| Мақолаҳо - Тазкияи нафс |
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Алҳамду лиллоҳ, вассалоту вассалому ало Расулиллоҳ ва ало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.
Аммо баъд...
Ширинтару гуворотарин чизи дунё
Молик ибни Динор (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст:
«Бечораҳоянд аҳли дунё! Аз ин дунё рафтанд, дар ҳоле ки бузургтарин лаззат ва хуштарин чизеро, ки дар он буда начашиданд.».
Пурсиданд: “Он чист?”.
Гуфт: “Шинохтани Худои Таоло ва дӯст доштани Ӯ.”.
Яъне аҳли дунё, касоне ки дар ин дунё тамоми умр зиндагӣ карданд, дар он ҳузур доштанд, сипас ҳангоме, ки мӯҳлати будубош дар он ба охир расид рахти сафар бастанд. Дар давоми вуҷуди худ ва зиндагӣ дар ин дунё барои расидан ба беҳтарин ва болаззаттарин чизҳо ва гуворотарин ашё ҳамеша саъю талош намуданд, то онро ба даст оварданд ва беҳтарин зиндагиро – ба гумони худ – сипарӣ намоянд. Гумон карданд, беҳтарин ва лазизтарин чизе, ки дар дунё буда аз он пай бурдаанд, ва бо ин сурат аз дигарон дар ин мавзуъ як қадам пештар гузаштаанд. Вале ин бузургвор - Молик ибни Динор (раҳимаҳуллоҳ) – ин тасаввури иштибоҳи онҳоро ислоҳ намуда, фармудааст, ки: На чунон аст, ки шумо гумон кардаед. Фаҳму дарки ҳақиқӣ аз бузургтарин лаззати дунё чуноне нест, ки шумо пиндоштаед, балки дигар чизе аст, ки бо сабабҳое, шумо аз он дар ғафлат мондед.
Пурсиданд: Он ширинтарин ва лазизтарин чизи ин дунё чӣ будааст:
Гуфтанд: Балки ширинтан ва гуворотарин чизе, ки инсон метавонист онро дар ин дунё ба даст оварад ин: Шинохт ва маърифати Аллоҳ таъоло ва муҳаббати Ӯ аст.
Яъне инсонҳое, ки тамоми умри худро сарфи мол, мақом ва лаззатҳои рӯзгор карданд, мутаассифона аз ширинтарин лаззати ин дунё дар ғафлат монданд, ки он лаззат шинохти Парвардигори оламиён ва муҳаббати Ӯ таъоло будааст.
Зеро вақте дил ба ёду шинохти Аллоҳ таъоло зинда шавад, дигар ҳеч лаззате дар баробари он қобили қиёс нест.
Муҳаббати Аллоҳ таъоло бошад: Дӯст доштани Аллоҳ таъоло аст бо тамоми вуҷуд.
Маърифат бе муҳаббат хушк аст ва муҳаббату дӯстдорӣ бе маърифати гумроҳӣ меорад.
Пас ҳақиқати зиндагии инсон дар шинохтани дурусти Аллоҳ таъоло ва дӯст доштани Ӯ таъоло аз самими қалб мебошад.
Тааммулу андеша барои зиндагӣ:
Хӯшии воқеъӣ ва ҳақиқӣ на дар доштан, балки дар донистан ва шинохтан аст – шинохти Аллоҳе, ки аслан молики дилҳо Ӯст. Ҳар рӯз чанд лаҳзае бо худ хилвату танҳоӣ кун ва аз смими қалб бигу:
“Илоҳо! Маро аз аҳли маърифати худ қарор деҳ, на фақат аз аҳли дунё”.
Суоле шояд пеш ояд, ки: Пас маърифати Аллоҳ таъолоро чигуна фаҳмем?
Маърифати Аллоҳ таъоло: Он дарк намудани банда аст Парвардигорашро ба қалбаш, он дарк кардане, ки хашят (тарсе, ки омехта бо эҳтиром бошад), муҳаббат ва тоатро ба бор оварад.
