Сӣ тариқа барои ҳифз намудани Қуръони карим.

Қуръон - Омузиш Қуръон

Сӣ тариқа барои ҳифз намудани Қуръони карим.

Роҳҳои осон барои ҳафз намудани Қуръон.

1- Бар гуш фаро ниҳодан ҳар рӯз ҳарис бош.

Муҳимтарин барнома ё пружае (проекте), ки инсони муъмин дар ҳаёташ дорад, ин ҳифз намудани Қуръони карим мебошад. Ин барнома мумкин аст, ки ҳаёти туро комилан тағйир бидиҳад. Аввалин насиҳати мо барои ту, дар ҳоле ки ту дар роҳи ҳифз намудани Қуръони карим мебоши ин аст, ки ба шунидани Қуръони карим ҳар рӯз ба муддатҳои тулонитаре шуруъ намои. Ин шунидан ё гуш фаро ниҳодан, зуд аст, ки дар низоми амали димоғи ту тағйироте ворид мекунад. Уламо инро исбот кардаанд, ки ҳар садое, ки инсон онро мешунавад ва онро чандин маротиба такрор мекунад, дар низоми кории ҳуҷайраҳо тағйирот ворид мекунанд. Пас ба ин сурат гуш фаро ниҳодани ту ба Қуръон чунин маъно дорад, ки ту барномаи ҳуҷайраҳои димоғатро (майнаи саратро) азнав мекуни ва ин мувофиқи Китоби Аллоҳ таъоло ва он чи дар он аз таълимотҳо ва ҳукмҳо аст, мебошад. Ва то ин ки тағйири мусбати фаъолро замонат бидиҳем, воҷиб мешавад то ба Қуръон ба фурӯтании комил яъне хушуъи комил гуш фаро ниҳем. Ин ҳамон чизе аст, ки Аллоҳ таъоло моро амру фармоиш кардааст, ба ин гуфтааш, ки: «Ва вақте Қуръон хонда шуд, пас шумо ба он гуш фаро ниҳед ва хомуш бинишин, шояд раҳм карда шавед»Сураи Аъроф: 204.

Таҷдиди охирон (08.05.11 23:23)