Ё Аллоҳ!

Мақолаҳо - Тазкияи нафс

 

Ё Аллоҳ!

 

Ӯро ҳар касе, ки дар осмонҳо ва замин аст (барои ҳоҷаташ) талабаш мекунад. Ҳар рӯз Ӯ дар коре мебошад. Сураи Раҳмон:29.

  • Вақте баҳр дар изтироб афтоду мавҷ бархостан гирифт ва бод дар вазиш даромад, соҳибони кишти фарёд мекунанд: Ё АЛЛОҲ!
  • Вақте роҳбалад дар саҳро роҳро гум кард ва корвон аз роҳ ба дигар тараф майл намуд, ва қофила дар сайраш ба ҳайрат афтод, фарёд мекунанд: Ё АЛЛОҲ!
  • Вақте мусибате рух дод ва фалокате фуруд омад ва фоҷае фаро гирифт, касе ба мусибат ва фалокат гирифтор шудааст фарёд мекунад : Ё АЛЛОҲ!
  • Вақте дарҳо дар пеши талабкунандагон баста шуданд, ва пардаҳо дар рӯ ба рӯи дархосткунандагон поин фароварда шуд, фарёд мезананд : Ё АЛЛОҲ!
  • Вақте ҳама ҳиллаҳо аз даст рафт ва ҳама роҳҳо танг гаштанд ва умедҳо ба охир расиданд ва ресмонҳо ҳама канда шуданд, фарёд мекунанд : Ё АЛЛОҲ!
  • Вақте замин барои ту бо ин паҳовариаш танг мегардад ва нафсат бар ту ба он чи бардоштааст танг мешавад, пас фарёд кун: Ё АЛЛОҲ!
  • Каломи поку хуб ба назди Ӯ таъоло боло меравад ва дуъои холис ва фарёди содиқона ва ашки поку беолоиш ва дарди сахту бо шиддат.
  • Кафҳо дар саҳаргоҳон ба тарафи Ӯ дароз карда мешаванд ва дастон дар вақти эҳтиёҷмандӣ ва чашмҳо дар вақти мусибатҳо ва талабҳо дар вақти ҳодисаҳо.
  • Забонҳо ба номи Ӯ зам-зама мекунанд, талаби мадад мекунанд, ҳарф мезананд ва фарёд мекунанд. Ва ба зикри Ӯ таъоло қалбҳо оромиш пайдо мекунанд ва руҳҳо сукуну оромӣ меёбанд ва эҳсосот ором мешавад ва асабҳо хунук мешаванд ва ақл ба ҷои худ бармегардад ва яқин истиқрор пайдо мекунад. Аллоҳ таъоло ба бандагонаш меҳрубон аст.
  • АЛЛОҲ: беҳтарин номҳо ва зеботарин ҳарфҳо ва содиқтарин ибораҳо ва қимматбаҳотарин калимаҳо аст. Оё барои Ӯ ҳамноме мешиносӣ?
  • АЛЛОҲ! : пас ин ҳангом сарвату бақо ва қуввату нусрат, иззату қудрат ва ҳикмат ҳама аз Ӯст. Имруз мулк аз они кист? Танҳо аз Аллоҳи воҳиди қаҳҳор аст.
  • АЛЛОҲ! : пас ин ҳангом меҳрубонӣ ва диққат намудан ва ёриву мадад кардан ва дӯст доштану эҳсон намудан ҳама аз Ӯст. Ҳар неъмате, ки шумо доред, пас ҳама аз Худо аст.
  • АЛЛОҲ! : соҳиби ҷалолу бузургӣ ва ҳайбату ҷабарут.
  • Парвардигоро! Ба ҷои сузишу ҳасрат чизи гуворое бигардон ва ба ҷои подоши андӯҳ хурсандӣ ва дар вақти хавф амниятро бигардон.
  • Эй бори Худоё! Дарди қалбро ба барфи яқин хунуку салқин намо ва лахчаи арвоҳро ба оби имон хомуш намо.
  • Эй Парвардигор! Бар чашмони бедорхоб пинаке биандоз аз ҷиҳати амният аз ҷониби худ ва бар нафсҳои дар изтиробу парешони афтода оромише ва онро подоши пирузии наздик биандоз.
  • Эй Парвардигор! Дидагони дар ҳайрат афтодаро ба суи нурат ҳидоят намо ва касоне ки дар равишашон гумроҳ шуданд ба суи роҳи ростат ва касоне ки аз роҳ бартараф шуданд ба суи роҳат ҳидоят намо.
  • Эй бори Худоё! Васвасаро ба фаҷри содиқе аз нур бибар ва ботили замирҳоро ба лашкаре аз ҳақ ва кайду ҳиллаи шайтонро ба мададе аз лашкарони ёридиҳандаат ном ба ном рад намо.
  • Эй бори Худоё! Андуҳро аз мо бибар ва ғамро аз мо нест кун ва аз нафсҳоямон нооромишро дур кун.
  • Мо ба суи Ту паноҳ мебарем аз тарсидан магар аз Ту ва аз эътимоду боварӣ кардан магар ба суи Ту ва аз таваккул кардан магар бар ту ва аз пурсидан магар аз ту ва аз талаби ёрӣ кардан магар ба ту. Ту валию дусти мои, Беҳтарин мавло ва беҳтарин ёридиҳанда.

 


Ба номи Аллоҳи Раҳмону Раҳим.

Салавот ва саломи бепоён ба Муҳаммад (с) ва ба асҳобу азвоҷ

и мутаҳҳарот ва авлоди киромаш ва ба касоне, ки ба неки онҳоро пайравӣ намудаанд то рузи қиёмат.

Шояд дар баъзе ибораҳое, ки инҷо  матраҳ гардид мушкилие дар фаҳмаш бошад, вале ба ҳар ҳол умедворем, ки мафҳуми умумии масъала равшан намудор аст, ки: Инсон вақте дар кадом ҳолате набошад, албатта ба суи Худованд руй меоварад. Махсусан вақте, ки дар танги мебошад ва дигар касе ё чизеро намебинад, ки дар пешаш битавонад ӯро ёрӣ расонад. Дар он ҳолат дигар ночор танҳо ба тарафи Зоти ягона руй меоварад. Вале барои инсони муътадил, ки имондор аст, дар ҳама ҳолат исми Аллоҳ дармонбахш аст. Калиди ҳама дарҳост, дарҳои мушкилӣ  ва дарҳои фараҳ, калиди дари ҷаннат, номи Аллоҳ аст. Аз ин рӯ саҳобаҳои киром (р) фарзандонашонро аввалин калимае, ки ёд медоданд ин номи Аллоҳ буд, пеш аз ин ки номи падар ё модар ва ё нонро ба он ёд медоданд, номи Аллоҳро ёдашон медоданд. Оромишбахши дилҳо, мушкилкушову раҳнамо Аллаоҳ аст. Пас инро доим ба хотир бигирем, то дар қадамҳои оянда, ки ба суи Аллоҳ ҳаракат дорем такягоҳи асосии мо маълуму равшан бошад.

Таҷдиди охирон (17.07.11 14:16)