Маърифат оне нест, ки танҳо ба вуҷуд доштани Аллоҳ таъоло илм дошта боши, балки он илме аст, ки бо ҳамроҳияш таъзиму бузургдошт, ва дидани осори номҳо ва сифатҳои Ӯ таъоло аст дар нафс (яъне дар худаш) ва дар ҷаҳон.
Баъзе аз орифон гуфтаанд:
“Ғояти (мақсади ниҳоии) илму дониш доштан ба Худованди мутаъол ин аст, ки бидони, ту Онро ҳамчуноне, ки ҳаст намедони, валекин ту Ӯ таъолоро бо оятҳояш, афъолаш ва номҳои зебо ва сифатҳои баркамолаш мешиноси”.
Маърифати ҳақиқӣ инсонро дигаргун месозад ва аз чизҳоеро эҷод мекунад, ки онҳо осори маърифати ҳақиқӣ шуморида мешаванд, мисли ин ки:
Маърифати ҳақиқӣ имон росиху мустаҳкам, яқину боварии содиқона ва оромиш ёфтан бо Худованд дар ҳама ҳол, ба бор меоварад.
Ӯ Аллоҳ таъолоро на дар китоб муҷарради дониш, балки дар зиндагияш мебинад, дар ҳар неъмат, дар ҳар сахтӣ ва мусибатҳо ва дар ҳар ҳаракати қалб мебинад.
Асли маърифати чист?
Маърифати Аллоҳ таъоло ин дарк кардани қалб аст ба вуҷуд доштани Аллоҳ таъоло, ва ба камоли Ӯ ва номҳои зебо ва сифатҳои олияш, дарк кардане, ки имон, хашят (тарси бо эҳтиром омехта), муҳаббат ва тоат карданро ба бор оварад.
Пас ҳар касе Аллоҳ таъолро шинох дӯсташ медорад, ва ҳар касе ӯро дӯст дошт, итоаташ мекунад ва ҳар касе ӯро итоат кард, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират саодатманду хушбахт мешавад.
Дараҷаҳои маърифат:
Олимон дар маърифати Аллоҳ таъоло се дараҷаро зикр намудаанд:
1.Маърифати иқрор: Бидони Аллоҳ он холиқ (офаридгор), розиқ (ризқдиҳанда), зинда гардонанда ва миронанда аст.
2.Маърифати имон: Қалб ба ин яқин намояд, то ҳадде ки ҳаргиз дар он шакке надошта бошад.
3.Маърифати шуҳуд: Донистане, ки вақте Аллоҳ таъолоро ибодат мекунӣ, гӯё Ӯро медида боши, агар онро намедиҳад бошӣ, Ӯ таъоло туро мебинад.
Осори маърифати Аллоҳ таъоло:
Вақте маърифат ҳолси шуд ин осорҳоро дар худ хоҳи ёфт:
- Муҳаббати Аллоҳ таъоло ва хузуъу фурӯтанӣ дар баробари Ӯ.
- Сабр намудан дар балоҳо.
- Ризо будан ба тақдироти Илоҳӣ.
- Оромиш ва итминон шудан.
- Зуҳду парҳезгорӣ дар дунё намудан.
Дар охир дуо менамоем:
Аллоҳумма аррифно бика маърифатан тамлаъу қулубано нуран, ва таҷъалуно мина‑л‑муҳиббинас‑содиқин. Аллоҳуммаҷъал ҳуббака аҳабба илайя мин нафсӣ ва аҳлӣ ваддунё ва мо фиҳо.
Эй бори Илоҳо! Моро ба худ чунон маърифате ва шиносоие бибахш, ки қалбҳоямонро пур аз нур намояд ва моёнро аз дӯстдорандагони содиқу ростин бигардони. Эй бори Илоҳо! Муҳаббататро дар дилам аз ҷонам, аз аҳламу хонаводаам ва аз тамоми дунё ва ончӣ дар он ҳаст, бештар, азизтар ва маҳбубтар гардон. Омин.
Таҷдиди охирон (14.11.26 11:20)