Шарҳи аҷоиботи қалбҳо

Мақолаҳо - Тазкияи нафс

Бидон, ки шарофатмантарин чизе, ки дар инсон аст ин қалбаш мебошад. Он аст, ки донандаи Худост, амалкунанда барои Худост, саъю кушишкунандаи ба сӯи ӯст, наздикшаванда ва ошкоршаванда ончӣ дар назди ӯст. Аммо дигар андомҳо бошанд, пайраванд, барои ӯ хидматгоранд, ки ҳамчуноне, ки подшоҳон ғуломонашонро истихдом менамоянд.

Касе қалбашро донист, албатта Парвардигорашро медонад. Бештари мардум нисбат ба қалбҳо ва нафсҳояшон ҷоҳилу нодон мебошанд. Худованд дар миёни инсон ва қалбаш монеа мешавад ва монеа шуданаш ин аст, ки ӯро аз маърифаташ ва назорат карданаш манъ мекунад. Ба ин сурат, ки дигар гумон мекунад, ки Худованд ӯро назорат намекунад, Худованд ӯро намебинад, ба ӯ гуфта мешавад, ки инҷо бояд Худоро итоат куни, инҷо Худованд розӣ мешавад, инҷо Худованд ғазаб мекунад, Худованд хашм мегирад, дигар барояш ҳама баробар мешавад, танҳо мехоҳад ба хоҳиши худ бирасад ва намедонад, ки Худованд назоратгараш аст. Бинобар ин маърифати қалб ва сафатҳои он асоси дин ва асоси роҳи соликину равандагони ба сӯи Худо мебошад.

Бидон, ки қалб ба асли фитрату сиришташ қобили ҳидоят аст ва ба ончӣ дар ӯ аз шаҳватҳо ва хоҳишоти нафс ниҳода шудааст, аз ҳидоят ба сӯи гумроҳӣ майлкунанда аст. Ҳамлаҳо дар байни лашкари малоик ва шайтонҳо ҳамешагӣ аст, то даме, ки қалб барои яке аз онҳо кушода шавад, ки дар натиҷа дар он ҷой мегирад, ватанаш онҷоро месозад ва барои тарафи муқобил ба ин мулк гузаштан гоҳ-гоҳ мумкин мегардаду халос. Ҳамчуноне, ки Худованди мутаъол фармуда: "Ва аз шарри васвасакунандаи ниҳоншаванда". Нос:4. Он шайтоне аст, ки вақте зикри Худо карда шуд дарҳол ниҳон мешавад ва вақте ғафлату бехабарӣ дар инсон воқеъ шуд шодмон мегардад ва тавсеа пайдо меёбад. Лашкари шайтонро аз қалб танҳо зикру ёди Худо дур мекунад ва меронад, зеро шайтон бо зикри Худо дар як ҷо қарор намегиранд.

Бидон, ки масали қалб масали қалъае аст. Шайтон душмане аст, ки мехоҳад ба қалъа дохил шавад ва соҳиби он гардаду ҳокимаш бошад. Қалъаро наметавон ҳимоят кард, магар бо посбонӣ кардани дарҳояш. Касе дарҳои қалъаро надонад, ӯ наметавонад онро посбонӣ кунад. Шайтонҳоро наметавон ронд, магар бо донистани даромадгоҳҳои он. Даромадгоҳҳои шайтон ва дарвозаҳои он сифатҳои худи банда мебошанд, ки онҳо хело зиёданд. Мо инҷо ба баъзе аз дарҳои бузурги он, ки ҳамчун дарвозаҳое, ки аз бисёр будани лашкарҳои шайтон танг намешаванд, ишора мекунем. Яъне он дарҳое, ки ниҳоят бузурганд, лашкари шайтон чӣ қадар зиёд ворид шаванд он дарҳо танг намешаванд ва боз ҳам мегунҷонад. Барои ин лозим аст, ки ин дарҳоро донист, то битавони ин дарҳои шайтониро бибандӣ.

Яке аз он дарҳои бузурге, ки шайтонҳо ба қалби инсон ҷой мегиранд, ин: ҳасад бурдан ва ҳарис будан аст. Ҳасад ин аст, ки ончиро дар дасти мардум мебинад онро барои худ мехоҳад ва ҳар чизеро дар дасти мардум дид, ки надошта бошад, дарҳол дилаш ба он кашола мешавад ва мехоҳад, ки бояд ӯ инро дошта бошад. Инчунин аст ҳирс, яъне хоҳиши сахт. Ҳар инсон шояд хоҳише барои чизҳо дошта бошад, вале ҳирс ин хоҳиши сахт аст, ки соҳибашро ба ҳоли худ намегузорад, то ки хоҳишашро ҳосил кунад. Вақте банда бар чизе ҳарис шуд, онро сахт хоҳишманд шуд, ҳирсу хоҳишаш ӯро куру кар мегардонад, ва нури басирату бинишашро, ки ба воситаи он даромадгоҳҳои шайтонро медонист, мепӯшонад.

