Аз аҳодиси Расулуллоҳ (с)

Ҳадис - Чилҳадис

بسم الله الرحمن الرحيم

عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ ، قَالَ : جَاءَ أَعْرَابِيٌّ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، قَالَ : " يَا نَبِيَّ اللَّهِ ، مَتَى السَّاعَةُ ؟ قَالَ : وَمَاذَا أَعْدَدْتَ لَهَا ؟ قَالَ : لا وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ ، مَا أَعْدَدْتُ لَهَا مِنْ كَثِيرِ صَلاةٍ وَلا صِيَامٍ ، إِلا أَنِّي أُحِبُّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ ، قَالَ : فَأَنْتَ مَعَ مَنْ أَحْبَبْتَ "

Аз Анас ибни Молик (р) ривоят шуда, ки гуфт: Марди бодиянишине (аъробӣ) ба назди Паёмбар (с) омада гуфт: Эй Паёмбари Худо! Қиёмат кай барпо мешавад?

Гуфт: “Ва ту барои он чӣ омода кардаи?”.

Гуфт: Қасам ба Зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, на намози зиёде омода кардаам барои он (қиёмат) ва на рӯзаи зиёде, магар ин ки ман Аллоҳ ва Расулашро дуст медорам.

 

Гуфт: “Пас ту бо касе мебоши, ки дусташ доштаи”.