АЗ АШЪОРИ АТТОР ДАР ҲИРСИ ДУНЁ

Мақолаҳо - Тазкияи нафс

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Алҳамду лиллоҳ вассалоту, вассалому ъало Расулиллоҳ ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи ва ман волоҳ

Аммо баъд...

ДУНЁТАЛАБОН ЗИ ҲИРС МАСТАНД ҲАМА,

МУСОКУШУ ФИРЪАВНПАРАСТАНД ҲАМА.

ҲАР АҲД, КИ БО ХУДОЙ БАСТАНД ҲАМА,

АЗ ДӮСТИИ ҲИРС ШИКАСТАНД ҲАМА.

(шайх Аттор раҳ.)

Ҳирс ба маънои талабгори сахт будан. Яъне он касоне, ки дар талаби дунё сахт хоҳишманд ҳастанд ва талабгори сахтанд, ҳама мастанд, ҳама аз ақл, ки беҳтарин неъматҳои Худовандӣ аст, худро маҳрум намудаанд ва аз он бегона гаштаанд.

Талабгорӣ ва хоҳиши сахти онҳо ба дунё, онҳоро водор намуда, ки Мусокуш шаванд, яъне касоне ки сабаби наҷоти онҳо мебошанд, онҳоро аз пой дар меоранд, надониста ки ҳидоят ва наҷоти онҳо танҳо бо пайравӣ кардан аз таълимоти овардаи ӯст. Вале дар муқобил чун онҳо ҳама мастанд фиръавнпараст шудаанд, ки дар дасти ӯ на ҳидоят ва на наҷотаст. Балки дар охир худ чунон гирифтор шуд ва лашкараш ҳам дар пеши чашмаш гирифтор шуд, вале аз дасташ коре сохта нашуд.

Ҳар инсон бо Худо аҳде бастааст, вақте ки арвоҳҳои мо офарида шудаанд, Аллоҳ таъоло аҳде гирифт, паймоне бо онҳо баст, ки: Оё ман Парвардигори шумо нестам? Ҳама аҳд карданд ва ҳама гуфтанд: Бале. Ва дар масири зиндагӣ низ бисёр бор аҳдҳое бо номи Аллоҳ бастаанд, мисли аҳде, ки инсон агар пойбанди таълимоти Ислом набошад тавба карда аҳд менамояд, ки дигар ба нофармонӣ даст намезанад ва аз ин пас ба тоату ибодаташ мепардозад, ё вақте аҳди хонадорӣ мешавад, ки ин бузургтарин аҳдҳое аст, бо номи Худованд баста мешавад, ва дигар аҳдҳое, ки барои Аллоҳ ва ба номи Аллоҳ баста мешаванд. Чаро бо номи Аллоҳ ва барои Аллоҳ ин аҳдҳо баста мешаванд? Зеро инсон мумкин аст азбайн равад, инсон мумкин фаромушт кунад, инсон мумкин инкор кунад, вале Аллоҳ таъоло ҳамеша ҳаст, ҳеч чиз фаромушт намешавад ва аз ҳама огоҳ ҳаст.

Ин инсонҳое, ки дунё дар қалби онҳо ҷой гирифта ва қалъаи дили онҳоро забт намудааст, ва сахт хоҳишманди ин дунё ҳастанд, ин ҳирсу хоҳиши сахташон онҳоро водор ба ин карда, ки ин ҳама аҳде, ки бо номи Худо ва барои Худо баста шудаанд, ҳама мешикананд. Балки шикастанд.

Расулуллоҳ (с) фармудааст, ки: “Ло имона лиман ло амоната лаҳ, ва дина лиман ло ъаҳда лаҳ”, яъне Имон нест барои касоне, ки амонат надоранд, яъне амонатҳои додаро хиёнат мекунанд ва дин нест барои касоне, ки аҳд надоранд. Яъне дин надоранд касоне, ки аҳдро мешикананд.

Шайъ Аттор (раҳ) дар ин чаҳор мисра инсонро чунин раҳнамоиҳо менамояд ва моро ба ҳақиқати дунё, ҳақиқати дӯст доштани дунё ва аҳли он ва ҳақиқати касоне ки ба он дил бастаанд, огоҳ месозад. Баён менамояд, ки агар инсон дар ӯ ин сифат пайдо шуд ӯро ба ин ҳалокатгоҳҳо хоҳад бурд. Худованд ӯро раҳмату мағфират намояд ва инчунин мо ва падару модарони мо ва ҳар касе, ки болои мо фазле доранд, саршори раҳмату мағфират ва фазлу карамаш намояд.

Эй бори Илоҳо! Аз ту бо хорию зиллат талаб менамоем, ки бо фазлу карамат, ба суду манфиати мо бош, ва бо адлу қаҳҳорият ва бо мунтақим буданат бар ъалайҳи мо мабош. Моро раҳм намо, дар ҳоле ки ту бар моён раҳмкунандаи. Ва моро ба азоб ва уқубат гирифтор манамо, дар ҳоле ки ту бар азоб додан ва иқоб намудани мо қодиру тавоно ҳасти. Омин.