7 гостей на сайте
Рисолае ба занҳои мусалмон ба муносибати моҳи рамазон.
Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
Рисолае ба занҳои мусалмон ба муносибати моҳи рамазон.
Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин вассалоту вассалому ъало Расулиллоҳ ва олиҳи ва саҳбиҳи ва баъд…
Ай хоҳари мусалмон! Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Мо мақоми занро ба ҳақиқат аз рисолати Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ба башарият шинохтем. Агар ин рисолати ҷовидона намебуд, зан дар як макон дар хурдиаш зинда дар гур монда мешуд ва дар ҷои дигар чун мол ба мерос бурда мешуд ва дар ҷои дигар баъд аз фавти шавҳараш дунёи у тамом мегашт ва ғайра ва ғайра ҳолатҳои ваҳшонияте нисбати зан дар ин олам вуҷуд дошт. Ҳатто дар таърихи қадимаи тоҷикон қарибтарин хешовандон мисли маҳрамҳои худро ба никоҳ даровардани кори одди буд. Вале Ислом омад ва ҷойгоҳи занро барои мо нишон дод, ки зан низ ҳаммонанди мардон аст, фақат фарқ дар ин аст, ки яке хислат ва хусусиятҳоеро доро аст, ки дигар он хислат ва хусусиятҳоро надорад, бинобар ҳамин ҳам вазифаҳо дар ҳаёт мувофиқи хислат ва хусусиятҳо тақсим карда шудаанд. Ин аст баробарие, ки Ислом барои мо нишон додааст ва инро қабул дорем вале он баробариеро, ки зан дар баробари мардон оҳангар бошад, боркаш бошад, вазифаҳои сангине, ки барои мардон рост меояд, ин баробариро қабул надорем. Расуллоҳ (с) занро ба райҳон ташбеҳ кардааст, ки он хушбӯй бояд бошад, на қаҳрамоне, ки аз мардон дар бардоштани вазнии ҳаёт пешдастӣ намояд. Ба ҳар ҳол суҳбати мо имруз бо хоҳари мусалмон, бо модари мусалмон ва бо фарзанди духтари мусалмон мебошад.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мусалмонзанҳо, муъминаҳо, занҳои сабркунанда ва фурутанро мадҳу ситоиш намуда, онҳоро васф кардааст, ки «Ва нигаҳдорони (номуси худ ва амволи шавҳаранд) дар ғиёби ӯ бадон гуна, ки Худо ҳифз кардааст», яъне онҳо ҳам номуси худро ва амволи шавҳарро дар вақти набуданашон ҳимоят ва ҳифозат мекунанд. Вақте Аллоҳ таъоло мардони шоистаро зикр кард, дар идомаи он фардмудааст, ки: «Пас Парвардигорашон (дуъои) онҳоро қабул кард (ва гуфт) ба ростӣ ман амали ҳеч амалкунандае аз шуморо аз мард ва зан зоеъ намекунам. Баъзеи шумо аз баъзеи дигар аст» Сураи Оли Имрон: 195. Яъне дар ин маврид амали занҳоро дар баробари амали мардон гузошт, ки онҳо дар назди Худованд баробаранд, вале ҳар кас дар вазифаи махсус ба худаш. Чигуна ки ба мардон аҷр медиҳад ба занҳо ҳам аҷру савоб медиҳад.
Ба муносибати ин моҳи муборак, эй модани мусалмон ва эй хоҳари мусалмон шуморо муборак мегуям ва аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло барои шумо раҳмат, мағфират ва тавбаи насуҳро талаб дорам. Ба ин муносибат чанд насиҳате дорем, ки онро ҳамчун дастаи гуле барои шумо пешниҳод мефармоем, умедворем ки қабул фармоед, ки ин дастаи гул иборат аз даҳ донаи гуле аст, ки мисли гулҳои дунё пажмурдашаванда нестанд, балки доимо сарсабзу хуррам хоҳанд боқи монд:
Гули аввал: Зани мусалмон ба Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло имон дорад. Чунон имон ва боварие, ки Аллоҳро ҳамчун Парвардигор медонад. Ба Муҳаммад (с) ҳамчун паёмбар имон дорад. Ва ба Ислом бошад ҳамчун дине боварӣ ва имон дорад, ки осори ин имон оварданаш ба Худо ва Расулуллоҳ (с) ва Ислом дар гуфтори ӯ ва дар кирдораш, яъне ҳар коре ки анҷом медиҳад ва дар эътиқодаш, яъне бовариаш, намудор мешавад. Зани мусалмон аз ғазаби Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ҳазар мекунад ва аз азоби дардноки ӯ ва аз мухолифат намудан ба гуфтаҳои Худованд метарсад. Ин аст сифати зани мусалмон. Ба ғайри ин сурат мо зани мусалмонро шинохта наметавонем. Ин гулдона чун дар дасти ӯ бошад, далолат ба зани мусалмон будани он мекунад.
