Дилатро хонаи Ман кун

Истироҳат - Ашъори динӣ

 

بسم الله الرحمن الرحيم

" و چون سؤال كنند تو را بندگان من از من بگو كه من به آنها نزديكم اجابت مى‏كنم دعوت خواننده را وقتى بخواند مرا. پس بايد آنها هم اجابت كنند دعوت مرا كه ايشان را به طاعت خود مى‏خوانم. و بايد ايمان بياورند به من شايد ايشان به فلاح و رستگارى برسند"

Ва чун суол кунанд туро бандагони Ман аз Ман, бигӯ ки Ман ба онҳо наздикам. Иҷобат мекунам даъвати дуъокунандаро вақте бихонад Маро. Пас бояд онҳо ҳам иҷобат кунанд даъвати Маро, ки эшонро ба тоъати худ мехонам. Ва бояд имон биёваранд ба Ман шояд эшон ба фалоҳ ва растагорӣ бирасанд. Сураи Бақара 186.

 

Муноҷот

 

Дилатро хонаи ман кун мусаффо карданаш бо ман,

Ба ман дарди дил ифшо кун мудово карданаш бо ман.

 

Бияфшон қатраи ашке, ки ман ҳастам харидораш,

Биёвар заррае ихлос, ки дарё карданаш бо ман.

 

Агар гум кардаи ҷоно, калиди хонаи моро,

Биё як лаҳза бо мо бош, ки пайдо карданаш бо ман.

 

Агар дарҳо ба рӯят баста шуд,  дил бад макун боз ой,

Дари хона ба қул во кун, ки ҳам во карданаш бо ман.

 

Ба мо гӯ ҳоҷати худро, иҷобат мекунам онро,

Талаб кун ончиро хоҳи, муҳаё карданаш бо ман.

 

Биё қабл аз вуқуъи марг, ки рӯшан кун ҳисобатро,

Биёвар неку бадро ҷамъ, ки анҳо карданаш бо ман.

 

Агар умре гунаҳ карди, машав навмед аз раҳмат,

Ту тавба номаро бинвис, ки имзо карданаш бо ман.

 

 (Иҷро бо савт ва сурат (видео).3gp

Таҷдиди охирон (19.08.16 10:02)