4 гостей на сайте
Андеша кун ва шукр намо
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
Ай бандаи Худо!
Эй касе, ки норозӣ ва ноором, ғамгину андуҳзада ва парешонхотир мебоши!
Эй касе, ки гумон дори, ки дар ин дунё ту танҳои, касе надори, чизе надори…!
Чаро як бор ба ҳақиқати чизҳо назар намекуни?
Чаро як бор ҳақиқатро дарк наменамои?
Чаро дарку биниши сатҳии худро ҳамчун ҳақиқати ҳама корҳо қарор медиҳи, ки гуё ончи ту фаҳмидаи ва дидаи ана ҳамин ҳақиқат ҳасту бас?
Оё ту бар натиҷагии худ қаноатмандӣ?
Як бор, танҳо як бор назар ва андешаи дигар намо. Як бори дунёро аз дигар ҷониб назар кун. Як бор ҳақиқатро ҳамчун ҳақиқат пайдо кун. Як бор андеша намо. Андешаи дигар. Шукр намо. Шукр гузоштани дигар. Андешае, ки ба ҳақиқат мерасад ва роҳат мекунад. Шукронае, ки бузургии неъматҳо ва бисёрии онҳоро дарк мекунад ва камӣ ва нуқсони худро дар баробари неъматҳо эҳсос мекунад.
Андеша кун!!!!!!!!!!!
Шукр намо!!!!!!!!!!!
Маънояш ин аст, ки неъматҳоеро, ки Худованди мутаъол бар ту арзонӣ фармудааст ба ёд овари, бечун хоҳи дид, ки онҳо туро фаро гирифтаанд, чи аз болои сарат ва чи аз зери қадамҳоят. "Агар шумо неъматҳои Аллоҳ таъолоро бихоҳед, ки бишуморед, онро ба шумор оварда наметавонед…" (Сураи Наҳл:18). Саломатии бадан, амнияту тенҷии ватан, ғизову пушок, ҳавову об… ту дорои дунё ҳасти ҳол он ки инро эҳсос намекуни, ҳаётро дар даст дори вале инро намедони. "...Ва неъматҳои зоҳири ва ботинии худро барои шумо фаровон намудааст..."(Сураи Луқмон:20). Ду чашм дори, забон дори, ду лаб дори, дорои ду дасту ду пой мебоши… "Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигори худро инкор мекунед?" (Сураи ар-Раҳмон:13).
Оё ин масъалаи бар руи поҳоят қадам задан осон аст, ҳол он ки бисёре аз қадамҳое ҳастанд, ки бурида шудаанд? Оё ин масъала осон аст, ки бар руи соқҳои поят такя намои, ҳол он ки соқҳои пое ҳастанд, ки қатъ карда шудаанд? Оё сазовор аст, ки ту бо чашмонат хоби комил барви, ҳол он ки дард хоби бисёр касонеро аз байн бурдааст? Ва ин ки меъдаатро аз таъоми гуворо ва мехостаат пур намои ва аз оби хунук сероб шави, дар ҳоле ки мардумоне ҳастанд, ки бар онҳо таъому шаробро фурӯ бурданд дарднок шудааст ба сабаби бемориҳо ва дардҳо? Дар бораи шунавоият андеша кун, ки аз карӣ саломат мондаи ва дар бораи биноият андеша намо, ки аз курӣ саломат мебоши ва ба пустат назар кун, ки аз песӣ ва дигар касалиҳои пустӣ наҷот ёфтаи. Ба ақлат фикр кун, ки ба ҳозир будани он ин неъматро доро ҳасти ва ба дарди девонагию беақли мубтало нести.
Оё ту дар баробари як чашмат мехоҳи, ки ба монанди куҳи Уҳуд ба ту тилло бидиҳанд ва ту онро бидиҳи?
Оё ту шунавоиятро дуст медори, ки бифуруши дар бадали нуқра ба миқдори куҳи Наҳлон?
Оё қасрҳои Заҳроро дар баробари забонат мехари, ки худ баъд аз он безабону гунг боши?
Оё дар баробари миқдоре аз луълуъу ёқут ду дастонатро иваз медиҳи, ки баъди он дастбурида боши?
Дар ҳақиқат андеша намо, фикр кун, назар намо, ки ту дар неъматҳои фаровон ва фазлҳои бузург воқеъ ҳасти, лекин ту инро намедони. Ту ғаму андуҳгин ва фалокатзада зиндагӣ мекуни, ҳол он ки нони гарм дори ва оби хунук дори ва хоби хуш ва саломатӣ дори. Дар бораи чизи набуда андеша мекуни, вале ончи мавҷуд аст шукронаи онро намегуи. Аз зарару зиёни молӣ ноором мешави дар ҳоле, ки калиди саъодату хушбахтӣ ва миқдори фаровоне аз хайру додихудоҳо ва неъмату чизҳо дар дасти ту аст, пас фикру андеша намо. "ва (низ) дар вуҷуди шумо (нишонаҳое аст), оё намебинед" (Сураи Зориёт:21).
Дар нафси худат ва аҳлат ва хонаат ва кору борат ва саломатиат ва дустонат ва дунёе, ки дар атрофи ту мебошад, андеша намо. "Онон неъмати Худоро мешиносанд, сипас (аз руи кибру лаҷоҷат) онро инкор мекунанд ва бештарашон кофиранд" Сураи Наҳл: 83.
……
Диди, ки чи қадар неъматҳо дори?
Онҳоро барои ман шуморида метавони?
Инҳо неъмат нестанд?
Неъматҳое, ки дори танҳо ҳаминҳоянд, ё боз дигар неъматҳое, ки онҳоро пай бурди вале наметавони онҳоро ба шумор биёварӣ?
Инаст он ҳақиқате, ки ҳаст. Ин ҳақиқат аст.
Пас оё ба ин ҳақиқат шукргузорӣ намуди?
Дидӣ, ки танҳо нести, дидӣ ки бе чиз нести, дидӣ неъматҳои фаровоне ба ту дода шудааст ва аз адои шукри он сустӣ меварзи?
Инаст натиҷаи андешаи дуруст. То ба тақсиру кутоҳии худ бираси, ки дар баробари ин ҳама неъматҳо ман шукронаро ба ҳаққаш адо накардаам.