Ҳадиси аввал

Ҳадис - Чилҳадис

بسم الله الرحمن الرحيم

حديث أول

عن أمير المؤمنين أبي حفص عمر بن الخطاب رضي الله عنه قال: سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول: { إنما الأعمال بالنيات وإنما لكل امرئ ما نوى، فمن كانت هجرته إلى الله ورسوله فهجرته إلى الله ورسوله، ومن كانت هجرته لدنيا يصيبها أو امرأة ينكحها فهجرته إلى ما هاجر إليه } .

((Иннама-л-аъмолу би-н-нийёт ва иннамо ликулли-м-риъин мо наво. Фа ман конат ҳиҷратуҳу ила-л-лоҳи ва расулиҳи фаҳиҷратуҳу ила-л-лоҳи ва расулиҳи. Ва ман конат ҳиҷратуҳу лидунё юсибуҳо ав имраъатин янкиҳуҳо, фаҳиҷратуҳу ило мо ҳоҷара илайҳ))

Бисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Ҳадиси аввал

Аз Амирул муъминин Абу Ҳафс Умар ибни Хаттоб (р) ривоят шуда, ки гуфт: "Расулуллоҳ (с)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳамоно амалҳо ба ниятҳо вобаста мебошанд ва ҳамоно барои ҳар марде он чизе аст, ки ният намуда, пас касе ҳиҷраташ ба сӯи Аллоҳ ва Расулаш (с) бошад, пас ҳиҷрати ӯ ба сӯи Аллоҳ ва Расулаш (с) аст. Ва касе ҳиҷраташ барои дунё бошад, ба он мерасад ё зане бошад, онро никоҳ мекунад, пас ҳиҷрати ӯ ба сӯи он чизе аст, ки ба сӯяш ҳиҷрат намудааст"".

Фоидаҳои тарбиявии ҳадис:

1. Ниҳоят муҳим будани нияти нек ва фазли бузург доштани он, аз он ҷиҳат, ки мадори ҳама амалҳо бар ният аст.

2. Мардум дар қабул шудани амалашон ва адами қабули он ва дар бузургии савобу аҷр ва нуқсони он мухталиф мебошанд, бинобар мухталиф ва гуногун будани онҳо дар нияти содиқона ва дурустии он ва фасоду вайронияш ва инчунин нисбат ба камолу нуқсони ният.

3. Мадори савоб дар амалҳо дар назди Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ба нияти солеҳа алоқаманд мебошад, на ин ки муҷарради анҷом додани кор. Аз ин ҷост, ки мунофиқон ба амалҳояшон манфиат бурда наметавонанд, ин бинобар аз байн рафтани нияташон ё нуқсони дар он мебошад.

4. Манфиатҳои ният нисбат ба амалҳо:

a. Ҷудо кардани ибодат аз одат: мисли ҷудо кардани ғусли ҷинобат аз ғусли барои покӣ ё тозагӣ.

b. Ҷудо кардани баъзе ибодатҳо аз баъзеи дигараш: мисли фарқ кунондани намози зуҳр аз намози аср.

c. Фарқ кунондани мақсад аз ҳамон амал, ки оё он танҳо барои Аллоҳ аст ё не?

5. Ба воситаи нияти солеҳа корҳои мубоҳ ба корҳои мустаҳаб мегарданд, ки инсон барои он савоб дода мешавад. Мисли касе, ки дар масҷид дар ҳавои гарм барои истироҳат меистад ва касе ки барои эътикоф дар он ҷо мебошад. Ҳарду дар як маконанд, вале яке аз онҳо барои истоданаш аҷр мегирад ва дигараш кори мубоҳи бе аҷрро анҷом медиҳад. Зеро ин нафар бо ният нишастанашро ба як кори мустаҳаб табдил додааст.

6. Ин ҳадис бар он далолат мекунад, ки инсон ба ният кардан аҳамият диҳад ва диққат намояд ва онро дар ҳолатҳои лозима муолиҷа намояд, то вайрон нашавад.

7. Нияти содиқона зарур аст, ки мутобиқи суннати Расулуллоҳ (с) бошад, то дар назди Худованд мавриди қабул қарор гирад. Фузайл ибни Иёз (р) дар гуфтаи Худованд: "То шуморо имтиҳон намояд, ки кадоме аз шумо аз руи амал беҳтар мебошед", гуфт: холистараш ва дурусттараш. Ва гуфт: амал агар холис бошад ва дуруст набошад, қабул намешавад. Ва агар дуруст бошад ва холис набошад, низ қабул намешавад, то ки холис ва дуруст бошад. Гуфт: Холис вақте ки танҳо барои Аллоҳ таъоло бошад ва дуруст вақте, ки бар асоси суннат бошад, яъне бар асоси дине, ки Муҳаммад (с) овардааст.