Инчунин вақте ҳасад мекунад, шайтон дар ин ҳолат фурсатро пайдо мекунад, ки барои инсони ҳарис ҳама чизе ки ӯро ба шаҳватҳояш мерасонад зиннат диҳад, гарчанде он хоҳишаш мункару фоҳишу зишт ҳам бошад. Вақте ба мол ҳарис шуд, дигар заруратеро, ки Худованд барои талабидан иҷозат додааст, ки он танҳо барои хурдани якрӯза аст, аз он таҷовуз мекунад, молро то андозае талаб мекунад, ки беҳтарин таомро мехӯрад, беҳтарин либосро мепӯшад, беҳтарин мошинро савор мешавад, беҳтарин хонаро сукунат мекунад. Ҳирсаш ӯро кур ва кар сохта, ки дар дин ин ҳаром аст. Ин танҳо бештар ҷамъ кардани оташи дӯзах аст. Ин моле нест, ки инсонро манфиате, иззате касб намояд, балки танҳо ӯро месӯзонад. Дар яке аз аҳодиси Расули Худо (с) ба ин ишора мешавад, ки: "Касе талаб кард, дар ҳоле, ки ончӣ бениёзаш мегардонад дошта бошад, ҳамоно аз лахчаи (оташпораи) ҷаҳаннам бештар карданӣ аст. Гуфтанд: Эй Расули Худо! Ончӣ бениёзаш месозад чӣ қадар аст? Гуфт: Ончӣ саҳар ва бегоҳ мехуронадаш". Пас касе аз ин бештар талаб намояд, аз доираи талбидани шаръӣ баромадааст ва мехоста бештар аз ин оташ ҷамъоварӣ намояд. Яъне чун аз ин мардум аз ин миқдор бештар мол талаб намояд, аз касе набошад, ӯ барои худ оташпораҳои бештаре аз ҷаҳаннам ҷамъоварӣ менамояд. Мардум чун ба ин ҳақиқат воқиф нестанд, гумон мекунанд, ки инсони сарватманде аст ва хайру садақотҳо ва эҳсонҳо мекунад. Чигунае, ки зикр шуд, эҳсони ҳақиқӣ оне аст, ки аз ҳамон чизе, дар хона вуҷуд дорад, анҷом гирад, на аз роҳи такаллуфе, ки манъ шудааст. Ин буд яке аз он дарҳои бузурге, ки шайтон ба қалби инсон роҳ меёбад ва дар қалбаш ҷой мегирад ва тамоми дигар аъзои баданашро барои итоати шайтон ва нақшаҳои шайтонӣ истифода менамояд. Чизеро мехоҳад ҳосил кунад, агар аз инсони фосиқ ҳам бошад, онро талаб мекунад ва ба он тамаъ мебандад. Чизеро мехоҳад ҳосил кунад, агар бо гуноҳ кардан ва маъсият намудани Худованд ҳам анҷом гирифт, онро талаб мекунад. Даст ба нофармонӣ мезанад, вале аз хостааш даст намекашад.

Яке аз дарҳои бузурги дигаре, ин: ғазаб кардан, шаҳват ва тез ба ғазаб омадан аст. Ғазаб ин ғул ва марги ақл аст. Агар лашкари ақл заъифу нотавон шуд, инҳангом лашкари шайтонҳо ҳамла мекунанд ва инсонро дигар бозӣ медоронанд. Ривоят шуда, ки шайтон гуфтааст: Агар банда оҳан бошад, мо ӯро чаппа роста мекунем ҳамчуноне, ки кӯдакон тубро чаппа роста мекунанд.

