Мақолаҳо - Фиқҳӣ |
Расулуллоҳ (с) фармуданд: "Вақте рамазон омад, дарҳои ҷаннат кушода ва дарҳои оташ (дузах) баста мешаванд ва шайтонҳо занҷирбанд карда мешаванд"
Оё маънои ин ҳадис чунин аст, ки касе дар моҳи рамазон аз дунё гузашт ба ҷаннат беҳисобу китоб дохил мешавад?
Алҳамду лиллоҳ вассалоту вассалому ъало Расулиллоҳ, аммо баъд...
Масъала чунин нест, ки фаҳмида шудааст ва савол ба он муносибат омадааст, балки маънои ин чунин аст, ки дарвозаҳои ҷаннат кушода мешаванд то амалкунандаҳо фаъолу бонашот бошанд, то барояшон даромадани ҷаннат муяссар гардад. Ва дарвозаҳои оташ баста мешаванд, аз он ҷиҳат аст, то аҳли имон аз нофармониҳо даст бардоранд, то дар ин дарвозаҳо, яъне дарвозаҳои оташ, ворид нашаванд. Инчунин маъно надорад, ки касе дар рамазон вафот кард бе ҳисоб ба ҷаннат ворид мешавад. Он касоне, ки беҳисоб ба ҷаннат ворид мешаванд, касонеанд, ки Расулуллоҳ (с) васфашон кардааст дар гуфтааш, ки: "...Онҳо касонеанд, ки талаби дуъо хондан намекунанд ва кай, яъне бо доғ кардан даво намудан, намекунанд ва ташоум намекунанд, яъне як чизро аломат ба кори пешомад, ки бад мешавад, намегуянд ва онҳо бар Парвардигорашон таваккул мекунанд" бо вуҷуди он ки онҳо дигар амалҳои шоистаро анҷом медиҳанд.
Таҷдиди охирон (06.08.11 11:20)