5 гостей на сайте
Ин аст роҳи саъодат ва роҳи хушбахтӣ
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
Ин аст роҳи саъодат ва роҳи хушбахтӣ
Бар ту лозим аст, ки Қуръонро бо андеша ва тадаббур бихони ва зикри Аллоҳ таъолоро ҳамеша бисёр намои.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар бораи Китобаш вақте ба мо маълумот медиҳад, ки ин чӣ китобе аст, дар сураи "Сод" ояти 29 мефармояд: "Китобе муборак аст, ки онро бар ту нозил кардаем, то дар оятҳояш бияндешанд ва хирадмандон аз он панд гиранд".
Бале ин Китоб ин Қуръони карим муборак аст, яъне соҳиби баракот аст, ба воситаи он дар ҳаёти дунё ва охират барои инсон баракат мешавад. Дар ҳама бахши зиндаги чун Қуръони карим ба кор рафт он бахши зиндагӣ пурбаракат мегардад. Вале дар ҷое ё бахше, ки дар он Қуръон набошад, он бахши зиндагӣ аз баракат холи аст. Инсон вақте фаҳмишашро дар асоси Қуръон ба роҳ мемонад дар фаҳмиши ӯ баракат мешавад. Чизеро мефаҳмад, ки ҳаргиз аз фаҳмидани он пушаймон намешавад ва он фаҳмиш барои ӯ ҳамеша мояи ифтихор ва сарбаландӣ хоҳад буд. Вақте инсон ақидаашро дар асоси Қуръон ба роҳ мемонад беҳтарин ва росттарин ақидаро барои худ гирифтааст, ки дигар ақоид меоянду мераванд ва дар бисёр мавридҳо беасосиашон маълум мегадад, вале он чи аз Қуръони карим гирифта мешавад руз ба руз мустаҳкам ва зарурияти ҳаётиаш исбот мешавад. Дар мавриди тарбияи нафс, тарбия хонавода, тарбияи фарзанд дар ҳама ва ҳама бахшҳои ҳаёт чун бо роҳи Қуръон инсон роҳ меравад ва ба нишондодҳои он амал намуда ҳаёташро месозад, муҳкамтарин ва бообрумандтарин ва бобаракаттарин ҳаётро барои худ интихоб намудааст…
Ин Китобро Аллоҳ таъоло мефармояд, ки мо ба ту фуру фиристодем, барои чӣ? Ин гуна ҷавоб медиҳад, ки: барои он ки дар сари оятҳои он андеша ва тадаббур намоянд. Зеро ба андеша ва тадаббур маъонии гаронмояи он барои инсон маълум мешавад. Маъоние, ки то рузи қиёмат тамомшаванда нестанд. Маъонии Қуръонро барои ҳар давру замон барои ҳар макон ва эҳтиёҷоти замону макон истифода мебаранд ва барои ҳамаи мушкилиҳои замонӣ ва маконӣ ҷавобгу мебошад ва боз ҳам боқӣ мемонад. Маъонии ин Китоб тамом намешавад, зеро ки бобаракат аст ва аз ҷониби Аллоҳ таъоло аст, зеро ки Каломи Аллоҳ аст. Пас ин Калом бояд андеша карда шавад . Ин Китобе нест ки сар-сарӣ хонда шавад. Китобе аст, ки сари он бояд андеша карда шавад.
Ва боз дар ҳамон оят Худованд мефармояд, ки аз ин Китоб кӣ панд мегирад, аз он кӣ баҳрабардорӣ мекунад? Танҳо касоне, ки соҳиби хирад ва ақл мебошанд. Хирадмандон ва оқилонанд, ки аз ин Китоб баҳра мегиранд аз он истифода мекунанд онҳо хушбахтӣ ва саъодатро ба даст меоваранд.
Шояд суол шавад, ки чаро дар бораи ин Китоб андеша намоем, барои фаҳмидани маъно бошад ҳамон китобҳои тарҷума вуҷуд дорад ва баъзе тафсирҳо ҳам вуҷуд дорад, кифоя мекунад. Вале оё намебини, ки дар ҳаёте ки ба сар мебари танҳо як кор кардан ва моле ба даст овардан ва аз бозор ё дукон рафта эҳтиёҷатро гирифта овардан нест. Яъне ба ҳамин масъалаҳои ҳаёт тамом намешавад, гоҳо инсон мушкили аз ҷониби саломатии ҷисмониаш мешавад, гоҳо аз ҷиҳати асабаш, гоҳо дигар мушкилиаш аз ҷиҳати ҳамсараш ё фарзандаш ё бародараш ё хоҳараш ё дигар кас ва ғайра ва ғайра мушкилиҳое аст, ки танҳо бо кор карда пул ёфтан ҳамаи онҳоро ҳал карда намешавад ва лозим меояд ки барои ҳалли онҳо чора ва роҳҳои дигарро баназар гирифта бар пой хоста он мушкилиҳоро ҳал намои. Қуръон ҳам танҳо барои хондан нест, ту дар он барои ҳалли мушкилиҳои ақидавиат дар он посух пайдо мекуни, барои мушкилиҳои ахлоқиат роҳи ҳал меёби, барои мушкилиҳои муомила ва муносибатҳои тиҷоратиат роҳҳои ҳалро пайдо мекуни, барои муносибат ва муомила кардан бо ҳамҷинс ва ғайри он роҳҳои дурустро пайдо мекуни, пас ҳар мушкилие, ки дар ҳаёт дори барои онҳо дар Қуръон роҳи ҳал аст, ки барои расидани ба он роҳи ҳал, лозим меояд андеша намуд, то ба он расид.
Масъалаи дигар зикри Аллоҳ таъолоро намудан. Бисёр зикр намудан. аст Чаро зикр намудан ва чаро бисёр зикр намудан бошад?
Баргард ба ҳаёти худ. Дар ҳаёте, ки то ҳол ба сар мебари чиро зиёдтар дар борааш гап мезани? Номи чи бештар дар ёди ту мебошад? Бисёриҳо ба тариқи мисол дар мавриди мушкилиҳои рузгор гап мезананд, бисёриҳо баРусия ва дигар кишварҳо сафар мекунанд, ёд кардан , ба хотир овардан як тараф истад, барои ончи дар сар доранд Ватан ва хонаводаро ба муддате тарк мекунанд ва дар фироқи онҳо ба сар мебаранд. Ин ҳама барои он аст, ки он ҳаёт ва он молу манол ва эҳтиёҷот барои мо аҳамият дорад, мо доимо бо касе ё махсусан дустони наздик дар ин мавзуъҳо ҳарф мезанем. Ин далолатгари он аст, ки ин масъалаҳоро дуст медорем ва барои он ҳам доимо дар забони мо аст ва ҳатто барои расидан ба он сафар лозим бошад сафар мекунем, лозим омад Ватанро тарк мекунем, хонаводаро гузошта танҳо меравем. Вали-л-лоҳи-л-масалу-л-аъло. Худованд бояд дар дараҷаи аввал барои мо чизе бошад, ки мо ба он эҳтиёҷ дорем. Мо ва хонаводаи мо ва Ватани мо. Ҳама ва ҳама ба он эҳтиёҷ доранд, бояд дар ҳаёти ҳамаи мо аҳамияти аввалиндараҷаро дошта бошад, вақте чунин бошад бояд он дар забони мо ҳамеша бошад. Бо касе суҳбат накунем суҳбати мо аз он чизе, ки дар ёди он ҳастем ва мушкилие дорем, ки бояд ҳал шавад ин бошад, ки Аллоҳ аст. Мушкилии мо бояд дар хотир овардани кутоҳии худро нисбати неъматҳои фаровони Ӯ таъоло бошад. Нисбати ҳама раҳмат ва фазле, ки ба мо додааст. Инсон касеро доим бар забон меронад ки дусташ медорад ва ба он эҳтиёҷ дорад. Мо бояд инро дарк намоем, ки ба Аллоҳ таъоло сахт муҳтоҷем, мо Ӯро дуст медорем. Дустдории мо аз зану фарзанд ва ҳатто аз нафсҳоямон бояд болотар бошад.
Ин аст роҳи саъодат ва роҳи хушбахтӣ
Идома дорад...
Таҷдиди охирон (18.07.11 19:54)