Яке аз дарҳои бузурги дигаре, ки шайтонҳо дар қалби инсон аз он дохил мешаванд, ин: дӯстдории зиннат додани хона, сару либос ва асбобу сомонҳои хона мебошад. Чунон пайваста ва бардавом ба иморат кардани хона, зиннат додани он, зиннат додани сақфи он, зиннат додани деворҳои он, зиннат додани сару либос, ва асбобу лавозимотҳои хона даъваташ мекунад, ки инсон тули умрашро дар ин хасорату зиён мебинад. Дар воқеъ агар инсон назар кунад, мебинад, ки ин коре аст аз хориҷи қалб, дар берун анҷом мегирад, вале сарчашмаи ҳамаи ин кору бор, ин заннатдоданҳо аз куҷост? Сарчашмаи ин ҳама аз ҳамон калбе аст, ки мехоҳад чунин ва чунон бошад. Дар натиҷа зикри Худояш то анҷоми иморату хонааш, кам мегардад, ҳама касе бо ӯ вобаста мебошанд онҳо низ аз зикри Худо камтар мекунанд ва дур мегарданд. Оё боварӣ дорӣ, ки чанд вақте ҳаёт дорӣ, ки баъди ин ҳама заҳмат, баъди ин ҳама зиннатхоҳӣ, ибодати бо зиннат намоӣ. Инаст, ки баъди итмоми бино вақте намоз ҳам бигузорад, зикре кунад, дилашро зиннати имораташ ва асосҳои хонааш ба худ ҷалб мекунад, ки хулусият ва ҳозирии қалбашро аз ӯ дур мекунад.

(агар умр боқӣ бошад, идома хоҳад ёфт)

 

 

 

Андеша ва таамул: Маърифатҳо танҳо барои донистан нест. Зеро агар ба маърифатҳо амал баста нашавад, онҳо қимате ё арзише нахоҳанд дошт, баръакс шояд дарди сари инсон шаванд, ки ба дониста амал накард.

Мо дар мақолаи гузашта донистем, ки қалб ҳамчун подшоҳ ва дигар аъзои бадан ҳамчун хидматгоранд. Қалб ин ҳамчун қалъае аст, ки дар он ё малоик ҷой мегиранд, ки қалб дар натиҷа ба аъзои бадан фармоишҳои нек ва савоб медиҳад ё шаётин ҷой мегиранд, ки қалб дар натиҷа ба аъзои бадан фармоишҳои бад ва носавоб медиҳад.

Пас ҳар амале, ки аз инсон сар мезанад сарчашмаи ин амалҳо аз маркази қувваи қалбӣ, қувваи боварии инсон ба некӣ ё бадӣ, ба диндорӣ ё бединӣ, мусалмони тақводор будан ё фосиқу аз итоат дур, сарчашма мегирад.

Донистем, ки малоик ва шайтонҳо мехоҳанд ин марказро ҳамеша ба даст оваранд ва барои ба даст овардани ин марказ барои шайтонҳо дарвозаҳое аст, ки агар инсон ин дарвозаҳоро набандад, албатта шайтонҳо онро зери фармонравоии худ мегиранд ва ҳарчӣ мехоҳанд дигар банда иҷро мекунад, ҳарчӣ мехоҳанд маъсият кунад, маъсият мекунад. Пас барои ин дарҳоро бастан лозим буда, ки дарвозаҳоро донист, то тавони онҳоро баст. Ин дарвозаҳо хислат ва ахлоқу рафторҳои худи инсон мебошад, ки инҳо ниҳоят зиёданд, вале мо инҷо ба дарҳои даромади бузурги он ишора намудем.

Аз ҷумлаи дарвозаҳо донистем, ки ҳасад бурдан ва ҳарис будан аст. Пас ай бародар ва хоҳари меҳрубон, бингар ки ин сифат дар ту ҳаст ё нест. Ин аст маърифати ҳақиқӣ ва пайравии ҳақиқӣ, ки инсон вақте чизеро донист ба он кор мебандад, худашро дар ин оина мебинад. Агар ин хислат дар ту бошад, пас маълум мешавад, ки дарвозаи даромади шайтонҳо ба қалбат боз аст. Ҳолати ту, дар ҳолати хатарнок қарор дорад. Бояд ин дарвоза баста шавад, ки бар ту лозим аст ин корро анҷом диҳи. Шарм мадор, худатро наҷот деҳ, магу ки агар ман худамро муолиҷа кунам ва аз рӯи ахлоқ ва рафтор дигар шавам, шояд мардум ба ман бо дигар назар нигоҳ кунанд, на, чунин гумон макун. Танҳо худатро дар пешгоҳи Худованд бидон, ки бо қалби солим бояд ҳозир шави, зеро бо ин қалби дардманд пеши Худованд роҳ нахоҳи ёфт. Ва барои қалбро солим кардан фурсат дорӣ ё не? Пас дарҳол барои ислоҳи он бикӯш. Ин хислатро аз худ бо тамоми василаҳо дур кун. Агар инсон натавонад, худро аз хислати ҳасад бурдан ва ба чизҳои дунё сахт хоҳиш доштанаш, муолиҷа намояд, ба донишмандони қалб муроҷиа намояд, то роҳи илоҷи онро барояш тавсия намоянд. Ба изни Худованд, шояд дар оянда, баъзе роҳҳои илоҷи умуриро инҷо матраҳ намоем.

