Муъҷизаи Қуръони карим

Қуръон - Омузиш Қуръон

Муъҷизаи Қуръони карим

Вожа ё истилоҳи "муъҷиза" ба маънои "нотавонкунанда" аст. Ва ба муъҷизаҳои анбиё ба ин хотир муъҷиза гуфта шудааст, ки "дигарон наметавонистаанд монанди он анҷом бидиҳанд ва шикаст мехурданд. Навъи муъҷиза ё муъҷизаҳои ҳар паёмбаре ба шароити даврони вай бастагӣ ва алоқамандӣ доштааст. Масан даврони Солеҳ ъалайҳи-с-салом, мардум куҳ метарошиданд ва дар он куҳ сохтмон месохтаанд. Ба ин хотир муъҷизаи вай шикофтани куҳ ва даровардани шутури зинда аз он буда аст. Даврони Сулаймон ъалайҳи-с-салом, асри оҳангарӣ ва рехтагарӣ будааст. Ба ин хотир яке аз муъҷизаҳои Сулаймон ъалайҳи-с-салом кор бо оҳан будааст. Вай оҳанро бидуни ин ки ҳарорат бидиҳад об мекарда ва бидуни ин ки қолибрезӣ кунад, асбоб ва васоил ва қитаъоти зариф ва печида месохта аст, (яъне бо даст онҳоро шакл медодааст).

Мусо, ъалайҳи-с-салом, дар даврои сеҳру соҳирӣ зиндагӣ мекардааст. Ва муъҷизаҳои вай муносиб бо кори соҳирон будааст. Масалан чубро аждаҳо мекарда ё аз замин чашма ҷорӣ мекардааст.

Даврони Исо ъалаҳи-с-салом, асри пизишкӣ будааст. Баин хотир муъҷизаҳои вай дар кодри масоили пизикшӣ будааст. Вай нобиноро бо як ламс бино мекарда ва бемории песи модарзодиро бо як ламс шифо медода ва мурдаро зинда мекардааст. Даврони Муҳаммад (с), ки баъд аз вай низ шомил мешавад, асри илму адабиёт будааст. Ба ин хотир муъҷизаи вай дар заминаи илму адабиёт будааст. Ва аввалин вожа ё истилоҳе, ки бар Муҳаммад (с) нозил шудааст, низ вожаи "иқраъ" будааст, ки феъли амри аз қироат аст. Қироат дар асл ба маънии: "Ба тартиб чидан ва пеш рафтан" аст. Дар маънои дуввум худ аз ҷумла ба маънои: "хондан" ба кор рафтааст (ки дар хондани ҳуруф ва вожаҳои батартиб чида мешаванд). Ва қироат низ ба таври зимнӣ ва талвиҳӣ (ишорат намудан) ва тавзеҳӣ (равшан намудан) ба маънои: "омухтан, мутолиъа кардан, бо савод шудан", ва мафҳумҳое аз ин қабил ба кор рафтааст. (Чунон чи дар забони форсӣ низ чунин аст. Яъне вақте мехоҳем ба касе бигуем: босавод шав, бо фарҳанг шав, биёмуз, таҳсил кун, ва мавориде аз ин қабил мегуем бихон!).

Бинобар ин аввалин вожае, ки ба Муҳаммад (с) ваҳй шуда, низ марбут ба илм ва адабиёт будааст.

Ва "муъҷиза" бидуни Қуръон ба ин маъно аст, ки касе наметавонад китобе монанди он бинависад. Яъне улуме, ки дар Қуръон омада иртиботе ба саводи хондан ва навиштан дошта ё нобиға будан надорад, ки як ё чанд нафари босавод ё нобиға битавонанд бинишинанд ва монанди он бинависанд, балки улуми он ё телескопӣ аст ё микроскопӣ, ё барои расидан ба онҳо ниёз ба фиристодани зери дарё дар аъмоқи чанд килуметрӣ уқёнусҳо ҳаст. Ё ниёз ба доштани ҳавопаймо ва парвоз намудан аст ва ё соири дастгоҳҳои дигари имруз ва ё ниёз ба доштани анбуҳе аз иттилоъоти илми имрузӣ, ки ғолибан бо дастгоҳ ва дар озмоишгоҳҳо ба даст омадаанд, мебошад.

Албатта каме аз илмҳое, ки дар раддаи назарияпардозиҳои башар аст, низ дар Қуръон вуҷуд дорад, ки барои тасҳеҳи андешаҳои мусалмонон ва дур кардани онҳо аз назарияҳои нодурусти он рӯз будааст. Вале боз ҳам гуфта шудани онҳо аз тарафи Қуръон ва аз тарафи инсон дақиқан яке нест. Масалан касе ки гуфт, замин ба даври Хуршед (офтоб) мегардад, бар ин мабнӣ ин ҳарфро зад, ки бо телескоп дид, ки сайёраи Зуҳра бидуни хуршед мегардад, на ба даври замин. Ва ё касе, ки гуфт: хӯшкиҳои замин аз ҳам ҷудо ва дур шуда бар ин мабнӣ ин назарро дод, ки нақшаи замин ро дар даст дошта ва дид, ки қораҳо тақрибан бар ҳам мунтабиқ ҳастанд. Вале Қуръон, ки дар сураи "Зумар" гуфта замин ҳаракат мекунад ё хушкиҳои замин аз дур бурда шуда ҳеч заминае барои гуфтани он дар 1400 сол пеш вуҷуд надоштааст.