8. Нияти содиқона ин шаҳодат додани ин аст, ки илоҳе ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад (ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ) ва суннати набавӣ, ки амал бар асоси он мебошад, ин шаҳодат додан аст, ки Муҳаммад Расули Аллоҳ аст (Муҳаммадун расулуллоҳ).

9. Ҳадис танҳо дар масъалаи ният ва аҳамияти он сухан мегуяд, мақсадаш ин нест, ки ният ба танҳоияш бе амал кардан кифоя мекарда бошад, дар ҷое ки зикре бар ин масъала инҷо наомада аст, ва лафзи ҳадис ва сабаби ворид шудани ҳадис ин гуфтаро таъйид мекунанд.

10. Аз услубҳои таълим додан: Зикри қоида сипас зикри мисоле, ки онро равшан мекунад. Дар ин ҳадис Расулуллоҳ (с) қоидаеро зикр кард, ки он: "Иннамал аъмолу би-н-нийёт" аст, сипас барои он мисоле зикр кард, ки онро равшан менамояд, ки он мисол "ҳиҷрат" аст.

11. Ибни Муборак гуфтанд: Шояд амали бузурге аст, ки онро ният хурду кучак мекунад. Ва далолати ин гуфта аз ҳадис ин аст, ки марде, ки ҳиҷрат намуда буд, дар ҳақиқат амале аз амалҳоро аз ҷиҳати амалҳо анҷом дода буд, ки он ҳиҷрат аст, лекин ин амалро хурд ва кучак кард ва аҷрашро аз даст ба сабаби фасод ва вайронии нияташ.

12. Сахттарин машғулкунандаҳои дунё ва нуқсонрасонандаҳои дин ин шаҳват аст. Аз ин ҷиҳат аст, ки Расулуллоҳ (с) онро махсус зикр карда гуфт: "Ав имраатун янкиҳуҳо" (ё аз ҷиҳати зане ки онро никоҳ мекунад), бо вуҷуди он ки он дар ин гуфта дохил аст ки: "Ва ман конат ҳиҷратуҳо лидунё юсибуҳо" (Ва касе ҳиҷраташ барои дунё бошад ба он мерасад). Дар ин зиёда зикр кардани масъалаи шаҳват, роҳнишондодан аст ва иршоде аст барои аз он барҳазар кунонидан ба сурати махсус.

13. Васвасаҳо, хотираву андешаҳо ва хоёлоте, ки ба сар меоянд ва бар ният дохил мешаванд, бар он таъсир намерасонанд, модоме ки асли ниятро тағйир надиҳанд. Нияти фосид ин ҳамон нияте аст, ки аслан ақди он ва сарчашмаву ибтидояш барои ғайри Худованд мебошад ё ки соҳибаш нийяташро тағйир додааст, баъди он ки солеҳа буд ва онро баъдан аз аслаш бартараф намуд. Бинобар ин дар шаъни нияти фосидаи ботила яъне беасос гуфт: "Ва ман конат ҳиҷратуҳу лидунё юсибуҳо" (ва касе ҳиҷрати он барои дунё бошад ба он мерасад), пас асли нияти ӯ ба мақсади дунё буд "лидунё". Касе ин аслро донист аз шубҳаҳои васвасакунанда ва хотираҳои нафс, ба изни Худованд, солим мемонад.

14. Ин ҳадис бар ин далолат кард, ки ихлоси нияти барои Аллоҳ аст ва ирода намудани бо амал танҳо Аллоҳ таъолоро, осон аст, ба изни Худованд, зеро ки Паёмбар (с) марди бодиянишинро дар бодияаш хитоб намудааст ва омию ҷоҳилро ва мардумеро махсус хитоб накард, ки ба дигаро тааллуқ надошта бошад.

Лекин масъалаи душвор софу беолоиш нигоҳ доштани ният аст аз олудагиҳо ва камолу қувват ва сидқи он мебошад. Ва ин ҷое аст, ки фазилат ва бартариҳо инҷост. Касе инро донист барои ӯ асли ният осон мегардад ва дар расонидани он ба камол саъй мекунад. На ҳамчуноне ки баъзеҳо муътақиданд, ки ниятро ба вуқуъ овардан ин кори ниҳят душвор аст ва онро ҷуз андаке аз мардумон наметавонанд. Инчунин нест.

Таҷдиди охирон (08.09.11 17:40)