Мафҳуми умумии дини Ислом

Қадам ба қадам - Таълими Ислом

Мафҳуми умумии дини Ислом_mp3

Тасаввур кун, ки мусофир ҳасти ва дар пешат ду роҳае мебарояд, ки яке зебо, мумфарш, дарахтони гулдор ва сояафкан, ҷойҳои истироҳатӣ, ошхонаҳо ва умуман ҳар чизе, ки қалби инсон, чашму гуши ӯро ва талаботи тамоми вуҷудашро бароварда мегардонад вуҷуд дорад, вале дар сари он роҳ лавҳае навишта шудааст, ки бо вуҷуди ин ҳама имконоте, ки дар аввали ин роҳ аст, вале оқибати он ҳалокатовар аст ва ба мақсуд намерасонад. Аммо роҳи дигар бошад, роҳи душворгузар, сангҳои парешон, роҳи пасту баланд, гардишҳои душворгузар, умуман роҳе, ки барои сайр кардан дар он машаққати зиёд кашидан лозим меояд, вале дар сари ин роҳ ҳам лавҳае насб карда шудааст ва дар он навишта шудааст, ки ин роҳ бо вуҷуди ин ҳама сахтии сайр кардан дар он, ва омода барои сайр набуданаш, вале инсонро ба мақсуд мерасонад, оқибат ва ниҳояти ин роҳ расидан ба мақсуд аст. Яъне роҳи аввал ҳамма чизҳое, ки лаззатбор барои нафси инсонӣ аст дорад, вале он зиёд давом намекунад, баъди ин каме баҳрабардорӣ аз лаззатҳо дарду алам ва шиканҷаи тулонӣ хоҳад буд, вале роҳи дигар бошад бо вуҷуди он ҳама мушкилоте, ки дар аввал дорад он муваққат аст ва муддаташ кутоҳ мебошад, вале лаззати абадӣ ва тулонӣ дар пушти ин роҳ меистад. Инсон аст, ки дигар ихтиёр мекунад, бо кадом роҳ равад, оё роҳи осон ё роҳи душвор. Барои ихтиёр намудани ӯ нафс ва ақл бо ҳам мубориза мебаранд, нафс ҳатман роҳи осонро интихоб мекунад, аммо ақл аввал ин ҳамаро месанҷад, бармекашад, сипас ба хулосае меояд, ки бояд роҳи дуввум рафта шавад. Ва дар касе кадом ҷиҳате аз ӯ ғалаба кард, яъне ё нафс ё ақл, нисбат ба ғалабаи онҳо дар вуҷудаш роҳро интихоб менамояд ва оқибаташро нисбат ба ин интихоб муайян менамояд. Худо барои бандагораш рӯзӣ бигардонад, ки роҳи дурустро интихоб намоянд, роҳеро ки саодати абадӣ дорад, гарчанде, ки дар аввал каме машаққатҳоро бояд таҳаммул намуд.

 

Таҷдиди охирон (20.09.13 08:45)