Аз ҷумлаи он дарҳои бузурги даромадгоҳи шайтонҳо ин ғазаб, шаҳват ва тез ба ғазаб омадан буда. Ин хислатро дар худ бубин. Агар дар ту он бошад, бидон, ки дар хатари калоне воқеъ шудаи. Ин хислатҳои мазкур инсонро тамоман ҳалок мекунад. Зеро асоситарин ҷое, ки инсон мукаллаф мешаванд, ин аз ҷиҳати доштани ақлаш аст. Вале ғазаб, шаҳват ва тез ғазаб кардан, аввалин чизеро хароб мекунанд, аввалин чизеро ҳалок мекунанд ин ақли соҳибаш аст. Ғазаб ҳамчун оташ аст, ки ҳамаро месӯзонад. Шаҳват, ин танҳо шаҳвати ҷинсӣ нест, балки шаҳвати хурдан, шаҳвати нӯшидан, шаҳвати пӯшидан, шаҳвати мошинҳои савора, шаҳвати хонаҳои бодабдаба, шаҳвати молу матои зиёд доштан. Ин шаҳватҳо ақли инсон ва ҳаёти инсонро ҳалок мекунанд. Бубин, агар ин хислатҳоро дур накарди, аввалин ҳалокшавандагон худат ҳастӣ, дар доми шайтон гирифтор ҳасти, шайтон ҳаст, ки туро ва аъзои бадани туро фармон медиҳад. Доштани молу манол ҳаром нест, вале барои мусалмон роҳи доштани он муайян карда шудааст, ки аз роҳи ҳалол касб карда шуда бошад ва дар он иззати инсон ва каромати инсон паст нагардида бошад, бо роҳи қарзу талбандагӣ набошад. Агар бо роҳи ҳалол ва дуруст мол ба дасташ омад, зарараш камтар мегардад ва шояд безарар шавад. Вале аз тариқи нодуруст бадаст овардани молу матои дунё, ҳалоки пеш аз ҳалок аст.

Дигар дарвозае, ки шайтонҳо аз он ба қалби инсонҳо роҳ меёбанд ва ҳокими инсон мешаванд ва дар ҳаёт ӯро гумроҳ мекунанд, ин дӯстдории зиннат додани хона, сару либос, асбобу анҷоми хона мебошад. Ин дарде аст, ки бештари мусалмонҳо имрӯз ба он гирифтор шудаанд. Ҳатто касоне, ки ба илм машғуланд, талаба ва шогирдон доранд, миёни ҳам ба ин кор мусобиқаҳо доранд, дар ҷое, ки Худованди мутаъол, дар Қуръони карим гуфта ва онҳо дар дарсҳояшон инро хондаанд, ки: "Ва фи золика фалятанофасил мутанофисун", "Ва дар ин (роҳи тақво, роҳи тоату ибодат аз Худо, роҳи парҳез аз молу маноли дунё ва амсоли инҳо) пас мусибиқа намоянд, касе мехоста бошад, ки мусобиқа намояд". Бубин, агар муаллим ҳастӣ, агар тарбиятгар ҳатсӣ, ба зердастонат бифаҳмон, ки ба сабаби ин рафторашон қалбҳои худро барои шайтонҳо боз кардаанд, худро зеро итоати шайтон қарор додаанд, на инки худро пешрафта карда бошанд ва барои Ислому мусалмонҳо иззатеро касб карда бошанд. Назар кун эй бародар ва хоҳари азиз, ки ин хислат агар дар ту бошад, пас хатаре туро таҳдид мекунад. Бояд ин дарду бемориро муолиҷа намои, бояд аз ин хислате, ки шайтонро ҳоким дар қалбат, дар вуҷудат ва дар ҳаётат месозад, худро бираҳони.

Бинобар ин мехоҳам, ки мо ҳар бародар ва хоҳар худро бингарем, худро назорат кунем, тарбиятгарон ба зердастонашон назар кунанд, ки мабодо ин дарҳо ва ин хатарҳо онҳоро фаро нагирад. Маърифат танҳо барои донистан нест, маърифат барои зиндагӣ кардан аст. Аз нофаҳмӣ ва ҷаҳолату нодонӣ кор то ҷое расида, ки инсонҳои мусалмон раҳмати Худоро аз лаънаташ ва ғазабаш дигар фарқ намекунанд. Аз лаънати Худованд ҳазар намекунад, балки қасдан худро ба он мезанад. Ин даҳшат аст. Ин ҷаҳолат аст.

Худованд ҳамаи мо ва шуморо маърифати ҳақиқӣ ва пайравии ҳақиқӣ насиб гардонад.