои ў то рўзи қиёмат талаби мағфират мекунад".
Яке аз ҳакимон мефармояд: саломатии бадан дар камии таъом мебошад ва саломат мондани руҳ дар камии гуноҳон ва саломат мондани дин дар салавот фиристодан бар беҳтарини халқ -саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам-.
Аллоҳ таъоло мефармояд: "Эй камоне, ки имон овадаед! Тақвои Худоро пешаи худ кунед", яъне аз Худо битарсед. "ҳар як нафс назар андозад, ки барои фардояш чи аз пеш фиристодааст", яъне барои рўзи қиёмат амал кардааст. Ва маънояш ин аст, ки садақа кунед ва тоъатҳоро анҷом диҳед, то аҷри онро рўзи қиёмат ба даст оред. "Ва тақвои Худоро пеша гиред, ки Худованд ба ончи анҷом медиҳед бохабар аст"[1], чи аз неки бошад ё бадӣ. Малоикаҳо ва осмон ва замин ва шабу рўз, дар рўзи қиёмат ба он чи фарзанди Одам анҷом додааст аз некӣ ё бадӣ, тоъат ё нофармонӣ шаҳодат медиҳанд. Ҳатто, ки тамоми аъзои баданаш бар зидди вай шоҳидӣ медиҳанд. Замин барои муъмин ва парҳезкор шоҳидӣ дода мегўяд: рўи ман намоз гузошт ва рўза дошт ва ҳаҷ намуд ва ҷиҳод кард, пас муъмин ва парҳезкор хурсанд мешаванд. Ва бар кофир ва нофармонбардор шоҳидӣ дода мегўяд: рўи ман ширк овард ва зино кард ва май нўшид ва ҳаром хўрд. Э вой бар ҳоли ў, агар бораҳмтарини раҳмкунандаҳо ҳисоби ўро таҳқиқ кунад... (яъне агар ҳисоби ӯро бигирад албатта дар азоб гирфтор хоҳад шуд).
Мўъмин касе мебошад, ки аз Аллоҳ таъоло бо тамоми аъзои баданаш метарсад, ҳамчуноне, ки Абу Лайси фақиҳ мефармояд:
аломати тарси аз Аллоҳ таъоло дар ҳафт чиз намудор мегардад:
Аввалаш: Дар забонаш. Ўро аз дурўғ гуфтан ва ғайбат намудан ва суханчинӣ кардан ва буҳтон задан ва беҳуда гуфтан манъ мекунад ва ўро ба зикри Аллоҳ таъоло ва тиловати Қуръон ва омўзиши илм машғул месозад.
Дуввумаш: Дар дилаш. Аз он душманиву буҳтон кардан ва ҳасад бурдани бар бародаронро мебарорад.
Зеро, ки ҳасад ҳасанотро аз байн мебарад (яъне он аҷру савоберо, ки барои анҷом додани кори неке гирифта буд, онҳо аз дасташ мераванд). Ҳамчуноне, ки Паёмбар -саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам- фармуданд: "Ҳасад некиҳоро мехўрад, ҳамчуноне, ки оташ ҳезумро мехўрад". Бидон, ки ҳасад аз ҷумлаи бемориҳои бузурге дар дил мебошад, аммо бемориҳои дил бошанд тадовӣ ва илоҷ намеёбанд ба ҷуз бо илм ва амал.
Саввумаш: Дар нигоҳаш. Ки дигар ба ҳаром назар намекунад, чи аз хўрдани бошаду нўшиданӣ ва чи пушок ва ғайр аз ин. Ва на ба дунё ба назари борағбату хоҳиш менигарад, балки нигоҳ кардан ва назар намудани он барои ибрат гирифтан мебошад. Ва ба ончи ки барои ў ҳалол нест ба он назар намекунад, ҳамчуноне, ки Паёмбар -саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам- фармуданд: "касе, ки чашмонашро аз ҳаром пур кард, Аллоҳ таъоло чашмони ўро дар рўзи қиёмат аз оташи дузах пур мекунад".
Чаҳрумаш: Дар шиками ў. Дар шикамаш аз ҳаром чизеро дохил намекунад, ки ин бисёр гуноҳи калон мебошад, чигуна, ки Паёмбар -саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам- фармуданд: "агар луқмае аз ҳаром дар шиками фарзанди Одам воқеъ шавад, ўро то даме, ки он луқма дар шикамаш мебошад, ҳамаи малоикаҳое, ки дар замин ва осмон мебошанд лаънат мекунанд, агар бар он ҳол вафот кунад (яъне он луқма дар шикамаш бошад ва ў аз дунё даргузарад), бошишгоҳи ў ҷаҳаннам мебошад".
