Муомилаи ту бо Аллоҳ таъоло чигуна аст-18

Мақолаҳо - Тазкияи нафс

 Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,           Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Алҳамду лиллҳои рабби-л-ъоламин. Ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ (с) ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин. Аммо баъд...

 

Аллоҳ таъоло аз осмон чизҳои зиёдеро ба замин фуруд меорад. Он чизҳо барои бандагони Худо манфиатнок ва фоидаовар мебошанд. Лекин азизтарин ва ширинтарин чизе, ки аз осмон мутлақан фуруд омадааст, ин ҳидоят аст. Аз ин дида зеботар, манфиатноктар ва азизтар чизе нест, ки Худованд туро ба суяш ҳидоят намояд. Зеро ту касеро пайдо карда наметавони, ки аз Ӯ субҳонаҳу ва таъоло дида беҳтару нектар бошад. Агар ту аз ҷумлаи касоне боши, ки Худованд онҳоро ҳидоят намудааст, пас бароят ин неъмати илоҳӣ гуворо бод. Аз Худованди мутаъол талаб менамоям, ки барои ту онро муборак гардонад. Савганд ба Худованд, ки аз тамоми қалбам туро муборакбод ва таҳния мегуям.

Валекин суоли навбати ин аст, ки:

Бо Худованд чигуна муносибат ва рафтор менамоӣ, вақте туро ҳидоят намуд?

Аз Аллоҳи мутаъол талаб менамоям, ки туро устувор нигоҳ дорад ва нурашро барои ту пурра ва комил кунад, синаатро бештару бештар фароху кушода гардонад. Агар ту аз ҷумлаи касоне боши, ки Худованд онҳоро ҳидоят намудааст, пас аз ту хоҳиш мекунам, ки худатро нигаҳ дори, ҳифозат намои ва ба он аҳамият диҳи. Зеро ту дар ҳоли ҳозир чизеро доро ҳасти, ки аксари аҳли замин онро надоранд. Гумон мекуни ин гуфта муболиға аст? Бубин, ки сокинони рӯи замин чанд миллиард мебошанд, вале аз онҳо аксарашон ба ин неъмат мушарраф нагаштаанд, вале ту ба он неъматро додааст. Ҳамоно он неъмат ва он чиз ҳидоят аст. Ба андозае, ки ҳидоят ёфтаи, муҳаббати Аллоҳ таъоло нисбат ба ту, ба ҳамон андоза мебошад. Пас ту ба сабаи ҳидоят ёфтан, ба муҳаббати Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ноил гаштаи. Вале бояд инро донист, ки муҳаббати Худованд нисбат ба инсон доим яксон ва дар як сатҳ боқӣ намемонад, балки гоҳо кам ва нуқсонпазир мешавад. Ин ҳолати вобаста аст ба он андозае, ки худи инсон аз неъмати бузурги илоҳӣ, ки ҳидоят аст, камбуд ва нуқсон намояд. Яъне агар дар шартҳои ҳидоят ва талаботҳои он камбудӣ намуд, ки гуфтае аз гуфтаҳои Худоро иҷро накард ё чизеро манъ карда буд онро итоат накарда анҷом дод, андозаи ҳидояташ ба ҳамон андозаи фармонбардорияш ва маъсияткорияш зиёду кам мешавад.

Чигуна бидонам, ки Худованд маро ҳидоят намудааст ё на? Посух ба ин оддӣ аст. Агар ҳалолу ҳаромро медониста бошӣ, ҳалолашро анҷом медода ва ҳаромашро тарк мекарда бошӣ, агар амру наҳйяшро медониста бошӣ, ончӣ туро фармон дода, анҷом доди ва аз ончӣ туро наҳй намудааст, даст кашида бошӣ, ҳамоно туро Худованд ҳидоят кардааст. Ин амру фармонҳо ва наҳю манъ карданҳо дар Қуръони карим ва суннати Расулуллоҳ (с) омадааст, ки чӣ корро бояд анҷом диҳӣ ва чӣ корро бояд анҷон надиҳи. Вақте гуфт намоз хон, рӯза бигир, рост бигӯ, падару модарро итоат кун, шавҳарро итоат намо, силаи раҳмро риоя кун ва амсоли инҳоро анҷом додӣ,  ва гуфт, ки май нанӯш, дуздӣ макун, ришва магир, рибо махӯр, зулм макун, ҳақи дигаронро магир, дашном мадеҳ ва аз амсоли инҳо даст кашидӣ, ҳамоно ту фармонашро итоат кардаи ва аз наҳйи кардааш даст кашидаи. Ин ҷост, ки ту ҳидоят ёфтаи, вале дар акси ҳол агар итоат накардӣ худро аз неъмати ҳидоят дур кардаи.  

