4 гостей на сайте
Ҳадис
Шумо дар ин бахш бо
1- маънои Ҳадис,
2- аҳамияти он, аз муталаҳ,
3. ва инчунин ба хондан ва омўзиши Чилҳдас....
ошно мешавед.
Ҳадиси беҳтаринҳо 1
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин. Вассалоту вассалому ъало Расулиллоҳ ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин. Аммо баъд... Илм сабаби рафтани инсон ба роҳи дуруст ва барои расидан ба саодат мебошад. Аз ҷумла илмро ба нуре ташбеҳ мекунанд, ки инсон дар торикӣ танҳо ба воситаи он метавонад роҳи дуруст ва росте, ки ӯро ба манзил мерасонад, тай намояд. Ва беҳтарин илме, ки ҳақиқати инсон, ҳаёт ва охират дар он намоён мегардад, ин гуфтаи Худованд дар Қуръони карим ва гуфтаи Расулаш (с) дар аҳодиси шариф мебошад. Илме, ки барои инсон дар ҳаёташ зарур аст, то бидонад ва амал намояд ва роҳи дурусту саодатро бипаймояд. Дар ҳақиқат вақте инсон аз ин илм бархурдор мешавад ва аз он дар ҳаёташ бакор мегирад, аз он пушаймон намешавад, балки баръакс беҳтарин лаҳза онеро медонад, ки дар он барои ин илм вақташро дар ҳаёташ сарф намудааст. Мо қасд дорем инҷо чанд ҳадисеро барои хонандагони гиромӣ пешкаш намоем, ки дар онҳо масъалаи беҳтарин будан баррасӣ шудааст, ки ин беҳтарин чӣ дар амал аст ё дар ахлоқ ё дар ибодат ва амсоли инҳо. Зеро ҳар кас дар дунё мехоҳад хонаи беҳтар дошта бошад, замини беҳтар дошта бошад, мошини беҳтар дошта бошад, фарзандони беҳтар дошта бошад ва дар ҷои беҳтар зиндагӣ намояд ва амсоли инҳо. Пас Расулуллоҳ (с) баъзе чизҳоро низ беҳтар гуфтааст, ба онҳо ошно хоҳем шуд, ки онҳо кадом чиз буда, ки Расулуллоҳ (с) онҳоро беҳтарин номидааст?
Таҷдиди охирон (14.12.18 17:14) |
Аз аҳодиси Расулуллоҳ (с)
بسم الله الرحمن الرحيم عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ ، قَالَ : جَاءَ أَعْرَابِيٌّ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، قَالَ : " يَا نَبِيَّ اللَّهِ ، مَتَى السَّاعَةُ ؟ قَالَ : وَمَاذَا أَعْدَدْتَ لَهَا ؟ قَالَ : لا وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ ، مَا أَعْدَدْتُ لَهَا مِنْ كَثِيرِ صَلاةٍ وَلا صِيَامٍ ، إِلا أَنِّي أُحِبُّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ ، قَالَ : فَأَنْتَ مَعَ مَنْ أَحْبَبْتَ " Аз Анас ибни Молик (р) ривоят шуда, ки гуфт: Марди бодиянишине (аъробӣ) ба назди Паёмбар (с) омада гуфт: Эй Паёмбари Худо! Қиёмат кай барпо мешавад? Гуфт: “Ва ту барои он чӣ омода кардаи?”. Гуфт: Қасам ба Зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, на намози зиёде омода кардаам барои он (қиёмат) ва на рӯзаи зиёде, магар ин ки ман Аллоҳ ва Расулашро дуст медорам.
Гуфт: “Пас ту бо касе мебоши, ки дусташ доштаи”. Ҳадиси 8 - MP3
Аз ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: "Ман амр карда шудам, ки мардумро қитол кунам, то он ки шаҳодат бидиҳанд, ки нест илоҳе магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад Расули Аллоҳ аст, ва намозро барпо доранд ва закотро бидиҳанд, пас агар инро анҷом доданд, аз ман хунҳояшонро ва молҳояшонро ҳимоят намудаанд, магар ба ҳаққи Ислом, ва ҳисоби онҳо бар Алллоҳ таъоло аст". (Ривояти Бухорӣ:25 ва Муслим: 22). Фоидаҳои тарбиявӣ: 1. Вазифаи даъваткунандаҳо ин аст ки онҳо таблиғкунанда ва расонанда мебошанд аз ҷониби Худованд, ҳамчуноне ки ин ҳоли Паёмбар (с) будааст, "амр карда шудам". Пас ӯ амршудааст ба фармони Парвардигораш на аз пеши худаш. Таҷдиди охирон (19.12.11 19:47) |