Гули дуввум: Зани мусалмон намозҳои панҷгонаро бо вузу ва хушуъу фурутанӣ дар вақтҳояш муҳофизат намуда адо менамояд. Ӯро аз намозаш чизе машғул намесозад, ӯро чизе аз ибодат кардан саргарм намекунад. Ин аст, ки осори намоз дар вай намудор мегардад. Намоз чунин сифате дорад, ки аз фаҳшову зиштӣ ва корҳои мункар манъ мекунад. Ва намоз ҳамчун ҳимоятгари бузурге аз маъсияту нофармониҳо мебошад. Пас вақте модар ё хоҳаре аз намоз дурӣ дорад, ё дар намоз сустӣ меварзад, ин далолат муслмони воқеъиро надорад. Ин гулро модар ва хоҳари азиз аз ҷону дил қабул намо ва доимо бо он бош, ки рузи маҳшар ки ҷонгудоз бувад, аввали пурсиш аз намоз бувад. Пас макун дар намозҳо тақсир (кутоҳӣ, сустӣ), то дар он руз бошадат тавфир (то рузи қиёмат насиби хубтареро ноил гашта боши).
Гули саввум: Зани мусалмон бар ҳиҷоби исломӣ муҳофизат менамояд. Онро ҳаргиз тарк намекунад. Ва бо ҳиҷоб побанд шуданро шараф медонад. Зани мусалмон аз хона танҳо бо ҳиҷоб берун мебарояд. Аз Худованд ҳамеша сатрашро талаб мекунад, ва Ӯ таъолоро бар ин ки ба воситаи ин ҳиҷоб иззату кароматаш додааст ва нагоҳаш доштааст ва покии онро ирода намудааст, шукронаашро ба ҷой меоварад. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд: «Эй Паёмбар! Бигу ба занони худ ва духтарони худ ва занони муъминон, ки чодарҳои худашонро бар худ фуру бичинанд. Ин наздиктар аст ба ин ки онҳоро бишиносанд ва (ба гумони бардагӣ) озор надиҳанд. Ва Худо омурзгори меҳрубон аст» Сураи Аҳзоб: 59. Ин аст он дастуре, ки аз ҷониби Худовади мутаъол ба Расулуллоҳ ва ба тамоми мусалмонон омадааст дар мавриди занҳои мусалмон то ҳиҷобро барои худ лозим бигиранд. Ин аз дастури илоҳӣ дар ин маврид, ки неъмате пурбаҳои барои занҳои мусалмон аст.
Гули чаҳорум: Зани мусалмон ба итоъати шавҳараш бисёр ҳарис мебошад. Бо шавҳараш бо нармӣ рафтор мекунад ва нисбат ба он бораҳм аст. Шавҳарашро ба хайр ва некӣ даъват мекунад ва ӯро ба некӣ ва хубӣ насиҳат менамояд. Дар паи роҳат ёфтани шавҳараш мебошад. Садои худро аз садои шавҳар баланд намекунад. Ва дар хитоб намудан ба шавҳар ҳаргиз дурушт муносибат наменамояд.
Аз Расулуллоҳ (с) омадааст, ки: «Вақте зан намозҳои панҷгонаашро гузорид ва моҳир рамазонашро руза дошт ва шавҳарашро итоъат кард, ба ҷаннати Парвардигораш дохил мешавад». Яъне аз шартҳои зани мусалмон будан ин муносибати хубе аст, ки шавҳарро розӣ месозад. Ва ин сабаби дохил шудан ба ҷаннат мебошад. Пас ин гулро ба ҳадя бигир ва ҳаргиз магузор, ки бе нигоҳубин монад, то хушк гардад. Агар ҳамеша тавонисти, ки онро нигоҳ дори, ин зоминии мусалмонӣ ва дохил шудан ба ҷаннатат мебошад.
