32 гостей на сайте
Ислам СУРГУТ
Фазилатҳо ва ҳикматҳои Ҳаҷ
| Фиқҳ - Фиқҳи ҳанафӣ |
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Фазилатҳо ва ҳикматҳои Ҳаҷ
Ҳаҷ дорои фазилатҳо, ҳикматҳо ва асроре мебошад, ки барои ҳар фарди мусалмон, махсусан барои касе ки ҳаҷ барояш фарз гаштааст, лозим ва зарур аст, то онҳоро бидонад.
Донистани фазоил ва ҳакмату асрори ҳаҷ барои анҷоми ин фариза ба шакли комил ва холис ёрӣ хоҳад расонид.
Чун ин аз аркони Ислом ва бузургтарин фарзҳо мебошад, бинобар ин аҳамияти он ҳам ниҳоят бузург аст.
Инҷо ба шакли мухтасар баъзе аз ин мавзӯъҳоро пешкаши бародарон ва хоҳарон мегардонем.
Таҷдиди охирон (02.06.24 18:40)
Оё тавофи нофила ҷоиз аст?
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
ФИҚҲИ АВЛАВИЁТ
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Касе ин фикҳро доно бошад, бандагии беҳтаринеро анҷом медиҳад, ва Аллоҳ таъоло барои ӯ хайр хостааст, ин шоаллоҳ, ҳамчуноне ки дар ҳадис омадааст: "Касеро, ки Аллоҳ таъоло барои ӯ хайр хоста бошад, дар дин фақиҳ (доно, донишманд, бо фаҳм)-аш мегардонад" . Таҷдиди охирон (20.05.24 09:11) Сайре дар Арафот
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Алҳаҷҷу арафа. Ҳаҷ ин арафа аст. Чанд лаҳзае атрофи зиёрату асрори Арафот ва рӯзи арафа сӯҳбате доир гардид. Ин дар сол танҳо як рӯз аст, ва шояд ҳам дар умр як бор бошад. Раҳмати илоҳӣ ҳоҷии мухлисро чунон фаро мегирад, Аллоҳ таъоло ӯро аз гуноҳон чунон пок мекунад ки гуё аз модар ҳоло ба дунё омада бошад. Шояд дигар дар ҳаёт такрор нашавад. Аз ин лиҳоз ниҳоят муҳим аст омӯзиши он бо ароре ки дорад.
Таҷдиди охирон (18.05.24 13:13) |





Чунин маъала матраҳ шудааст, ки оё ба ғайр аз тавофи ҳаҷ ва умра дигар тавоф кардан ҷоиз аст? Агар бошад, чӣ аҷру савобе дорад?
Дар дин масоиле аст, ки ба анҷом додани онҳо амр шудааст ва масоиле аст, ки аз анҷом додани онҳо манъ ворид шудааст, ё аз онҳо наҳй карда шудааст. Ҳар масъале, ки амр карда шудааст ба манфиати банда мебошад ва инчунин ҳар чизе ки аз он манъ карда шудааст, ва наҳй шудааст ба манфиати худа банда бармегардад. Вале ҳолате мешавад, ки инсон дар баробари ду коре қарор мегирад, ки ҳарду амр шудаанд, вале танҳо яке аз онҳоро метавонад анҷом диҳад, ё дар баробари як масъале аст, ки ба анҷом додани он амр шудааст ва дар айни замон аз чизе наҳй карда шудааст ва ин танҳо яке аз инҳоро метавонад ихтиёр намояд, ё чизи амршударо анҷом диҳад ва ё аз чизи манъшуда даст бикашад. Дар кардан, ки дар ин ҳолатҳо чигуна бояд амал намуд, ин фиқҳи авлавиёт аст, яъне донистан, ки кадоми онҳо лоиқтар ва сазовортар аст, ки мадди аввал қарор дода шавад ва кадомаш дар мақоми дуюм қарор гирад?
Арафот ин ҳаҷ аст. Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:



