55 гостей на сайте
Тазарруъ бартарин ибодати Худовандӣ
Китобхона - Қуръон в улуми он |
Тазарруъ бартарин ибодати Худовандӣ
Тазарруъ ба даргоҳи Худо аз муҳимтарин ибодатҳо ва омилҳои тақаррубу наздик шудан баХудованд ҷалла ҷалолуҳу аст. Тазарруъ ниҳояти фаҳми одамӣ дар ниёзмандӣ ба даргоҳи Худованд аст. Яъне тазарруъ ин аст, ки инсон дигар дар ҳақиқат мефаҳмад баъди ҳама андеша ва дарк намуданҳо, ки ӯ ба даргоҳи Аллоҳ таъоло сахт муҳтоҷ ва ниёзманд аст.
Тазарруъ ин аст, ки аз аъмоқи қалб ва руҳ фарёд баровари ва бо тамоми вуҷуд аз остонаи Парвардигори ҷаҳон талаби кумак ва ёрӣ намои. Дар пешгоҳи Худованди қодир ва муқтадир бо хоксорӣ ва худро паст гирифтан, гиря сар медиҳи ва бо чашмони ашкбор дастҳои ниёзмандатро то он ҷо ки метавони ба ҷониби Зоти ақдаси Ӯ баланд куни. Зарра-зарра ҷисмат ва тамоми руҳат ба даргоҳи Худованд нидо сар дода ва наҷоту пирузиатро аз Ӯ бихоҳи, аз Ӯ ки Молики ҳастӣ аст ва тавонои пирузӣ ва растагории туро дорад.
Тазарруъ ин дуъо кардан бо нолаву дард ва нидо сар додан бо фурӯтанӣ ва хузуъ аст.
Оҳ Худоё! Чи каломи зебое аст; агар маъноҳои онро бахубӣ дарк кунем.
Биё бо ҳамроҳи ман дар маънии тазарруъи воқеъӣ андеша ва тааммул намо; тазарруъ дар ҳангоми сахтиҳо ва мусибатҳо аз бартарин ибодатҳо аст.
Агар дар он шаб, ки дастҳоямонро бо хушуъу фурутанӣ ба даргоҳаш баланд кардем, назари лутфи Ӯро дарёбем, он гоҳ метавонем умедвор бошем, ки Худованд дуъоҳоямонро иҷобат мекунад; аммо бояд ибтидо тазарруъро биёмузем ва маънияшро комилан дарк кунем.
Оё медони, ки тазурруъ ибодате аст барои онон, ки роҳашонро гум карда ва саргардон шудаанд; пас биё то биёмузем, ки чигуна дар остонаи Зоти Худовандиаш ба хориву хоксории худ ва пастмақомии худ иқрор намоем ва бигуем: Ё Рабб! Ё Рабб!
Ин иборатро бояд ҳаммонанди касе адо кунем, ки киштиаш ғарқ шуда ва дар паҳнои дарё ҷуз такячубе дар даст надорад ва шурии оби дарё лаҳза ба лаҳза онро пусидатар карда ва чашми интизори аз байн рафтани он аст, оё шунидаи ки чигуна - дур аз дастраси мардум- дар миёни амвоҷ нола сар дода ва чашмҳояш ба суи осмон чира шудааст? Ҳар бор ки мегуяд: Ё Рабб! Ё Рабб! Гуи, ки қалбаш аз ҷо канда мешавад. Оре, мафҳуми ҳақиқии тазарруъ чунин аст.
Оятҳое аз Қуръони карим дар бораи тазарруъ
Худованд мефармояд:
"Ва ба ростӣ пеш аз ту (паёмбароне) ба сӯи умматҳо (-и пешин) фиристодем ва ононро ба тангдастӣ ва нохушӣ дучор сохтем, то зорӣ (ва хоксорӣ) намоянд, пас чаро ҳангоме ки азоби мо ба суроғашон омад зорӣ ва хоксорӣ накарданд? Оре! Дилҳояшон сахт шуда ва шайтон, кору кирдорашонро дар назарашон биёрост" оят.
Онон фақат ҳангоми гирифториҳо ва мусибатҳо ба даргоҳи Худо тазарруъ мекунанд, оё мо ҳам монанди онон нестем? Эй уммати исломӣ! Агар имрӯз ба тазарруъу зорӣ напардозем, пас чӣ вақт бояд ин корро анҷом диҳем? Мо бояд ҳамвора ва дар ҳар замоне ба даргоҳи Худованд тазарруъ кунем, ҳоли худамонро бояд бингарем ва мусибатҳои уммати исломӣ - аъам аз ҷангҳо ва бадбахтиҳо - ро наззора кунем ва оҷизона ба тазурруъ ва зорӣ бипардозем.
