Имон ва марҳилаҳои нашъунамои он-6

Мақолаҳо - Тазкияи нафс

Рушди имонӣ ва алоқамандию вобастагӣ ба инсонҳо:

Вақте инсон дар ҳолати ғафлату бехабарӣ ва пеш аз рух додани бедории имонӣ қарор дошта бошад, нисбат ба Парвардигораш, дар мавриди ин ки ӯ молики ин дунё ва ҳастӣ мебошад, тадбиркунандаи ҳама корҳо ва назоратгару анҷомдиҳандаи ҳама ӯст, эътимоду боварияш маҳдуд ва кам мебошад. Дар муқобили ин боварияш ба мардум бештар аст. Тавонмандӣ ва дороии зоҳирии онҳо дар пешаш ниҳоят бузург менамояд.

Аз ин ҷиҳат аст, ки имону боварияш ба онҳо бештар мегардад, зеро ки онҳо имкони ба ӯ манфиат расонидан ё зарар расонидан доранд. Пас барои ноил гаштани ризогии онҳо ва аз онҳо истифода намудан, дар ниҳояти саъю талош мебошад. Барои ин аст, ки худро чи дар гуфтораш ва чи дар рафтораш, барои онҳо зиннат медиҳад. Нохост агар таърифаш карданд, ниҳоят хурсанд мешавад ва агар танқидаш намуданд, ниҳоят ғамгин мешавад. Ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сурати худро дар пеши онҳо зебо ва писанди онҳо намояд, ки шояд эътибори онҳоро ба даст орад.

         Вале вақте бедории имонӣ дар ӯ рух медиҳад ва имон аз ҷиҳати рушд ёфтан дар қалб зиёд мегардад, вобастагӣ, боварӣ ва эътимадаш ба Аллоҳ азза ва ҷалла бештар мегардад. Аз ин ҷиҳат, ин шуъуру эҳсос оҳиста-оҳиста ба тарафи Худованд бармегардад ва аз мардум яксӯ мешавад. Дигар ба онҳо эҳтимому диққат доданаш ва дар бораи онҳо фикр карданаш, то ба ризояташон ноил шавад, аз ӯ кам мегардад.

Имон ҳар қадар бештар нашъу намо кунад, вобстагияш ба инсонҳо, бо назари тамаъ назар кардан ба онҳо, аз ӯ кам мешавад. То ҷое, ки инсон аз онҳо ба дараҷаи бениёзии қалбӣ мерасад, яъне қалбан дигар ба онҳо эҳтиёҷ надорад. Ё ба маънои дигар: Алоқамандии қалб ва вобастагияш ба онҳо аз ҷиҳати фоида ва зарар расонидан, қатъ мегардад.

Оре, шояд дар баъзе корҳо аз онҳо баъзан ёрӣ талаб намояд ё чизеро қабул кунад, лекин ба онҳо чунон муносибат ва муомила менамояд, ба эътибори ин ки онҳо низ аз ҷумлаи сабабҳое мебошанд, ки Худованд барояш муяссар намудааст. Аммо ончӣ ҳодисаҳоро ба ҳаракат медарорад, натиҷаҳоро ба вуҷуд меорад, он танҳо ва танҳо Аллоҳ азза ва ҷалла аст. Аммо инсон бошад, ҷуз як пардае барои изҳори қудрат ва рубубияти Аллоҳ таъоло, дигар чизе нест. Яъне қудрати Аллоҳ таъоло ки ин чизро мехост ба бандааш бидиҳад ва рубубияташ, ки ниёзи бандаашро бароварда мегардонад, аз ин тариқ изҳор мегардад.

Инчунин гоҳо ӯ аз онҳо чизеро, ки барояш, бо нафси пок медиҳанд, мегирад, валенкин ба ин шуъур ва эҳсос, ки аз ҷониби Аллоҳ таъоло, ба тариқи онҳо, ба ӯ расидааст. Онҳо танҳо сабабҳо барои расидани ризқи Парвардигораш ба ӯ мебошанд. Ба ин сурат меваи бениёзияш аз инсонҳо, вобаста ба рушду нумуви ҳақиқии имон дар қалбаш, самар медиҳад. Яъне вақте ба касе худро вобаста надид ва барои молу маноли онҳо худро хору залил накард ва худро вобаста аз онҳо надонист ва танҳо ба Худованд умедашро баст, инҷо маълум мегардад, ки имонаш рушд намудааст.