Гули панҷум: Зани мусалмон фарзандошанро ба тоъати Аллоҳ таъоло тарбия менамояд. Онҳоро ақидаи саҳеҳ медиҳад ва дар дилҳояшон муҳаббати Аллоҳ ъазза ва ҷалларо ва муҳаббати Расулуллоҳ (с)-ро мешинонад. Аз нофармониҳо ва ахлоқҳои паст онҳоро ба дур нагоҳ медорад. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло фармудааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, худатон ва аҳли байтатонро аз оташе нигоҳ доред, ки ҳезуми он (танҳо) мардум ва (пораҳои) санг аст. Бар он фариштагони дуруштгуфтори сахткирдор (гумоштаанд), Худойро дар ончи фармонашон медиҳад нофармонӣ намекунанд. Ва мекунанд ончиро, ки фармон меёбанд» Сураи таҳрим: 6.
Гули шашум: Зани мусалмон бо марди бегона дар танҳоӣ намебошад. Аз Расулуллоҳ (с) омадааст: «Ягон зане бо марде дар танҳоӣ намебошад, магар ин ки сеюм нафари онҳо шайтон мебошад». Ӯ бе маҳрамаш сафар намекунад. Ва ба бозорҳо гаштугузор намекунад ва дар ҷойҳои оммавӣ намегардад, магар барои зарурат. Ва дар ин ҳол ҳам ҳиҷоб дорад, бо ҳашамат аст, тамоми баданаш сатр дорад.
Гули ҳафтум: Зани мусалмон худашро ба ончӣ, ки махсуси мардон мебошад, монанди онҳо намекунад. Расулуллоҳ (с) фармудааст: «Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мардони монандкунандаи худро ба занонро лаънат мекунад ва монандкунандаи аз занҳоро ба мардон». Худатро ба занҳои кофира монанд манамо, дар он чизе, ки аз либос ва тарзи пушиши онҳо аз мудҳо ва ҳолатҳо мебошанд, монанд макун. Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Касе худро ба қавме монанд кард, пас ӯ аз онҳо мебошад».
Гули ҳаштум: Зани мусалмон дар саффи занҳо даъваткунанда ва хонандаи ба суи Аллоҳ таъоло бо каломи нек мебошад. Ва анҷоми ин кор аз тариқи зиёрат кардани ҳамсояҳояш, бо хоҳарони муслмон тамос гирифтан бо телефон, бо тақдим намудани китобчаи исломӣ, косети исломӣ, мебошад. Дар ҳоле, ки худаш ба он чизе ки мардумро мехонад амал мекунад ва ҳарис мебошад бар ин худашро ва хоҳаронашро аз азоби Аллоҳ таъоло наҷот медиҳад. Аз Расулуллоҳ (с) омадааст, ки: «То ин ки ба дасти ту Аллоҳ таъоло як инсонеро ҳидоят намояд, барои ту аз шутурони сурхмуй дида беҳтар мебошад».
Гули нуҳум: Зани мусалмон қалбашро аз шаҳватҳо ва шубҳаҳо нигоҳ медорад ва чашмонашро аз назар кардани ба ҳаром ва гушҳояро аз шунидани мусиқӣ ва гуфтори фаҳшову зишт ва тамоми дигар андомҳояшро аз мухолифат намудани ба дин нигоҳ медорад. Медонад зани мусалмон, ки ин аст тақво. Аз Расулуллоҳ (с) омадааст, ки: «Аз Худованд ҳақи ҳаё доштанро ҳаё бидоред. Ва касе, ки аз Худованд ҳақи ҳаё доштанро ҳаё бидорад, сарро ва ончизиро, ки дар он аст нигоҳ медорад, шикамро ва ончиро ки фаро гирифтааст. Ва касе ки пусидаанро ба хотир оварад, зинати ҳаёти дунёро тарк мекунад».
Гули даҳум: Зани мусалмон вақташро ҳифозат мекунад, ки ба беҳуда сарф нашавад. Ва рузҳою шабҳояшро аз пора-пора шудан нигоҳ медорад. Ин аст, ки дигар ӯ ғайбаткунанда намебошад, хабаркаш нест, дашном намедиҳад, беҳудагу немебошад. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд: «Ва тарк кун касонеро, ки дини худро ба бозӣ ва саргармӣ гирифтанд ва зиндагонии дунё онҳоро бифирефт…» Сураи Анъом: 70.
Эй бори Худоё модарон ва хоҳарони мусалмонро ба он чи ки худат дуст медорӣ ва ба он розӣ ҳастӣ ҳидоят намо ва дилҳояшонро ба имон иморат кун.
Ин буд дастаи гуле, ки ба хоҳару модари мусалмон дар ин моҳи муборак тақдим намудем, умедворем қабул намуда бошед. Омин.
Таҷдиди охирон (13.08.11 23:06)