Ҳадис - Чилҳадис |
Ҳадиси ҳафтум
Аз Абу Руқайя Тамим ибни Дорӣ (р) ривоят шуда, ки Паёмбар (с) фармуданд: "Ин дин насиҳат аст. Гуфтем: Барои кӣ? Гуфт: Барои Аллоҳ ва барои китобаш ва барои расулаш ва барои пешвоёни мусалмонҳо ва оммаи онҳо" (Муслим:55).
Фоидаҳои тарбиявӣ:
1. Шакл ва матни ҳадис ба аҳамияти он далолат мекунад.
2. Дар миёни ҷомеаи исломӣ бародариро паҳн мекунад, аз ҷиҳате ки дар асоси ҳамдигарро насиҳат намудан ва фиреб надодан барпост.
3. Ҳадис инро баён намуда, ки насиҳат дар дин умумӣ аст ва ба баён намудани айбу хатоҳо маҳдуд намебошад.
4. Ин ҳадис ҳама алоқаҳое, ки инсонро иҳота мекунад, фаро гирифтааст:-
a. Бо ҳамроҳии Парвардигораш: Ин алоқаашро бо Аллоҳ таъоло ва бо Расулуллоҳ (с) дарбар мегирад.
b. Бо махлуқон: Ин алоқаашро бо раҳбаронаш ва бо оммаи мусалмонҳо дарбар мегирад.
5. Насиҳат дар мафҳуми шаръияш воҷиб аст, ки тамоми шууни ҳаётро дарбар гирад, баробар аст ибодатҳо бошанд ё одатҳо "Аз барои Худо ва барои Расулаш (с) ва барои пешвоёни мусалмонҳо ва оммаи мусалмонҳо".
6. Ин ҳадис муҷиби он мебошад, ки дар муносибат бо Парвардигораш дар асоси сидқу ростӣ бошад ва сидқ дар муносибаташ бо ҳамроҳии махлуқон бошад.
7. Мусалмонро ҳадис бар ин тарбия мекунад, ки ҳар як соҳиби ҳақро ҳаққашро бидиҳад бе ин ки ҷонибе бар ҷониби дигар таҷовуз намояд. Ҳаққи Аллоҳ аст ва ҳаққи Расулуллоҳ аст ва ҳаққи пешвоён аст ва ҳаққи бародарони мусалмонашон аст.
8. Фиребдоданро бо тамоми шаклу суратҳояшон ва бо дақиқтарин тафсилоташ рад мекунад, зеро ин аз ҷумлаи талаботҳои насиҳат аст.
9. Назоратро бабор меорад, ин аз бузургтарин амалҳои қал б ба шумор меравад, аз ҷиҳате ки шахсро дар ҳолати сирру ниҳон буданаш насиҳатгар қарор медиҳад, зеро ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолоро назоратгар ва муроқиби худ медонад. Аз ин сабаб ҳаргиз фиреб намекунад, агарчӣ аз назоратгари башарӣ раҳоӣ ёфта бошад.
10. Ҳадис дар шакле, ки омадааст авлавиётро ба тартиб зикр намудааст, дар ҷое ки ба муҳимтарин шуруъ намуда пас муҳимро зикр кардааст "аз барои Аллоҳ таъоло ва барои Расулаш (с) ва барои пешвоёни мусалмонҳо ва барои оммаи онҳо".
11. Бар он далолат мекунад, ки ҷомеаи мусалмонӣ ҷомеае аст, ки дар миёни худ ҳамдигарро насиҳат мекунанд, баробар аст ки дар муомалоташон бошад ё дар алоқаҳояшон ва тамоми шуунашон.
12. Аз бузургтарин насиҳатҳо барои мусалмонҳо амри ба маъруф аст ва наҳйи аз мункар, зеро мункарро тарк кардан фиреб додан аст, ки ин насиҳатеро ки ба он дар ҳадис амр шудааст, мухолафат мекунад.
Таҷдиди охирон (24.10.11 21:32)