"Бигу чи касе шуморо аз торикиҳои хушкӣ ва дарё мераҳонад? (Замоне) ки ӯро ба зорӣ ва пинҳонӣ мехонед (ва мегуед) агар моро аз ин (ҳалокатгоҳ) наҷот диҳад, бегумон аз сипосгузорон хоҳем шуд. Бигу Худованд шуморо аз он наҷот медиҳад ва низ аз ҳар гирифторӣ ва боз шумо шарик меоваред" оят.
Оҳ, Худоё! Ба ин каломи зебои Худованд ҷалла ҷалолуҳу бингаред! Аз Худованд мехоҳем, ки моро аз он чи ки ба хотири он тазарруъ мекунем ва аз ҳар балои дигар, наҷот дода ва моро ба лутфи худ аз гуруҳе, ки ин оят ононро сарзаниш мекунад, маҳсуб нафармояд; онон, ки пас аз наҷот аз балоҳо, ба Худо шарик меварзиданд. Дар поён аз Худованди мутаъол мехоҳем, ки моро дар сояи имонамон ба растагорӣ бирасонад.
"Ва ҳеч паёмбаре ба ҳеч шаҳре нафиристодем, магар он ки аҳли онро ба тангдастӣ ва нохушӣ дучор кардем, то зорӣ ва хоксорӣ кунанд"Сураи Аъроф: 94..
"Ва оё аҳли шаҳрҳо эминанд аз ин азоби шабона ки ба суроғи эшон биёяд ва эшон хуфта бошанд?! Ва оё эминанд аҳли шаҳрҳо ки азоби мо дар руз ба ҳангоме, ки саргарми бозианд ба суроғашон биёед?!"Сураи Аъроф: 97-98.
Яъне онон ки намехоҳанд дар остонаи даргоҳи Худованд ба тазарруъ ва фурутанӣ бипардозанд дучори уқубат ва азоби Худованд хоҳанд шуд.
Азизон! Дучор шудан ба уқубати Худованд ба сабаби ғафлат (Аз зикру иҷрои амрҳо ва иҷтиноб (дурӣ) аз навоҳии (манъкардаҳои) Зоти ақдасаш) бар мо осон ва қобили таҳаммул нест ва танҳо чизе, ки моро аз он уқубат наҷот хоҳад дод, фақат чизе аст, ки гузаштагонро наҷот додааст ва он ҳам тазарруъ ва зорӣ ба даргоҳи Худованд аст. Тазарруъ ҷузви қонуни шарт ва ҷавоб аст; (Пас ҳар гоҳ дар пешгоҳи Худованд хозиъона ва фурутанона ба гиря афтодем, Худованд дархостҳоямонро иҷобат хоҳад кард).
"Ва агар бар онон раҳмат меовардем ва балоеро ки дучораш буданд мегардонидем, дар туғёнашон бо саргаштагӣ пой мефишурданд ва ба ростӣ ононро бо азоб фуру гирифтем, ва дар баробари Парвардигорашон зорӣ ва хоксорӣ накарданд"Сураи Муъминон: 75-76.
Оре, ҳама чашми интизори муъҷизае ҳастанд ва ҳатто худашонро заҳмат намедиҳанд, ки ба даргоҳи Худо дуъо кунанд. Ҳамагӣ интизори саъодат ва хушбатиро аз дигарон доранд, аз онон ки дар сарзаминҳои маъдуде ба саъю кушиш машғули мубориза ҳастанд.
Ва мебини, ки Худованд моро ба азобҳои пай дар пай мубтало месозад ва бо камоли таассуф, ҳеч кас дар роҳи бозгашт ба Худо ва тазарруъ ба даргоҳи Ӯ ба худ ҳаракате намедиҳад.
Бар мост ки ба суи Худованд бозгардем; зеро Худованд мусибатҳо ва балоҳоро сирфан ба манзури бозгашти мо ба суи Ӯ ва тазарруъ ва зорӣ ба даргоҳаш бар мо нозил мекунад, пас агар ба суи Ӯ боз нагардем балоҳо шадидтар ва мусибатҳо сахттар хоҳанд шуд.
Гоҳо ибодатҳоро фаромуш мекунем, вале Худованд моро ба анҷоми онҳо даъват менамояд. Пас эй азизи ман! Барҳазар бош ба мусибате гирифтор нашави, магар ин ки ба даргоҳи Худованд тазарруъ куни. Ҳеч гоҳ ноумед машав ва касеро сарзаниш макун, умед ба Худо ҳамвора вуҷуд дорад; умед ба Молики тамоми ҳастӣ ва он чи дар ӯст ва Молики он чи ки бар руи замин аст, Ӯ ки тағйири асбоб ва иллатҳо ба дасти қудраташ дар миёни "ду" ҳарф "коф" ва "нун" дорад. Ин ишора ба ояти 40 сураи Наҳл аст, ки мефармояд: "Сухани мо дар бораи чизе, ки иродаашро кардаем, фақат ин аст, ки ба он мегуем: мавҷуд шав, ва бе даранг (бе ин ки фурсате гузарад) мавҷуд мешавад".
Идома дорад...
Таҷдиди охирон (18.07.11 20:54)