Чигуна беҳтарин инсонро шинохт? Расулуллоҳ (с) баён намуд

Мақолаҳо - Тазкияи нафс

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин

Вассалоту вассалому ъалалмабъуси раҳматан лилъоламин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин,

Аммо баъд...

Мавзӯи суҳбати имрӯзи мо суоле аст, ки ҳар нафар дар ҳаёти худ барояш ҷавобе гӯё ёфтааст ва бар асоси он худро баҳо дода, аз худ қаноатманд мебошад.

Ва суол ин аст, ки беҳтарин нафари шумо кӣ ва бадтарин нафари шумо кист? Аз посухи воқеии ин суол барои ҳар фарде маълум хоҳад гашт, ки оё дар ҳақиқат беҳтарин будааст ё гумон мекардааст, ки беҳтарин будаст.

Бале ҳар фард мехоҳад дар ҳаёташ беҳтарин бошад ва ҳаргиз намехоҳад бадтарин бошад. Барои инро муайян кардан бештар инсон ба маърифати шахсии худ ва ба баҳодиҳии мардум такя мекунад ва дар натиҷа ба хулосае меояд, ки чунин ё чунон аст. Ва бар асоси ин шояд ҳаёташро хушнуд ва шодмон сипарӣ кунад.

Дар ин маврид низ Расулуллоҳ (с) бар асҳоби киромаш ин масъаларо ба миён мегузорад. Бубинем, ки Паёмбари Худо (с) чигуна ин масъаларо матраҳ намуда ва кадом меъёреро барои шинохти инсони беҳтарин ва инсони бадтарин истифода намудааст, то ҳар яке худаш битавонад дар асоси он худро бубинад ва мардум, низ ба андозае аз тариқи ин ҳадис ба ҳақиқати инсон огоҳии дуруст ҳосил намоянд.

Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ бар сари мардуме, ки дар ҳоли нишастагӣ буданд, рост истод буд, гуфт: “Оё ман шуморо ба беҳтаринатон аз бадтаринатон хабар надиҳам?” (Абуҳурайра р.) гуфт: Ҳама хомуш монданд. Инро се маротиба такрор кард. Марде гуфт: Оре! Эй Расулуллоҳ! Моро ба беҳтаринамон аз бадтаринамон хабардор кун. Гуфт:

“- Беҳтарини шумо касе аст, ки ба некӯкории ӯ умед карда мешавад ва аз бадрафторияш эмин буда мешавад.

-        Ва бадтарини шумо касе аст, ки некукории он умед карда намешавад ва аз шарру (-бади)-яш ҳам эмин буда намешавад”. Ин ҳадис ҳасан ва саҳеҳ аст.

Ин аст меъёре, ки Расулуллоҳ (с) барои уммат матраҳ намуда, то дар партави он инсони беҳтарин ва хубро аз бад ҷудо намоянд ва фарқ кунанд. Ҳар кас худро ба ин меъёр бисанҷад ва бубинад, ки:

-        Оё ман аз ҷумлаи касоне бошам, ки ҳар касе маро медонад ва намедонад аз ман умеди хайр дошта бошанд ва аз ин ҷиҳат, ки зарари ман ба онҳо бирасад, бадии ман ба онҳо бирасад, онҳо аз ман комилан эмин бошанд. Хавф надошта бошанд, ки ҳозир омад сари мо мушкилиҳо ва мусибатҳо меорад. Ҳозир омад оромиши моро барҳам мезанад?

-        Ё аз ҷумлаи касоне ҳастам, ки ҳар нафаре, бо ман алоқамандӣ дорад, чӣ ҳамсар аст ё фарзанд, чӣ бародар аст ё хоҳар, чӣ зердаст аст ё мудир ҳар касе набошад, ягон умеди хайру некӣ аз ман надорад, балки баръакси ҳол шояд аз шарру бадии ман эмин набошанд. Шояд чунин бошам, ки ба муҷарради дар алоқа баромадан ва муносибат кардан бо ҳар нафаре, ки бо ман алоқаманд аст, шарре ва бадие аз ман бубинад, ки он шарру бадӣ чӣ моддӣ бошад ва чӣ маънавӣ.

Ба ҳар ҳол, то вақте марг аз домани ману ту нагирифтааст, метавонем худро ба воситаи ин ҳадис ва бо дарки ин меъёре, ки Расулуллоҳ (с) барои мо ниҳодааст, агар инсони бадтарин бошем, худро инсони беҳтарин намоем, ки дигар аз ману ту мунтазири зарару шарру бадӣ набуда, балки аз чашмдиёри некӯӣ ва хубиҳо бошанд. Орзӯ кунанд, ки бори дигар бо ману ту во бихуранд. Бо ману ту бинишинанд ва аз суҳбатҳои мо сер нашаванд.

Ин меъёр ва мабдаъе (принсипе) буд, ки Расулуллоҳ (с) барои беҳтарин уммат сохтани пайравонаш тавсия намудааст. Асҳоби киром (р) чаро дар ҳар се маротиба хомӯш истоданд? Ин аз он ҷиҳат буд, ки посух додан ба ин суол кори осон нест ва агар нуқсони инсон ошкор гардад, ин инсонро дар ҳолати хело ногувор қарор медиҳад. Бинобар ин Расулуллоҳ (с) ин масъаларо ба таври умум баён намуд, на ба таври мушаххас муайян кардан. Балки сифатҳое ҳар гурӯҳеро зикр намуд, дигар худи инсон аз он хулоса хоҳад баровард, ки ба кадоме аз ин ду гурӯҳ мансуб мебошад.

Аллоҳ таъоло барои мо тавфиқи бандагӣ ато фармояд, то битавонем аз гурӯҳе бошем, ки мардум аз онҳо доим чашмдиёрӣ некӣ, нармӣ ва хубиҳо ҳастанд ва ҳамеша аз ҷониби онҳо эминанд ва Парвардигоро ҳамаи моро нигоҳ дор, ки аз гурӯҳе набошем, ки аз онҳо мардум чашмдиёрӣ бадӣ ва шарр ҳастанд ва аслан аз ҷонби онҳо эмин намебошанд. Оддитарин мисолаш хонаводаи ҳар инсон аст, вақте падар ё модар дар хона назар мекунад, фарзандон аз ӯ чиро чашмдиёрӣ доранд? Некиҳо ва хубиҳо? Оё аз онҳо ҳамеша дар амонанд? Агар чунин бошанд, онҳо беҳтарин параду модар мебошанд. Зеро тавонистанд дар дили аҳли хонавода умеди чашмдиёрии некӣ ва хубиро аз ҷониби худ ҷой диҳанд ва низ чунин рафтор намудаанд, ки аз он падару модар фарзандон ва зердастон дар амонанд.

Бубинед саъйи Расулуллоҳ (с)-ро, ки ҳамеша ба ин буда, то мо хуб, меҳрубон, нармдил, некхоҳ бошем ва мардум аз мо умеди хубиҳо дошта бошанд, то мо бад, дуруштрафтор, баддаҳон, сахтдил, бадхоҳ набошем, ва мардум аз некиҳо ва хубиҳои мо ноумед нашаванд.

О.Сафар