Сайре дар Руҳу-л-баён. Оли Имрон:184.

Мақолаҳо - Тазкияи нафс

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

altАлҳамду лиллоҳи раббил ъоламин, вассалоту вассалому ъало Расулиллоҳ ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин ва ман иттабаъаҳум би иҳсонин ила явмиддин.


Аммо баъд... Ривоят шудааст, ки вақте ин гуфтаи Аллоҳ таъоло нозил шуд, ки: ((Ва анзир ъаширатака-л-ақрабин))

Расулуллоҳ (с) тамоми хешовандонашро ҷамъ намуда онҳоро бим дода гуфт: “Эй Бани Каъб ибни Луай, шумо худатонро аз оташи дузах наҷот диҳед! Эй Бани Мурраҳ ибни Каъб! Худатонро аз оташи дузах наҷот диҳед! Эй бани Абду Шамс, худатонро аз оташи дузах наҷот диҳед! Эй бани Ҳошим, худатонро аз оташи дузах наҷот диҳед! Эй бани Абдулмутталлиб, худатонро аз оташи дузах наҷот диҳед! Эй Фотима! Худатро аз оташи дузах наҷот деҳ, ки дар баробари Худованд аз ман коре барнамеояд” яъне агар Аллоҳ таъоло бихоҳад, ки шуморо азоб намояд, ман тавони дур кардани бадие аз шуморо дар охират надорам, ҳамоно ман касеро шафоъат мекунам, ки ба ман дар ҳақи он нафар иҷозат дода бошад, ва чунин аст, ки ба ман вақте иҷозат медиҳад, ки агар азоб додани онро нахоста бошад. Расулуллоҳ (с) дар ҳақи онҳо чунин гуфт, то онҳоро дар имон овардан ва амал намудан ташвиқ намояд ва то ин ки бар хешовандияш такя накунанд ва дар натиҷа сустӣ намоянд. Дар боби дин зарур аст, васият намудан ва ҳазар кунонидан, зеро ки инсон вақте ба аҳли шарру бадӣ унс бигирад, бими он аст, ки ахлоқи онҳоро бигирад ва амалҳои онҳоро анҷом диҳад. Ин хоҳишоти нафсияш ӯро ҳовия, водии ҷаҳаннам кашида мебаранд. Пас бар равандаи роҳи Худо лозим аст, ки аз ҳамсуҳбатии бадкорон ва ҳамнишинии сифатҳои нафс дурӣ бигирад. Ҳамчуноне, ки гуфта шудааст:

Нафс аз ҳамнафас бигирад хуй *** Барҳазар бош, аз лиқои хабис,

Бод чун бар фазои бад гузарад *** Бӯи бад гирад аз ҳавои хабис.

Тубо (Гуворо ё Водие дар Биҳишт) барои бандае бодо, ки нафсашро аз сифатҳои разила ва паст, саркашию якравӣ пок намуда бошад ва ҳақро ҳақ бубинаду ботилро ботил ва аз майл кардан ба дунё ва пайравӣ намудан аз хоҳишоти нафс ва мувофақат намудани ғайри Худованд, бибуррад.

Ривоят мекунанд, ки Исо алайҳиссалом аз назди деҳае мегузашт, ногаҳон дид, ки аҳли он деҳа ҳама дар саҳни он ва дар роҳҳо мурдаанд. Гуфт: Эй ҷамоаи ҳаввориён! Дар ҳақиқат инҳо бар хашм мурдаанд (яъне онҳоро хашми илоҳӣ фаро гирифтааст), агар ба ғайри ин (хашми илоҳӣ) мемурданд, албатта ҳамдигарро дафн менамуданд. Гуфтанд: Эй Руҳуллоҳ! Дуст медорем, ки хабари онҳоро бидонем. Ӯ аз Парвардигораш талаб намуд, пас Аллоҳ таъоло ба ӯ ваҳй намуда, ки вақте шаб шуд, ту онҳоро нидо кун ба ту ҷавоб медиҳанд. Вақте шаб шуд бар сари мурадгон омад, сипас нидо кард, ки Эй аҳли деҳа. Як посухдиҳандае ҷавоб дод: Лаббайк Эй Руҳуллоҳ. Гуфт: Шумо чӣ ҳол доред ва қиссаи шумо чигуна аст? Гуфт: Мо бар сиҳатмандӣ ва офиат шаб хоб намудем ва саҳар бар ҳовия (дузах) бархостем. Гуфт: Ин чӣ хел шуд? Гуфт: Аз ҷиҳати дунёро дӯст доштани мо ва итоат карданамон маъсияткоронро (ъосӣ-саркаш аз фармон, нофармонбардор). Гуфт: Дустдории шумо дунёро чигуна буд? Гуфт: Мисли ҳоли дӯст доштани кӯдак модарашро, вақте (дунё) бар мо рӯй меовард хурсанду шодмон мешудем ва агар бар мо пушт мегардонид, ғамгин мешудем. Гуфт: Ин дӯстонат чӣ кор кардаанд, ки ба ман ҷавоб надоданд? Гуфт: Аз он ҷиҳат, ки онҳо ба лаҷомҳое аз оташ лаҷом карда шудаанд, ки дар дар дасти малоики дурушт ва сахтгиранда мебошанд. Гуфт: Ту чигуна аз миёни онҳо ба ман ҷавоб додӣ? Гуфт: Чунки ман дар миёни онҳо будам, вале аз онҳо набудам. Вақте бар сари онҳо азоб фуруд омад, ба ман ҳам расид, ман дар як тарафе аз дузах қарор дорам, намедонам, ки оё аз он наҷот меёфта бошам ё бар рӯям дар он андохта мешавам?

О.Сафар

 

Таҷдиди охирон (02.10.19 11:41)