Вақте, ки ҳидоят ёфти, дигар ту ҳабиби Худованд ҳасти. Ва ту ба Худованд наздик мебоши. Ту дар назди Худованд азизу шарофатманд ҳасти. Баъд аз Худованд барои ту кӣ аҳамият дорад? Вақте Худованд туро мехоста бошад, туро наздики худ мекарда бошад ва ба ҳидоят туро мадад менамуда бошад, ва ин дар давоми рӯзу шаб, баъд аз ин чӣ мехоста боши? Барои ту дигар чӣ камбуд аст? Касе Аллоҳ таъолоро ёфт, ҳама чизро ёфтааст ва касе Аллоҳ таъолоро аз даст дода, ҳама чизро аз даст додааст.

Мумкин нафари дигаре суол кунад, ки мехоҳам ҳидоят ёбам, вале чигуна ҳидоят ёбам? Ман мехоҳам ҳидоят ёбам, роҳи ин ки ҳидоят ёбам, чигуна аст, кадом аст? Ҳаргиз наметавони ҳидоят ёбӣ, магар ин ки Худованд ҳидоятат кунад. Агар Худованд ҳидоятро бар ту фуруд наёвард, пас ту ҳаргиз ва ҳаргиз ҳидоят нахоҳи ёфт. Худованд дар бораи аҳли ҷаннат ёдовар шудааст, ки онҳо мегуянд: "Алҳамду лиллоҳиллази ҳадоно лиҳозо ва мо кунно линаҳтадия лав ло ан ҳадоналлоҳ", "Ҳамд мар Худоеро, ки моро ба ин (Ислом ва имон) ҳидоят намуд ва мо ҳидоят намеёфтем, агар Худованд ҳидоятамон намекард". Яъне ҳидоят дар дасти Аллоҳ таъоло мебошад. Вақте ҳидоят ёфтӣ, бидон ки Аллоҳ таъоло бар ту фазл намуда онро барои ту бахшидааст, на ин ки ту худат онро ба даст овардаи.

Баъзе аз аҳли илм гуфтааст: "Агар хайр дар дасти ҳидояткунанда бошад ва қалби ман низ дар дасти ҳидояткунанда бошад, наметавониста бошам, ки хайрро дар он биниҳам магар ин ки Худованд ӯст, ки онро (хайрро) дар вай (дил) биниҳад".

Ман медонам, ки ҳоло ту чӣ мехоҳи бигуи. Мегуи, ки агар масъала чунин бошад, ки ҳам ҳидоят ва ҳам қалб дар дасти Аллоҳ таъоло бошад, пас ман чӣ кор карда метавониста бошам? Ман коре карда наметавонам, наметавонам, ки ҳидоят ёбам ва на чизи дигар. На. Масъала чунин нест, ки гумон мекуни, балки ту метавони коре бикуни. Ту ҳидоятро аз Ӯ таъоло талаб намо, Ӯ бароят онро медиҳад. Ҳамин хел ту дар ҷои худ, бо дастони баҳам баста, ки мунтазири ҳидоят боши, наист. На. Парвардигорамон инро аз ту дӯст медорад, ки ҳидоятро аз ӯ талаб намои, то онро барои ту диҳад. Худованди мутаъол фармудааст: "Ва Парвардигоратон гуфта, ки маро бихонед, ман барои шумо иҷобат мекунам", Бақара.

Ту ҳидоятро аз ӯ талаб намо, Ӯ таъоло онро бароят медиҳад. Ба афзалтарин сураи Қуръон назар намо, сураи Фотиҳа. Худованди таъоло дар он фармудааст: "Танҳо туро мепарастем ва танҳо аз ту талаби ёрӣ меҷӯем". Инро мулоҳиза намо, ки нагуфтааст, ки: Танҳо туро мепарастем ва танҳо аз ту умедвор ҳастем. Нагуфта, ки: Танҳо туро мепарастем ва танҳо аз ту метарсем. На. Чунин нагуфтааст. Балки гуфтааст: "Танҳо туро мепарастем ва танҳо аз ту талаби ёрӣ меҷӯем". Чунки ту ҳаргиз наметавони ӯро ибодат кунӣ, магар вақте ки ӯ туро ёрӣ намояд ва қудрати тавонии ибодат карданро бароят диҳад. Ту ҳаргиз ҳидоят намеёбӣ, магар вақте ки Худованд худаш туро ҳидоят накунад.

Агар гуфти, ки пас ман чӣ кор кунам? Ҷавобаш ин аст, ки: Ҳидоятро аз Ӯ талаб талаб намо ва яқин дошта бош, ки онро барои ту медиҳад. Аз ин ҷиҳат мулоҳиза намо, ояте ки баъди "Танҳо туро мепарастем ва танҳо аз ту талаби ёрӣ меҷӯем" мебошад, кадом оят аст? "Моро ба роҳи рост ҳидоят намо". Оё ҷамолу зебогии Қуръонро дидед? Оё тавофуқи ниҳоят зебо ва олиро дидед? Аз ин ҷиҳат Худованд дар ҳадиси қудсӣ мегуяд: "Эй бандагони ман! Ҳамаи шумо гумроҳед, магар касе ки ҳидояташ намудам, пас аз ман талаби ҳидоят намоед, ҳидоятатон мекунам". Яъне аз ман талаби ҳидоят намоед, ман шуморо ҳидоят менамоям.

Оре, бародар ва хоҳари гиромӣ, муносибат ва рафтор бо Худованд усулҳои худро дорад. Муносибат ва рафтор бо ӯ таъоло, бо муносибату рафтор бо дигарон фарқ мекунад. Дар усули муносибату рафтор бо Худованд моем, ки ба назди Худованд меоем ва қариб мешавем ва дар пешаш хорию зорӣ мекунем. Ҳатмӣ ин аст, ки бояд аввал мо қадами нахустинро бигузорем... Худованд мефамояд: "Ҳамоно Худованд дар қавме тағйиротеро ба вуҷуд намеоварад, магар ин ки онҳо ончиро, ки дар нафсҳояшон мебошад, тағйир диҳанд". Оят.

Оре, Аллоҳ таъоло ӯст, пок, ғолиб ва малик. Малик оне аст, ки ба пешаш меоянд, ӯ намеояд. Валекин агар ба пеши ӯ субҳонаҳу ва таъоло омадӣ, ӯ ба назди ту, аз оне ки ту ба наздаш омадӣ, бештар ва тезтар меояд.

Расулуллоҳ (с) мефармояд: "Аллоҳ таъоло мегуяд: Касе ба назди ман як ваҷаб наздик омад, ба назди ӯ як зироъ наздик меоям. Ва касе ба назди ман зироъе наздик омад, ман ба назди ӯ боъе наздик меоям. Ва касе ба назди ман қадам зада омад ман ба назди ӯ шитобон меоям..". Дар ин ҳол, он чӣ мехостӣ, барои ту аз он хостаат бештар медиҳад ва ончӣ тасаввур мекардӣ, аз он ҳам бештар хоҳад дод. Туро ҳаргиз ба ҳоли худ вогузор намекунад. Бо вуҷуди онки ту худат омади, туро раҳо намекунад. Барои ту ёрӣ медиҳад, аз ин ҳам зиёда мекунад ва ҳама вақт бо ту мебошад. Магар дар як вақт ё дар як ҳолат. Вақте ту худат Ӯро раҳо кардӣ ва тарк намудӣ. Агар чунин иқдом намуди, ки Ӯро раҳо кардӣ, Ӯ таъоло низ туро раҳо мекунад. Худованди мутаъол фармудааст:

"Ин ба хотири он аст, ки Худованд, ҳеч неъматеро, ки бар қавме ато фармудааст, тағйир намедиҳад, ҷуз он ки онҳо худашонро тағйир диҳанд. Ва Худованд шунаво ва доност". Раҳо кардани ту Аллоҳ таъолоро ин аст, ки ончӣ ба ту дар Қуръон гуфта буд, итоат накардӣ, балки ба фикру худ ва хоҳиши нафсат амал карди, ва ончиро, ки туро аз он манъат намуда буд, ту онро ба хоҳиши худ анҷом додӣ.

Мутааккид бош, ки Худованд туро раҳо намекунад, магар вақте ки ту худат онро тарк карди. Чунки ӯст, ки фармуда: "Ҳангоме, ки онҳо аз ҳақ мунҳариф шуданд, Худованд қалбҳояшонро мунҳариф (каҷ) сохт. Ва Аллоҳ фосиқонро ҳидоят намекунад". Яъне аввал худи онҳо мунҳариф шуданд ва роҳро каҷ рафтанд, аввал онҳо буданд, ки гуфтаи Аллоҳро итоат накарданд бо вуҷуди инки дар Қуръон ошкор омада буд ва барои ҳама маълум буд, вале онҳо ин роҳро итоат накарданд ва аз роҳи Аллоҳ ва фармони Ӯ роҳи каҷеро интихоб намуданд, пас дар ин ҳолат, Аллоҳ таъоло ҳам қалбҳои онҳоро мунҳариф яъне каҷ гардонид. Ва фосиқ ин ҳамон касе аст, ки аз роҳи Аллоҳ таъоло ба бероҳа баромадааст, Аллоҳ ба ӯ гуфта, ки чунин кун, вале ӯ онро намекунад ва ӯро гуфта чунон накун, вале ӯ чунон мекунад, пас ин аст дар мизони шариъат шахсе, ки фосиқ мебошад.

Медонам, ки агар яке аз мо таъму маззаи ҳидоятро чашид, ҳаргиз наметавонад, ки аз он ҷудо шавад. Савганд ба Худо, шаҳодат медиҳам ба илоҳе ки ҷуз ӯ илоҳи дигаре нест, мо ҳаргиз саодату роҳатро пайдо карда наметавонем, магар вақте ки ба Ӯ наздик бошем. Ҳар андоза ба Ӯ таъоло наздиктар шудем, эҳсоси саодатро бештар мекунем.

Инҷо суоле ба миён меояд: Саодатро ки офаридааст? Посӯх: Онро Аллоҳ таъоло офаридааст. Оё мумкин аст, ки онро ба касе диҳад, ки Ӯ аз вай рӯй гардонидааст, ё онро ба касе медиҳад, ки ба сӯи ӯ роҳ ёфта, ҳидоят шудааст? Шаке нест, ки онро ба касе медиҳад, ки ба сӯи ӯ ҳидоят ёфтааст. Аз он розӣ шудааст, на инки ба касе, ки ба он ғазаб намудааст.

Аз Худованд талаб менамоям, ки мо ва шуморо аз он ҷумлаи ҳидоятёфтагон бигардонад. Як масъалаи дигари муҳиме дар муносибат ва рафтор бо Худованд, вақти ҳидоят ёфтан, боқӣ мондааст.

Бародар ва хоҳари гиромӣ, ибтидое, ки ба чизе ҳидоят ёфтӣ, ҳатто як ҳасанаи хурде ҳам бошад, дар аввалин лаҳзаи ҳидоят, фазли ҳидоятро ба Худованди мутаъол нисбат деҳ на ба худат.

Ва инчунин аз муносибату рафтори нек, вақте туро ҳидоят намуд, зарур аст, ки ин ҳидояро ба дигарон бирасони. Кушиш кун, инсонҳоро ба сӯи Худованд бихон. Чунки вақте ту ҳидоят ёфтӣ, сипас мардумро ба сӯи ҳидоят хондӣ, касе аз ту беҳтар буда наметавонад. Худованди мутаъол фармудааст: ӣ касе хушгуфтортар аст, аз он кас, ки даъват ба сӯи Худо мекунад ва амали солеҳ анҷом медиҳад ва мегуяд: Ман аз мусалмононам". Фуссилат:33. Донотарин ва зирактарин инсон касе аст, ки Аллоҳ таъоло ӯро аз ҳама хушгуфтортар, хушсухантар ва аз ҳама беҳтар медонад. Он нафар касе, ки вазифааш вазифаи паёмбарон аст, мардумро ба сӯи Аллоҳ даъват мекунад, меросаш мероси дӯстони Аллоҳ ва расулонаш аст, ки амали шоиста мекунад. Пас касе ҳаёти худро ба ин гузаронида, ки вақт пайдо накард, то ба мардумро ба сӯи Аллоҳ даъват намояд ва вақт пайдо накард, ки амали шоиста анҷом диҳад, балки ҳамеша дар паи таъмини талаботи нафси саркашаш буд, он зиракиро бо машғул шудан ба ғайри Худованд аз даст додааст. Вале дар ин ҷо агар суоле пайдо шавад, ки агар занҳо ҳам ба ин мартаба хоҳанд худро расонанд мисли мардон мешавад? Посӯх чунин аст, ки бале, онҳо низ метавонанд ба ин камолот ва беҳтаринҳо бирасанд. Улгӯ ва намуна дар ин кор, барои занҳо модарамон ва модари муъминон, ҳамсари дӯстдоштатарини Расулуллоҳ (с), зани комил дар дунё ва охират, Хадиҷа бинти Хувайлид мебошад. Ӯ барои расидан ба ин мартаба чӣ коре анҷом дод, ки комёб шуд? Ӯ ҳама васоил ва шароите, ки барои пешбурди кори шавҳараш лозим буд, онҳоро барояш фароҳам оварда ва шавҳарашро ёрӣ расонид, то Каломи Аллоҳро бар бандагони Аллоҳ бирасонад. Яъне бо анҷом додани вазифааш дар хона, бо хидмати шавҳараш, ки мардумро ба сӯи Аллоҳ таъоло даъват мекард, кардан, ба ин дараҷаҳои камолот расид, то ҷое ки Аллоҳ таъоло ба ӯ салом фиристод, Ҷибрии (а) ба ӯ салом фиристод ва Расуллоҳ (с) ба ӯ салом дод.

Лекин огоҳ бош, даъвати ба сӯи Худованд, хондани бандагони Худо ба сӯи Ӯ, фанн ва илмест, ки лозим аст онро пурра ва комил азхуд намои. Воҷиб аст, ки илм дошта боши, услуби ором дошта боши, то мардумро бо ҳикмат, бо панди нек ва бо табассум, ба Ӯ таъоло маҳбуб гардонӣ. "Ва агар дурушт ва сангдил будӣ, аз атрофи ту пароканда мешуданд, пас онҳоро бибахш ва барои онҳо омӯрзиш талаб намо". Оли Имрон: 159.

Аз ин ҷиҳат бидон, ки аз ҳусни муносибат ва рафтори нек карданат бо Худованд вақте ҳидоят ёфтӣ, ин аст, ки барои ҳидоят ёфтани мардум дуо намои. Ту онҳоро бо забонат даъват менамоӣ ва барои онҳо дар назди Парвардигорат дуо мекуни. Ҳамчуноне ки Расулуллоҳ (с) бисёр вақт, барои мо дар намозаш ва дар дуояш, дуо мекард. Ҳасан (р) мегуяд: Касе Худовандро дӯст дошт, дӯст медорад, ки ҳамаи мардум дар муҳаббати Худованд бо ҳам як бошанд. Аз Худованд талаб мекунам, ки ҳамаи моро дар ҳидоят кардан ба сӯяш, ҷамъ намояд, то ба зеботарин макон дар ин ҳастӣ бирасем. Аллоҳ таъоло мефармояд: "Ҳамоно касоне, ки имон оварданд ва амали шоиста карданд, Парвардигорашон онҳоро дар партави имонашон ҳидоят мекунад. Аз зери онҳо, дар боғҳои биҳишт, наҳрҳо ҷорист. Дуои онҳо дар биҳишт ин аст, ки: Худовандо муназзаҳи (поки) ту. Ва таҳияти онҳо дар он ҷо салом аст. Ва охирон суханашон ин аст, ки: Ҳамд махсуси Парвардигори оламиён аст". Юнус: 9-10.

Аллоҳ таъоло ҳамаи моро насиба беҳтарин неъмат, ки ҳидоят аст бигардонад ва ҳар чизе ин ҳидоятро тақвият ва зиёда мегардонад, моро ба он раҳнамоӣ намояд ва тоаташро дар ҳама амру наҳйяш рӯзӣ бигардонад ва падару модарони моро раҳмату мағфират намояд, ҳачуноне ки моро дар хурдӣ барои расидан ба ҳидоят Аллоҳ таъоло тарбият намуданд.

 

 

 

Таҷдиди охирон (08.03.18 13:18)