Як чизро набояд фаромушт кард, ки ҳар касе чизеро ба андозае, ба инсон, медиҳад ё нафъе мерасонад, нисбат ба ин инсон соҳиби фазл мегардад. Ва аз одоби шахси мусалмон ин аст, ки соҳиби фазлро, баъди он ки фазилати аслии ҳамаро аз Худованди мутаъол бидонад, фазли онро низ бояд донист, вале ба ҳамон андозае, ки ба ӯ манфиатеро сабаб шудааст. Ба ин маъно, ки яке аз донишмандон мегуяд, инсон ба хурокӣ ва нӯшокӣ дар як шабонарӯз ду се маротиба ниёз дорад, вале ба илми шаръӣ ба ҳар нафасаш ниёз дорад, ки дар асоси он тавонад ҳалолро аз ҳаром, ризои Худовандро аз хашму ғазабаш, роҳи ростро аз роҳи каҷ, дурустро аз нодуруст ва дӯстро аз душман, ҷудо кунад. Чигунае, ки Ҳазрати Умар (р) гуфт, ки Эй Расули Худо ман туро аз ҳама чиз бештар дӯст медорам, магар аз нафсам (худам). Гуфт: На, эй Умар, то ин ки ба ту аз худат дида маҳбубтар бошам. Баъд Умар (р) гуфт: Валлоҳи ту акнун аз худам дида барои ман маҳбубтару дӯстдоштатар мебоши. Гуфт: Акнун, эй Умар. Муҳаббати Расули Худо (с) воҷиб аст, ки аз худ, фарзандон, хешовандон, аҳлу амвол, хонаҳо ва ғайри инҳо, ки мардум онҳоро ниҳоят дӯст медоранд, пештар гузошта шавад. Ва инро бояд донист, ки муҳаббату дӯстдорӣ ба итоат намудан комил мешавад. Чунонки Худованди мутаъол фармудааст: "Бигу, агар шумо Худовандро дӯст медошта бошед, пас аз ман пайравӣ намоед (итоат кунед), Худованд шуморо дӯст медорад". Оли Имрон:31. Яъне вақте дӯстдорӣ комил ва ҳақиқӣ мебошад, ки итоат вуҷуд дошта бошад, вале вақте итоат набошад ва пайравӣ накунад, ин ҳама даъвои пучу холӣ аст. Абдуллоҳ ибни Умар (р) падарашро пурсид, ки чаро аввал гуфти, аз ҳама чиз бештар туро дӯст дорам, магар аз худам, баъд берун рафта баргашта омади ва гуфти, ки акнун аз худам ҳам туро бештар дӯст медорам? Гуфт зеро берун рафтам, андеша кардам, ки дар ин дунё ба ман кӣ бештар манфиатноктар буда, дидам, ки Расули Худо (с) аз худам дида бароям манфиатноктар буд, зеро ман пеш аз ин ҳам вуҷуд доштам, вале гумроҳ будам, аммо ба сабаби ӯ имон овардам, ва ӯ сабаби наҷотам гардид. Ва дар охират андеша кардам, ки дар он рӯзе, ки маҳшар ва ҳисобу китоб мешавад ба ман кӣ беҳтар манфиат мерасонад, дидам ки Расулуллоҳ (с) агар шафоатам кунад, наҷот хоҳам ёфт, пас аз худам дида ӯ ба ман манфиатноктар аст. Барои ҳамин ҳам дидам, ки дар дунё ва дар охират аз худам дида ӯ барои ман манфиатноктар мебошад, бинобар ин ӯро аз худам дида дӯсттар доштам.

Ба ҳамин сурат он чизе, ки сабаби ҳидоят ва раҳнамоии мо мешавад, он фазли худро дорад ва он чизе, ки сабаби рӯзии мо мешавад, он фазли худро дорад. Вале ин фазлҳо ба ҳам баробар нестанд. Чуноне, ки он донишманд гуфт, ки барои хурдан ва нӯшидан мо танҳо ду се маротиба дар як шабонарӯз ниёз дорем, вале барои дин дар ҳар лаҳза ва ҳар нафас муҳтоҷем. Пас ниёзи мо ба дин аз хурдану нӯшидан дида бештар аст, аз ин ҷиҳат андозаҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Вале мутаассифона гоҳо дида мешавад, ки касе ки барои таъом ва хӯрок дастгирӣ мекунад аз касе, ки сабаби ҳидоят мешавад, фазлаш бештар дониста мешавад, ки ин нодуруст аст. Гарчанде он касе таъому хӯрок дод ё сабаби ҳидоят шуд, ӯ инро барои Аллоҳ кардааст ва аз мо чизеро мунтазир нест, на шукре ва на донистани фазле, вале инсоне, ки барои ӯ хайр шудааст, роҳи донистани фазлро бояд бифаҳмад, ки кадомаш муқаддам ва кадомаш баъдар ё поинтар меистад ё дараҷаи аввал кадомин аст ва дараҷаи дуввум кадомаш мебошад.

Худованд ҳар яки мо ва шуморо аз алоқамандӣ ва вобастагии шахсиятҳо нигоҳ дорад, ки танҳо умеду алоқамандиямон, такя ва эътимодамон, ба Худованди зу-л-ҷалоли ва-л-икром, бошад. Худованд чунин кунад, ки фазли ҳар соҳибфазлро, ки барои мо некияш расидааст, ба андозаи хайраш ё бештар аз он, фазлашро бидонем ва фазлношинос набошем, чунки Расули Худо (с) гуфтааст: "Касе мардумро шукр нагузорад, Худовандро шукр нагузоридааст". Худованд дӯст медорад, ки танҳо ба ӯ такя намоем. Танҳо аз ӯ умед дошта бошем, ва роҳи дӯст доштан ва тартиби фазилатҳоро низ, чуноне ки Расуллуллоҳ (с) таълим додааст, бипаймоем. Худовандо, адаб ва ахлоқи баланди исломиро насиби мо гардон. Худовандо, аз тақдироти кардаат моро ҳамеша розӣ бигардон, ва моро ҳифозат намо ва нигаҳдор бош, ки аз тақдиротат дар пеши ягон бандаат шикоят нанамоем. Чунки ту дӯст намедори вақте дар пеши бандаат туро шикоят мекунанд. Омин.

Таҷдиди охирон (01.01.17 21:38)