Панҷумаш: Дар дасти ў. Дасташро ба ҳаром дароз намекунад, балки ба ончизе дароз мекунад, ки дар он итоъати Аллоҳ таъоло бошад.
Аз Каъбул Аҳбор ривоят шуда, ки гуфтанд: Аллоҳ таъоло аз забарҷади сабз хонае офарида, ки дар он ҳафтод ҳазор хона мебошад ва дар ҳар хонае ҳафтод ҳазор хона. Бар касе намедарояд магар марде, ки бар вай ҳаром пешкаш карда мешавад, онро аз тарси Аллоҳ таъоло тарк мекунад.
Шашумаш: Дар қадами ў. Дар маъсияту нофармонии Худованд қадам намезанад, балки дар тоъату ризоии ў роҳ меравад ва ба сўҳбати олимон ва некўкорон.
Ҳафтумаш: Дар тоъати ў. Тоъаташро холис аз барои Худо анҷом медиҳад ва аз худнамоӣ ва мунофиқӣ метарсад, агар ин корро кард, пас ў аз ҷумлаи касоне мебошад, ки Аллоҳ таъоло дар ҳаққи онҳо фармудааст: "Ва охират дар назди Парвардигорат хоси мардуми ботақво аст"[2]. Ва дар ояти дигаре овадааст: "ба дурусти, ки парҳезгорон дар бўстонҳо ва чашмаҳоянд"[3]. Ва Аллоҳ таъоло мефармояд: "Ба дурусти, ки муттақиён дар бўстонҳо ва неъматҳоянд"[4]. Ва боз Аллоҳ таъоло мефармояд: "Ба ростӣ мардуми ботақво дар мақоме амин ҳастанд"[5]. Гўё ин ки Аллоҳ таъоло мефармояд: ба дурусти, ки онҳо дар рўзи қиёмат аз оташи дузах наҷот меёбанд. Ва барои марди муъмин лозим аст, ки дар байни хавфу раҷо, яъне тарсидан ва умедвор ҳам будан бошад, пас ба раҳмати Аллоҳ таъоло умед мебандад ва аз он ноумед намешавад, ҳамчуноне, ки Аллоҳ таъоло мефармояд: "Аз раҳмати Худованд ноумед набошед"[6]. Худовандро ибодат мекунад ва аз рафтору кирдори бадаш даст мекашад ва ба сўи Худованд тавба мекунад.
Ҳиоят: Ҳангоме, ки Довуд ъалайҳис салом дар савмаъаи худ нишаста буду Забурро тиловат мекард, ногаҳон як кирмаки сурхеро дар хок дид ва дар дилаш гузаронд, ки: Худованд дар (халқ кардани) ин кирмак чи ирода дошта бошад? Аллоҳ таъоло ба кирмак иҷоза дод, ки сухан бигуяд, пас гуфт: Эй Набийи Худо! Аммо рўзам бошад, маро Парвардигорам илҳом карда, ки дар ҳар рўзам бигўям: Субҳоналлоҳ вал ҳамду лиллоҳ ва ло илоҳа иллаллоҳ валлоҳу акбар, ҳазор маротиба. Аммо дар шаб бошад ба ман Парвардигорам илҳом карда, ки дар ҳар шаб бигўям: Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадинин набийилуммийи ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи ва саллам, ҳазор маротиба. Пас ту чи мегўӣ, то аз ту истифода кунам? Довуд ъалайҳиссалом бар таҳқир кардану паст задани ин кирмак пушаймон шуд ва аз Худованд тарсид ва ба сўи Ў тавба кард ва бар Ў таваккул намуд.
Иброҳими халил, салавоти Худо бар ў бод, ҳангоме, ки хатояшро ба ёд меовард беҳуш мешуд ва изтироби дили ў дар масофаи як мил дар як мил шунида мешуд.
Аллоҳ таъоло ба назди ў Ҷибриил ъалайҳиссалом-ро фиристод. Ў ба наздаш омада гуфт: Ҷаббор (яке аз номҳои Худованд аст) ба ту салом мефиристад ва мегўяд: Оё дўстеро дидаи, ки аз дўсташ метарсида бошад? Гуфт: Эй Ҷибриил! Вақте хатоямро ба хотир меорам ва дар ҷазои он меандешам дўстиамро фаромуш мекунам.
Ин аҳволи анбиёву авлиё ва некўкорону парҳезгорон мебошад, пас таамул намо!
(Мукошафатул қулуб)